Устод Шакурӣ дар тӯли умри пурбаракоти хеш аз худ беш 45 асари илмӣ, пажӯҳишӣ, омӯзгорӣ, адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, дарсӣ, услубшиносӣ, матншиносӣ ва фарҳангшиносӣ ба мерос гузоштааст, ки миёни ин ҳама фарҳанги дуҷилдаи «Забони тоҷикӣ» дар ҳамкорӣ бо забоншиносони тоҷик, «Таърихи адабиёти советии тоҷик», «Сарнавишти форси тоҷикии Фароруд», «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ», «Нигоҳе ба адабиёти садаи 20» ҳамчун нигине дар маъхази пурғановати адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ шудаанд.
Академисийун Мӯсо Диноршоев мегӯяд, хидмати дигари устод Шакурӣ ин аст, ки аз худ мактаби комили адабиётшиносӣ мураттаб аз 9 доктор ва даҳҳо номзади илми филолоҷӣ боқӣ гузоштааст.
Масрури Абдуллоҳ, адабиётшинос ва яке дигар аз шогирдони ҳамин мактаб афзуд, Муҳаммадҷон Шакурӣ дар саргаҳи худшиносии миллӣ меистанд:
«Устод Шакурӣ бештар аз як забоншинос, адабиётшинос ва муҳаққиқанд. Устод дар саргаҳи худшиносии навини миллат дар авохири асри 20 ва дар авоили садаи 21 меистанд».
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, дар собиқ муовини сарвазири кишвар афзуд, устод Шакурӣ дар мубоҳисоти ахирӣ миёни ҷонибдони фарҳанги миллӣ ва исломӣ ҳамчун пулест, ки ин ду фарҳангро решапайванд донистааст:
«Зеро Устод на танҳо донандаи фарҳанги бузурги миллӣ, балки дорандаи ҳамин фарҳанги бузург аст»
Ва бо ин ҳама ба иттилоъи Дилором Икромӣ, ҳамсари устод Шакурӣ мутавассиф то ҳанӯз беш аз 18 соат дар як шабонарӯз кор мекунад:
«Устод ҳас субҳи зуд, соати 3 шаб бархоста, ба кору эҷод банд мешаванд. Шукри худо, саломаташон хеле хуб аст»
Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, то ҳанӯз масъулияти муҳимеро пайгирӣ дорад ва пайваста иҷод мекунад :
«Дигар, агар умр боқӣ бошад, мехоҳам, дар бораи забони давлатӣ, иҷрои Қонуни забон дар кишвар ва муҳимтар аз ҳама дар бораи талошу мубориза зидди забон ва таҳоҷуми фарҳангӣ сари фарҳанги миллӣ, ки пайваста меафзояд, аз пажӯҳише кор гирам ва андешаҳои худро баён дорам»
Узви Созмони байнулмилалии кумиссиюни таснифи тамаддун дар Осиёи Марказӣ, узви Шӯрои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, академисийуни Фарҳангистони Ирон ва Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ ва нишони «Дӯстии халқҳо» ва намояндаи охирон хонаводаи Қозии Бухорои Шариф, Садри Зиё дар Тоҷикистон, пайвандгари наслҳо ва пуле миёни тамаддунҳо - ин накҳате аз чаманзори гулистони умри бобаракоти Муҳаммадҷон Шакурӣ будаанд, ки рӯзи душанбеи 30 октябр мухлисин ва ҳаводорони килки пурэъҷози устод аз онҳо ёд карданд.