Кандани ҳайкали Ленин ва тавқифи фаъолияти Ҳизби коммунист (ҲК) дар ҷомиаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталиферо ба бор овард ва боиси таҷзияи бештари мардум ва қарор гирифтани онҳо дар сангарҳои муқобил шуд. Шоми 22 сентябр дар толори донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти як гурӯҳи бузурги вакилони Шӯрои Олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон доир ва дар ин мулоқот масъалаи даъвати иҷлоси изтирории парлумон матраҳ шуд. Ва ҳамон шом телевизиони давлатии Тоҷикистон навори чигуна шикаста шудани ҳайкал ва рақс кардани чанд тазоҳургар болои онро бо муқаддима ва шарҳи пур аз эҳсосоти раиси кумитаи давлатии родиёву телевизион Атахон Сайфуллоев ба маърази намоиш гузошт, ки ба ақидаи Бобоҷон Икромов, он замон муовини оқои Сайфуллоев, як гоми иштибоҳӣ буд ва ба оташи ихтилофҳои мавҷуда равғани бештар рехт: "Ман он рӯз дар Исфара будам ва раис Атахон Сайфуллоев буд. Он манзараҳое, ки дидед, аз нигоҳи касбӣ гумон мекунам, ки ҳамкасбони мо дар он давра ба андак иштибоҳ роҳ доданд. Ба он шаклу ба он мазмун ва ба он мундариҷае, ки гузориш пахш карданд, набояд аз тариқи телевизион чунин пахш мешуд. Ҳар чӣ буд, таърих буд ва гузашт, лекин як навъ норозигии мардумро ба миён овард, ба муқобилияти дохилӣ дар ҷумҳурӣ ин воқеъа бисёр таккони бузург бахшид."
Субҳи 23 сентябр ҳамзамон бо шурӯъи иҷлосияи изтирории Шӯрои Олӣ дар майдони Озодии шаҳри Душанбе гирдиҳамоии тарафдорони ҲК доир шуд. Ин тазоҳурот билофосила аз сӯи парлумон иҷозати расмӣ пайдо кард ва ҷараёнаш мустақиман тавассути родиёи давлатӣ ба саросари ҷумҳурӣ пахш мешуд. Тазоҳургарон алайҳи манъи фаъолияти ҲК ва кандани ҳайкали Ленин эътироз мекарданд, бар пояи муҷассамаи нимшикаста гул мегузоштанд ва талаб доштанд, ки афроди гунаҳкор ба масъулият кашида шаванд.
Иҷлоси изтирории Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр дар пасманзари чунин таҳаввулот ба кор шурӯъ кард.
Шарофат Усмонова, котиби идеологии ҲК дар соли 1991 ва аз ташаббускорони даъвати ин иҷлосия мегӯяд: "Депутатҳо аз соати дуву сеи шаб омадан гирифтанд. Касеро мо хабар кардем, баъзеҳо худашон ин хабарро аз телевизион дида, хеста омаданд. Дар ниҳоят, то соати 11 рӯз наздики 60-70 фоизи депататҳо ҷамъ шуданд. Ва мо назди Аслонов даромада, даъвати сессияи ғайринавбатиро пешниҳод кардем. Сессия худи ҳамон рӯз даъват карда шуд ва ҳама талаб карданд, ки Аслонов аз раҳбарӣ дур карда шавад."
Шӯру шарре, ки майдони Озодӣ он рӯз дошт, ба рӯҳияи парлумон низ сироят карда буд ва дар иҷлосия таҳти фишори тазоҳургарон ин бор ҳам мавзӯъи асосӣ истеъфои раҳбарият буд. Додситони кулли Тоҷикистон Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев эълон кард, алайҳи дастандаркорони гирдиҳамоиҳои 2 рӯзи пеш ва онҳое, ки дар шикастани муҷассамаи Ленин ва манъи фаъолияти ҲК даст доштанд, парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. Иҷлосия қарори Қадриддин Аслонов дар бораи тавқифи фаъолияти ҲК ва мусодираи молу мулкашро лағв ва зимнан фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ)-ро дар кишвар дубора мамнӯъ эълон кард. Дар Тоҷикистон вазъи фавқулодда ҷорӣ шуд ва масъалаи истеъфои Аслонов аз раёсати Шӯрои Олӣ ба миён омад. Ҷӯрабек Муродов, овозхони маъруф ва узви Шӯрои Олӣ дар соли 1991 мегӯяд: "Ҳамон фармоне, ки хонданд, мо ба он розигӣ надода будем. Ман дар он сессия баромад карда гуфтам, ки ин чиз санъат аст, архитектура аст, ба ин пули халқ сарф шудааст. Он, ин чӣ гуноҳ дорад, расм чӣ дахл дорад? Ман ҳамин гуна баромад кардам."
Тоҳири Абдуҷаббор, узви дигари Шӯрои Олии вақт мегӯяд, дар ниҳоят Аслонов ҳам ба фишорҳои фазояндаи аҳли маҷлис дигар тоб наовард ва худ дархости истеъфо кард: "Митинге, ки коммунистҳо дар он ҷо ба роҳ андохтанд ва бисёр ҳарфҳои пасту баланде, ки дар он ҷо гуфтанд, ин ба рӯҳияи иҷлосияи Шӯрои Олӣ таъсири зиёд дошт. Албатта, онҳо маслиҳати пешакӣ доштанд ва хестанду ба ин корҳо Қадриддин Аслоновро гунаҳкор карданд. Сахт аз ҳар тараф ҳуҷум карданд ва Аслонов ҳам гуфт, ки ман пойбанди ин курсиву ин вазифа нестам, манро интихоб карданд ва ман ба қадри тавонам ин корро пеш мебарам, аммо агар касе мехоҳад, метавонад ин ҷойро бигирад. Ва воқеъан ин ҳарф, ки "ин кулоҳи Мономах ба ин сар вазнинӣ мекунад", дар он ҷо гуфта шуда буд."
Истеъфои Қадриддин Аслонов бо 160 раъйи мувофиқ аз ҷамъи 225 раъй қабул шуд ва билофосила ҳамон рӯз Раҳмон Набиев бо касби 182 раъйи мувофиқ раиси нави Шӯрои Олӣ интихоб гардида ва ба ҳамин тартиб ба симати кафили раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишаст. Ва он ҳам дар ду моҳи пеш аз интихоботи саросарии раёсати ҷумҳурӣ. Давлати Худоназар, узви Шӯрои Олии СССР ва яке аз номзадҳои умда ба интихоботи алакай эълоншудаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, мӯътақид аст, кандани ҳайкали Ленин баҳонае барои ҳамвор кардани роҳи Раҳмон Набиев ба сӯи касби қудрат шуд: "Вақте ки ҳайкали Ленин канда шуд, ман дар Тоҷикистон набудам. Лекин вақте ки омадам ва дар он сессия иштирок кардам, дидам, ки ғалоғӯлаи хеле зиёд ва яке дигареро гӯш намекунад. Охир, ин маҷлиси кӯчагӣ набуд, маҷлиси Шӯрои Олӣ буд. Ва ман дар он ҷо баромад кардам ва ҳақиқатан ҳамин хел гуфтам, ки ин роҳ оқибаташ ҷанги дохилист. Фикр мекунам, ки ин як сенарияе дошт, ки таҳкурсиро тайёр кунанд, то Набиевро ба сари ҳокимият биоранд. "
Аслиддини Соҳибназар, ки баъдан бо тими Давлат Худоназаров ба интихобот рафт, низ дар он иҷлосия Набиевро аз касби пеш аз вақти қудрат ҳушдор дод. Аммо Ҷӯрабек Муродов, аз нафарони наздики Набиев: "Ӯро худи депутатҳо раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Ӯ худаш нахоста буд. Вайро интихоб карданд, ки ин курсӣ холӣ намонад. Вақти ҷанҷолҳо буд-ку, худатон медонед."
Шарофат Усмонова аммо мегӯяд, дар амри интихоби Раҳмон Набиев собиқаи раҳбарии ӯ дар солҳои шӯравӣ ва обрӯи дар он солҳо касбкардааш нақши умда доштааст: "Вақте ки Набиев дар замони шӯравӣ кор мекарданд, як обрӯи хуб пайдо карда буданд. Ҳамон вақт! Хусусан дар байни раҳбарони колхозу совхозҳо. Лекин вақте ки аз кор рафтанд, дар давоми 7-8 сол аз сиёсат умуман дур шуданд. Он навигариҳо дар сиёсат, ки дар солҳои охир пайдо шуда буд, барои ӯ як чизи тамоман нав буд. Ба фикрам, ҳатто то охир, ҳатто то рӯзи интихоботашон он кас дуруст нафаҳмиданд, ки чӣ хел шуду ин кас роҳбар шуданд. Ин бадбахтии ҷумҳурии мо буд, ки як раҳбари дилсӯз, раҳбари чашмрас, як раҳбари тайёр набуд ҳамон вақт. Яъне аз он чизе ки буд, интихоб мекарданд. Фикри ҳама ин буд, ки Раҳмон набиев ҳамон раҳбари пештара аст."
Шарофат Усмонова зимнан пирӯзии Набиевро натиҷаи гузашт ба элитаҳои нави сиёсӣ ба раҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев а Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев ҳам медонад, ки он замон дар суфуфи ҲК нуфузи бештар пайдо карда буданд: "Ҳамон вақт дар сиёсат як каме худро инҳо нишон дода буданд. Сафаралӣ Кенҷаев аз як тараф ва аз тарафи дигар додситони кулл Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев. Ва рақобат пайдо нашавад гуфта, ҳама фикр мекард, ки бояд як одами бетараф биояд, ки ӯро ҳам тарафдорони Кенҷаев ва ҳам тарафдорони Ҳувайдуллоев дастгирӣ кунанд. Дар чунин вазъият фақат номи ҳамин Раҳмон Набиев ба забон омад. Ва ҳама маҷбур шуданд, хайр, касе аз сидқи дил, касе аз тарси рақобати байни сиёсатмадорони ҷавон, ва ҳамин корро карданд. Лекин ин як хатои бузурги сиёсӣ буд. Ин фикри шахсии ман аст."
Аммо Имомназари Холназар, сардабири собиқи Адолат, нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) тазоҳуроти ташкилдодаи ҲК дар таърихи 22 сентябр ва ширкати фаъоли ин ҳизб дар табаддулоти парлумонии ҳамон рӯзро охирин дурахши барҷастаи коммунистҳо дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон медонад: "Ҳамон митинге, ки Ваҳҳоб Воҳидов барандааш буд, эйфорияи ҲК ҳамон буд. Баъди он ҲК ягон иқдоми ҷиддӣ аз худ нишон дода натавонист. Тоҷикистон дигар ба дасти қувваҳои дигар гузашт: ба дасти тарафдорони Набиев, ба дасти Кенҷаеву Дӯстову дигар афроде, ки дар байн меистоданд: на коммунист буданду на демократ. Инҳо гурӯҳе буданд бисёр пурқувват, гурӯҳе, ки аз ҲК даст кашида буданду аммо намехостанд демократ шаванд. Ҳамааш барои қудрат буд, мубориза барои қудрат буд. Ҳамин хел шуд, ки ҲК дигар ба касе даркор нашуд. Ба майдон қувваҳои тамоман дигар даромаданд."
Ба ҳар сурат, дар пайи иҷро шудани талабҳои тазоҳургарон соати 12 зӯҳри 23 сентябр майдони Озодӣ алакай аз гирдиҳамомадагон холӣ шуд, вале ҳамагӣ барои чанд лаҳза. Акнун нирӯҳои мухолифин, ки алакай дар атрофи бинои шаҳрдории Душанбе, ҳамагӣ 100 метр дуртар аз майдони Озодӣ хайма зада ва ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбони марказии Рӯдакиро манъ карда буданд, ба майдон рехтанд. Давлати Усмон, муовини раиси ҲНИТ дар соли 1991: "Вақте ки иҷлосия шурӯъ шуд, аввалин коре ки кардем, мардумро дубора ба майдон даъват кардем. Азбаски дар майдони назди Шӯрои Олӣ тарафдорони ҲК бо шумули як - якуним ҳазор нафар митинг ташкил карда буданд, мо натавонистем дар худи майдон ҷамъ шавем. Бино бар ин, дар назди бинои шаҳрдории Душанбе ҷамъ шуда ва мисле ки дар Маскав буд, мо он ҷоро Қасри Сафед эълон кардем. Ва вақте ки тарафдорони мо зиёд шуданд ва майдони марказӣ холӣ шуд, баъд мо омада майдонро ишғол кардем ва сипас рӯёрӯӣ байни парлумон ва майдон шурӯъ шуд."
Аҳли тазоҳурот иҷлосияи гузаштаи Шӯрои Олиро ғайриқонунӣ ва талоши кудатои нави монанд ба ГКЧП хонда, лағви ҳама қарорҳои онро талаб мекарданд. Аз ҷумла қарори барканории Қадриддин Аслонов, интихоби Раҳмон Набиев, манъи фаъолияти ҲНИ ва ҷорӣ шудани вазъи фавқулодда дар остонаи интихоботро. Ҳамзамон истеъфои Сафаралӣ Кенҷаев, Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев ва Атахон Сайфуллоев тақозо мешуд. Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони миллии Растохез аз талабҳои дигари ин гирдиҳамоӣ мегӯяд: "Як талаби мардум ин буд, ки чун ҳукумат ва ҲК дар интихобот ба тақаллубкорӣ роҳ медиҳанд ва Раҳмон Набиев ҳам, ки алакай раиси парлумон интихоб шуда буд, ин вазифаро муваққатан то поёни интихобот бигузорад. То ин ки ин интихобот то андозае ҳаққонӣ бошад, яъне ҳукуматдорон интихоботро таҳрифу тақаллубкорӣ накунанд. Вале ҳукумат ба ин, албатта, розӣ набуд."
Ҳамин тавр, дар Душанбе давраи нави мухолифатҳои сиёсӣ шурӯъ шуд. Гирдиҳамоии майдони Озодӣ ин навбат шабонарӯзӣ шуда буд ва дар маҷмӯъ 15 рӯз -- то 7 октябр идома ёфт. Иттиҳоди Шӯравӣ он замон нафасҳои охиринашро мекашид, вале ҳанӯз побарҷо буд. Ба хотири рафъи бӯҳрони сиёсии пешомада дар Тоҷикистон раисиҷумҳури вақти шӯравӣ Михаил Горбачёв як ҳайъатро ба раҳбарии мири шаҳри Санкт - Петербург Анатолий Собчак ва академик Евгений Велихов ба Душанбе мефиристад ва бо миёнҷигии ин ҳайъат музокироти байни майдон ва давлати Набиев шурӯъ мешавад. Давлати Худоназар, узви Шӯрои Олии СССР дар соли 1991 мегӯяд: "Ман миёнарав будам, лекин баъдан Набиев маро айбдор кард, ки гӯё ман фишор оварда бошам, ки ӯ дар ҷараёни интихобот рухсатӣ бигирад ё ин ки дар ин муддат дар сари вазифа набошад, то бо номзадҳои дигар ҳаққу ҳуқуқи баробар дошта бошад ё ин ки номзадиашро бигирад. Инро ҳам нафарони дигар ба ӯ пешниҳод карда буданд ва ман гуфтам, ки фикрашон дуруст аст. Рӯзи дигар ман шунидам, ки Набиев маро айбдор кардааст, ки ман ӯро фишор андохтаам. Ва ман маҷбур шуда, ба Маскав телефон кардам ва аз идораи раисиҷумҳур Михаил Горбачёв хоҳиш кардам, ки бигзор одамони бетараф биоянд."
Давлати Усмон, муовини раиси ҲНИТ дар соли 1991 мегӯяд, музокироти байни намояндагони майдон ва давлат тезутунд ва бо таҳдидҳои дутарафаву бо фишор мегузашт: "Раёсати ҳайъати ҳукуматро Сафаралӣ Кенҷаев бар дӯш дошт. Аз тарафи мухолифин Давлат Худоназаров, Тоҳири Абдуҷаббор, Шодмон Юсуф, Муҳаммадшарифи Ҳиматзода ва банда шомили ҳайъати музокиротӣ будем. Ва талаби аслии мо ин буд, ки 17 талаби моҳи август пеш гузоштаи мо, ки парлумон 14-тоашро иҷро карда буд, дубора аз сӯи парлумон қабул шаванд. Дигар талаботи аслӣ ба таври озоду демократӣ баргузор кардани интихоботҳои ҷадиди парлумон ва раёсати ҷумҳурӣ буд."
Музокирот бидуни кадом натиҷаи дилхоҳ идома дошт ва ҳамин тавр, суфуфи майдоннишинон низ меафзуд ва ҳавои Душанбе бӯи ташаннуҷи ҳарчӣ бештар мекард. 129 нафар, аз ҷумла шахсиятҳои шинохтае назари шоираи маъруф Гулрухсор ва чанд раҳбари умдаи рӯҳонӣ дар майдони Озодӣ даст ба гуруснанишинӣ заданд. 6 узви Созмони ҷавонони озод, яке дигар аз ташаккулҳои сиёсии мухолифин ба раҳбарии Мирзохони Раҳмон барои 2 рӯз дар пойи зинаҳои даромадгоҳи парлумон худро ҳатто занҷирбанд карданд.
Як омиле, ки ба раванди музокирот халал ворид мекард, заъиф шудани қудрати ҳукумати марказӣ дар Маскав буд ва ба ин далел ҷонибдорони Раҳмон Набиев ба ҳарфи фиристодаҳои Марказӣ чандон гӯш ҳам намедоданд.
Тоҳири Абдуҷаббор, яке аз ширкаткунандагони музокироти байни майдон ва давлат: "Билохира, Собчак ва Велихов тавонистанд онҳоро розӣ кунанд, ки муддати зиёде намондааст то интихобот, ҳамагӣ чанд ҳафта Набиев дар утоқаш кор накунад ва машғули маъракаҳои пешазинтихоботиаш шавад, то ки мардум ҳам аз кораш розӣ бошанд. Ва дар ниҳоят розӣ шуданд ва тасмиме чунин гирифта шуд. Ҳарчанд, ман фикр мекунам, ки он таъсири чандоне надошт."
Рӯзи 5 октябр билохира иҷлосияи изтирории Шӯрои Олии Тоҷикистон даъват шуд. Парлумон ин бор бо талаби тазоҳургарон вазъи фавқулоддаро дар Душанбе бекор кард, ҲНИ-ро дубора иҷозаи фаъолият дод, аммо фаъолияти ҲК-ро то поёни таҳқиқи парвандаи табаддулоти рӯзи 19 август аз сӯи Додситонии кулли СССР манъ ва Раҳмон Набиевро то поёни интихобот аз симати кафили раёсати ҷумҳурӣ сабукдӯш кард.
Ва аз Давлати Худоназар мепурсам, маъмурияти Анатолий Собчак ва Евгений Велихов оё ба сурати комил иҷро шуд? Ӯ мегӯяд: "Фикр мекунам, ки нимкора монд. Нимкоар монд ва ғайр аз ин, онҳо ба вазъи Тоҷикистон хуб сарфаҳм нарафтанд. Агар онҳо худ як фикру назар доштанд, онҳое, ки дар гирду атрофи онҳо буданд, рафтанд ва Маскавро тарсонданд, ки ана, дар Тоҷикистон исломиҳо ба сари қудрат мерасанд ва бо чунин ҳарфҳои фикри Маскавро тағйир доданд."
Давлати Усмон натоиҷи тазоҳуроти 15-рӯза дар майдони он Озодиро дар маҷмӯъ мусбат мехонад, вале мегӯяд, онҳо ба як иштибоҳи усулӣ роҳ доданд, ки баъдан давлати Раҳмон Набиев ҳам такрораш кард: "Чизе ки имзо шуд, албатта, чизи хуб буд. Вале мо як иштибоҳ кардем, ки бояд аввал интихоботи парлумониро талаб мекардем ва баъд интихоботи президентиро. Баъди гузаштани интихобот ва пурра ба дасти гурӯҳи Набиев гузаштани қудрат, онҳо аз баргузории интихоботи парлумонӣ, ки бояд то моҳи декабр мешуд, сарфи назар карданд. Ин як иштибоҳи бузурги онҳо буд. Раҳмон Набиев агар ҷасорат мекард ва парлумонро пароканда мекард ва як интихоботи ҷадид сурат мегирифту намояндагони ҳамаи гурӯҳҳо дар парлумон меомаданд, шояд аз ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҳамаи ин мусибате, ки ба сари Тоҷикистон омад, ҷилавгирӣ мешуд."
Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1991 дар ҳамин гуна як шароит ба истиқболи нахустин интихоботи саросарии раёсати ин ҷумҳурӣ мерафт. Ин маърака рӯзи 24 ноябри соли 1991 доир шуд ва дар он Раҳмон Набиев бо касби 58 дарсади оро ғолиб омад. Рақиби аслии вай Давлат Худоназаров дар ноябри соли 1991 30 дарсади орои мардумро ба даст овард. Бар пояи ҳамин дастовард нирӯҳои мухолифин ҳам дар рӯйдодҳои баҳори соли 1992 ва ҳам дар ҷараёни музокироти сулҳи солҳои баъдӣ даъвои 30 дарсади ҳукумат мекард.
Аммо тавре яке аз ҳамсӯҳбатонам мегуфт, бӯи ҷанг дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳамон тирамоҳи пуршӯри соли 1991 ба машом мерасид, ки талотуми ҳодисот тавонист фақат то камтар аз як соли дигар, яъне то баҳори соли 1992 ақибаш андозад.