Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писархонд"-и Мадонна Малавиро тарк кард


Дейвид Бандаи яксола дар як ҳавопаймои хусусӣ ва таҳти ҳимояи яке аз муҳофизони шахсии Мадонна Малавиро тарк кард. Чунин имконият баъди он дода шуд, ки як додгоҳи маҳалӣ ба дархости ба тарбияи хонум Мадонна гузаштани тифл посухи мусбат дод. Аммо ин тасмим норизоияти шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башарро дар дохили Малавӣ барангехт. Як сабаби норизоияти онҳо дар шаҳрванди кишвари хориҷӣ будани модархонд бошад, сабаби дигар дар он аст, ки ин гурӯҳҳо мегӯянд, додгоҳ дар таҳияи санади фарзандхонии ҳунарманди саршинос ба гузаштҳо роҳ додааст. Дар ҳоле, ки бино ба хурдсол будани Дейвид ҳанӯз намешавад назари ӯро ба чунин тағйир хӯрдани чархи зиндагии вай суол кард, аммо тавре маълум мешавад, падари вай - оқои Ёҳан Банда аз оғоз тарафдори бо чунин роҳ ҳал шудани масъала будааст. Ӯ мегӯяд, хеле хушбахт аст, ки писараш соҳиби модар мешавад ва умедвор аст, дар Амрико Дейвид зиндагии шоистае хоҳад дошт. Модари Дейвид баъди як моҳи таваллуд шудани писараш аз олам чашм мепӯшад ва писари ширхораи вай ба тарбияи як парастишгоҳи наздик ба марзи Замбия мегузарад. Дар ин парваришгоҳ садҳо тифли дигари нодору ниёзманди африқоӣ ба сар мебаранд. Дар сурати ба фоидаи хонум Мадонан ҳал шудани қазия, вай модари се фарзанд хоҳад шуд. Ҳоло ӯ соҳиби як писари панҷсолаву як духтари нӯҳсола мебошад
XS
SM
MD
LG