Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро сарояндаи "Гиря макун азизакам" ҳамсарашро кушт?


Ибодати Неъматзода Гиря макун азизакам, тақдири мову ту ҳамин. Бӯсаи охирини мо бо суханони вопасин, Чашмони пурхумори ту, нигоҳи пурҷилои ту. Ҳам гиряҳои зори ту, бар ман чу захми охарин,

Ҳунарманди ҷавони гурӯҳи «Эҳсон» дар Хуҷанд Ғолиб Юсуфов, бо ин садои пурсӯзу гудоз се сол қабл аз ишқи нокоми худ месароид ва байни мухлисонаш маҳз бо ин сурудаш шӯҳратманд гашт. Аммо чанд рӯзест, ки ӯ наметавонад дар саҳна баромад намояд ва бо сурудҳои тозаэҷоди худ ҳазорон дили ошиқони нокомро таскин бахшад.

Ғолиб Юсуфов, овозхони гурӯҳи «Эҳсон» ахиран ҳамсари худро бо корд зада кушт ва ихтиёран рафта худро ба дасти ҳомиёни қонун супурд. Идораи умури дохилаи Суғд мегӯяд, овозхон ба ҳамсараш дар манзили зисти вай дар шаҳри Чкалов ҳашт маротиба корд задаааст. Ин фоҷеа дар пеши назари хоҳарзодаи 13 солаи мақтул Фурқат сурат гирифтааст.

Ғолиб Юсуфов бо ҳамсараш Фарида Амонова се сол пеш оила бунёд карда, дар ин муддат соҳиби як тифл бо номи Паризода гаштаанд. Аммо тавре шоҳидони ҳол мегӯянд, Фарида ба Ғолиб зани дуюм буд ва онҳо бо никоҳи мусалмонӣ оила барпо карда буданд.

Мегӯянд, миёни пайвандони овозхон ва ҳамсари дуюми вай пайваста ҷанҷолу талош рух медод. Дар шаби фоҷиа низ пайвандони Ғолиб дар ҳузури ӯ Фаридаро маломат кардаанд, ки чаро Ғолиб ба зани дуввуми худ манзил харида додааст. Шоҳиди ҳодиса Фурқати 13 - сола нақл мекунад, ҷанҷоли хунин миёни зану шавҳар баъди тарки хона кардани хешовандон сар задааст:

«Охирин фарёдро шунида даррав баромадам, аллакай кушта буд. Ғолиб баромад, дастҳояшро шуста корда партофта телефонии дастиро бардошта зад, баьд баромада рафт.»

Ин ҳодиса мавриди гуфтугӯҳо миёни сокинони Суғд гаштааст. Равоншиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки мушкилот ва нобасомониҳои зиндагӣ эҳсоси хашму газаби навоиладоронро таҳрик медиҳад ва боиси рух додани ҷанҳолҳои оилавӣ мегардад. Танҳо дар давоми моҳи январ чунин ҷанҳолҳои оилавӣ бо марги се ҷавони навхона анҷом ёфтааст. Аммо ба назари равоншиносони маҳаллӣ, эҳсоси рашк, бадгумонӣ нисбат ба ҳамсар дар сарояндаҳо бештар дида мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, додситонии шаҳри Чкалов ба бозомӯзии сабаб ва заминаҳои қатли Фарида Амонова аз ҷониби шавҳараш Ғолиб Юсуфов машғул аст.

Будӣ ту ёри беҳтарин, мисли ту нест дар замин,
Ишқи ту бар мани ғариб, насиб нашуд эй нозанин.
Мӯҳлати рафтани ту шуд, эй гули ман, фиғон макун
XS
SM
MD
LG