Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гомҳои кунди Интернет дар Тоҷикистон


радиои «Озодӣ Бар тибқи таҳқиқоти ахири созмони «Интернейшнал Коммуникейшн Юнион» Тоҷикистон дар феҳраси 198 кишвари ҷаҳон дар мавриди истифода ва дастрасӣ ба Интернет дар мақоми ниҳоӣ қарор дорад. Ин созмон мушаххас кардааст, ки феълан дар дунё 882 миллион нафар ба Интернет дастрасӣ дорад, ки 18,3 дарсади он дар Амрико, 10,6 дарсад дар Чин ва 8,6 дарсад дар Ҳиндустон мебошад.

Ин созмон навиштааст, ки дар Тоҷикистон танҳо 0,07 дарсади сокинон ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи сентяри соли 1999 ҷиҳати густариши дастрасии мардум ба шабакаи ҷаҳонии интернет таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд ва ба дунболи ин ширкатҳои пешниҳодкунандаи Интернет дар кишвар афзоиш ёфт.



Яъне ин раванд ба дунболи он шурӯъ шуд, ки дар моҳи сентябри ҳамон сол фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба дастрасии саросарии мардуми кишвар ба ин манобеи иттилоъ нашр шуд. Амалан агар ба вазъи умуми ҷомеаи кишвар дар ин маврид назар кунем, арқоми пешниҳод кардаи «Интернейшнал коммуникейшн» воқеият аст. Зеро дар кишвар ба ҷуз аз нуқтаҳои хизматрасонии интернетӣ, ки теъдоди онҳо дар ин авохир бо суръат меафзояд, корхонаву муассисот нав акнун ба шабакаи ҷаҳонии интернет мепайвандад.



Вале дар аксар маврид корхонаву муассисоте, ки ба дастрасии иттилоъ аз интернет ниёзи бештар дорад, кӯшиши дастрасӣ ба ин манбаъи иттилои ҷаҳониро мекунанд. Дар ин радиф мешавад аз расонаҳои хабарии кишвар ном бурд. Зафар Саидов, раиси Оҷонсии миллии иттилоотии «Ховар» мегӯяд, аксари кормандони оҷонсии мо ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ дорад ва ҳамзамон сомонаи интернетии оҷонсӣ дар соли 2002 таъсис шуда шурӯъ аз моҳи апрели соли гузашта ба забони русӣ ва моҳи августи ҳамон сол бо забони англисӣ фаъолият дорад.


Дар ҳамин ҳол Парвиз Турсунзода, сухангӯи ширкати мухобиротии «Вавилон», яке аз ширкатҳои аслии пешниҳодкунандаи алоқаи интернетӣ дар Тоҷикистон афзоиши талаботи сокинони кишвар ба шабакаи ҷаҳонии интренетро таъийд кард ва гуфт, барои мусоидат ба дастрасии бештари мардум ба ин манобеи иттилоъ аз сӯи ин ширкат тасмимҳои дигаре гирифта шуд.



Ин дар ҳолест, ки марокизи дастраси ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ё интерент- кафеҳо яке аз васоити аслии бароварда сохтани мушкили дастрасии мардум ба ин манбаъи иттилоъ дар кишвар унвон мешавад. Аксари мардум, ки дар манзилҳо ва ҷои кор ба интернет дастрасӣ надоранд, ҳалли ин мушкили худро аз марказҳои дастрасӣ ба Интернет ҷустуҷӯ мекунанд. Мунаварри Мунаварзод, хабарнигори тоҷик мегӯяд, вобаста ба соатҳои шабонарӯз нархи хизматрасонии ин марокиз мутафовут аст ва аксар маврид дар он соатҳое аз интерент истифода мебарад, ки қиммати хидматрасонӣ хеле поин аст.



Ва ба ҳар сурат коршиносон омилҳоеро ном мебаранд, ки сабаби аслии бо суръати бештар рушд накардани дастрасии сокинони кишвар ба шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад. Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҳизби демократи Муҳаммадрӯзи Искандаров, яке аз ду ҷиноҳи ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, аслан мушкили дастрасӣ надоштан ба ин манбаи иттилоъ марбут ба масоили умдаи иҷтимоии ҷомеаи кишвар мебошад.


Дар Тоҷикистон қисмати аъзами истифодабарандагони интеренет сокинони шаҳрҳо ва марказҳои навоҳӣ дар манотиқ мебошад. Манотиқи дурдаст ва деҳоти минтақаҳо бо иллати надоштани мухобироти қавӣ ҳудудан аз пайвастан ба шабакаи интернет низ маҳруманд. Ин дар ҳолест, ки феълан дар кишвар ҳудуди 20 ширкати мухобиротӣ фаъол аст, ки аксари онҳо ба сокинон хидмати дастрасӣ ба интернетро низ пешниҳод мекунанд.
XS
SM
MD
LG