Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадраса - таълимгоҳ ё маркази ифтротгароён?


Ва аммо коршиносони Маркази байнулмилалии мазҳаб ва дипломатия ваё ICRD, мақараш дар Вошингтон дар тасмими худ устувор монданд. Онҳо гуфтанд, ки ба ислоҳоти мадрасаҳо аз баррасии ин мавзӯъ шурӯъ хоҳанд кард, ки мадорис таълимгоҳи динист аст ваё маркази тарғиби адоват нисбати динҳои дигар? Бо ин ҳадаф Дуглас Ҷонстон, раҳбари Маркази байнулмилалии мазҳаб ва дипломатия ду раҳбарии исломии Покистонро ба пойтахти Иёлоти Муттаҳида даъват кард.

Тибқи маъхазҳои таърихӣ, нахустин мадраса соли 859 дар Марокаш бунёд шудааст. Дар қарнҳои 9 ва 13 қариб дар ҳама кишварҳои мусалмоннишин мадрасаҳои хурду бузург ташкил шуданд. Онҳоро, таври маъмул, дар канори масоҷид бино мекарданд. Толибон дар мадрасаҳо Қуръони Маҷид, забони арабӣ, ҳадисҳо, калом, шариат ва таърихи исломро меомӯхтанд.
Қарнҳои баъдӣ дар макотиби исломӣ ҳамчунин фиқҳ, риёзиёт, нуҷум ё ситорашиносӣ низ тадрис мешуд. Дар Осиёи Марказӣ мадрасаҳои Самарқанду Бухоро шӯҳрати оламгир доштанд. Хатмкунандагони мадрасаҳо ба ҳайси мулло ваё мудирони мактабҳои ибтидоии динӣ фаъолият мекарданд. Ва аммо ба тадриҷ мадрасаҳо на фақат ба таълимгоҳ, балки ба марокизи фарҳангӣ низ табдил ёфтанд ва толибон ба ҳофизхониву мавлавихонӣ ҳам машғул мешуданд.
Ва аммо шурӯъ аз миёнаҳои солҳои 90 уми қарни гузашта мадраса дар зеҳни мардуми Ғарб ҳарчӣ бештар на чун як мактаби мазҳабӣ, балки чун маркази тарғиби ифтротгароӣ ва тарбияи ҷавонон барои гурӯҳҳои дафшатафканӣ ҷилва мекард. Коршиносон мутмаинанд, сабаби тағйири тасаввурот дар бораи мадраса, қабл аз ҳама, толибони Афғонистон буданд.

Гурӯҳи Толибон соли 1994 аз сӯи 30 муҳассили мадрасаи шаҳри Қандаҳор таҳти сарварии Мулло Муҳаммад Умар таъсис шуд ва аз ҳисоби толибилмони дигар мадорису собиқ сарбозони алайҳи артиши шуравӣ ҷангида ба тадриҷ ба неруи тавоное табдил ёфт. Онҳо аз соли 1996 то соли 2001 ум қудратро дар Афғонистон зери даст доштанд. Онҳо кишварро расман Аморати исломии Афғонистонро се кишвар номгузорӣ карданд ва он аз сӯи Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон ва Арабистони Саудӣ эътироф шуда буд. Толибон аз дигар неруҳои исломӣ бо он фарқ мекарданд, ки дар сар саллаи сиёҳ ва дар тан пироҳани сафед доштанд.

Аз нигоҳи коршиносон, аъмоли Толибон - шурӯъ аз манъи фаъолияти ҳама марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, аз ҷумла, театру синамо ва муҷозот барои тамошои телевизион то зери чодар кашидани занону латукӯби мардон барои тарошидани риш ва аз байн бурдани ёдгориҳои таърихии мансуб ба дигар адён, манзур муҷассамаҳои Буддо дар Бомиён, мардуми оламро мӯътақид сохтанд, ки муҳассилин дар мадорис ба ҷуз дарси ислом сабақи адоват ба ҷомеъаи дунявӣ ва нафрат ба дигар динҳоро низ меомӯзанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода - коршиноси масоили ислом ва узви раёсати Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки замони қудрати Толибон чанд муддат дар Афғонистон ба сар мебурд, бо ақидае, ки пайравони Мулло Умар дар бадном шудани мадраса нақш доранд, мувофиқ аст:

Ҳамаи Толибон ҳам дар як гурӯҳи муаяйн нестанд. Толибҳо миллатгаро ҳастанд, родикал ҳастанд, ва аммо толибҳое низ ҳастанд, ки воқеан барои арзишҳои исломӣ мубориза мебаранд. Аз ин рӯ ҳамаро толиб унвон кардан ва онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ шомил донистан шояд он қадар дуруст нест. Имрӯз мо мебинем, ки худи низоми Толибон дар Афғонистон шикаст хурда бошад ҳам, гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар Афғонистон то ҳол муборизаи худро идома медиҳанд. Ва аммо худи номи Толибон метавонад омили бадном сохтани мадориси исломӣ шуда бошад.

Зимнан, дар Афғонистону Покистон имрӯз дар бораи аз чӣ фаъолият кор гирифтани мадрасаҳо ва то куҷо манбаъи тарбияи ифротгароён будани онҳо ақидаи воҳид мавҷуд нест. Бигирем, мақомоти Покистон имрӯз ҳам аз мадориси кишварро дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои террористӣ муттаҳам мекунанд. Моҳи октябри соли гузашта дар маҳалли Хор воқеъ дар марзи Покистону Афғонистон бар асари ҳамлаи чархболҳои покистонӣ ба як мадраса 80 нафар кушта шуданд. Мардуми ба хиёбонҳо рехта ҳукуматро дар куштори толибилмон ва омӯзгорони бегуноҳ муттаҳам кард ва аммо ҳукумат бо такя ба манбаъҳои истихборотӣ гуфт, ки ин мадраса як тамрингоҳи созмони терористии Ал-Қоида будааст.
Ду сол пеш баъди инфиҷорҳо дар Лондон Парвиз Мушарраф - раҳбари Покистон амр кард, ки ҳама толибилмони хориҷӣ аз мадориси кишвар ихроҷ шаванд. То охири соли 2005, бо вуҷуди муқобилати раҳбарони мазҳабӣ ва мудирони мадорис, ҳудуди 700 нафар аз донишҷӯёни хориҷӣ Покистонро тарк гуфтанд.
Ва аммо аз нигоҳи таҳлилгарон, фақат аз роҳи ихроҷи донишҷӯён ба ислоҳоти мадрасаҳо муваффақ наметавон шуд. Дуглас Ҷонстон - раиси Маркази байнулмилалии мазҳаб ва дипломатия ваё ICRD мегӯяд, онҳо тасмим гирифтанд дар қадами аввал раҳбарони мадрасаҳои Покистонро мутмаин созанд, ки барномаи таълимиро тағйир диҳанд ва ба ин барнома тадриси ҷомеъашиносиву мантиқ ва дигар фанҳоро изофа кунанд. Ӯ меафзояд, ки ин пешниҳод бо душворӣ пазируфта шуд, зеро маъмурони мадорис бо ниграонӣ суол мекарданд, ки тағйири барномаи таълимӣ аз сӯи раҳбарони мазҳабӣ чӣ гуна арзёбӣ хоҳад шуд? Ва ба хотири аз байн бурдани ин нигарониҳо ICRD масъулияти тағйири барномаи таълимиро бар ӯҳдаи худи раҳбарони мадорис гузошт. Дуглас Ҷонстон мегӯяд, дар қадами дуввум ба хотири тағйири барномаи таълим онҳо аз таърихи кишварҳои исломӣ ёдовар шуданд:

Мо ба мероси худи онҳо рӯ овардем ва ишора кардем, ки дастовардҳои бузург дар фарҳангу илм ва ҳатто таҳаммули мазҳабӣ дар Ислом ҳанӯз ҳазор сол пеш вуҷуд доштанд. Вақте шумо инро зиёд мешунавед, якбора саратон боло мешавад ва фикр мекунед, ки шояд мо ба комёбиҳои бештар муваффақ шавем.

Масъулини ICRD мегӯянд, дар бештари мадориси Покистону Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи дарсӣ ва тарзи таълим аз қарни 16 ба ин сӯ қариб, ки тағйир нахурдааст. Бо ин ақида масъулони бахши дини Тоҷикистон низ мувофиқанд.
Ба гуфтаи Сайид Аҳмадов - мушовири аршади раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар кишвар имрӯз 20 мадрасаи мутавасситаи мазҳабӣ ва Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ фаъол аст ва ҳар яки онҳо аз 200 то наздики 800 толибилм дорад. Ва дар ҳамаи мадрасаҳо таълим чун панҷ қарн пеш сурат мегирад. Ба хотири табдили вазъ, бо кумаки ҳукумати Швейсария барномаи ягонаи таълимӣ барои мадрасаҳои Тоҷикистон таҳия шуд. Сайид Аҳмадов меафзояд, тибқи ин тарҳ толибилмони мадрасаҳо ҳамроҳ бо дарсҳои мазҳабӣ илмҳои муосирро меомӯзанд:

Мутобиқи қавонини Тоҷикистон таълимгоҳҳои динӣ ҳам яке аз муассисаҳои динӣ ҳисоб мешавад. Ва ҳамаи муассисаҳои динӣ дар асоси озодии эътиқод фаъолияти худро ба танзим медарорад ва ҷорӣ мекунад. Ва таълими динӣ гирифтан ҳам албатта ҳам аз нигоҳи динӣ ва аз нигоҳи эътиқодӣ зарур аст. Шарт нест касе, ки таълими динӣ гирифта бошад танҳо аз ӯ дар муассисоти динӣ истифода шавад. Ин ҷо дигар масъала аст, ки бисёр хатмкунандагони мадорис ихтисоси дигар надоранд ва қисман бекор мемонанд ва қисман муассисаҳои диние, ки эҳтиёҷ ба имом -хатибҳо доранд, барои кор ба он ҷо мераванд. Албатта, чунин ташкилотҳо хеле каманд ва аксари онҳо, албатта ходимони худро доранд. Бинобар ин бисёрии онҳо умуман ба ҳеҷ ҷо аз рӯи он таълиме, ки диданд ба кор гирифта намешаванд. Вале чун онҳо ҳам аъзои ҳамин ҷомиа ҳастанд , ҷамъият бояд нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир кунад , то ки онҳо ақаллан дар он соҳае, ки дониш доранд ва ихтисос доранд, тавонанд, ки онро истифода бурда ба манфиати ҷомеъа кор кунанд. Бинобар ин барнома ҳамин ҷиҳатҳоро низ дар бар мегирад. Имкон дорад, баъди он ки муҳассилин бо усули нави таълим дониш мегиранд , илми педагогика ва шеваи нави таълимро низ аз бар мекунанд. Аз ин хотир ба вазорати маориф низ пешниҳод хоҳад шуд, ки доир ба ягон фанни мушаххас, ки дар таълимгоҳҳо ё системаи вазорати маориф таълим дода мешавад, ба хатмкунандагони ин мадорис ихтисос дода шавад.

Ба гуфтаи Сайид Аҳмадов, барномаи ҷадид ҳамчунин ҳадаф дорад мушкили бекории хатмкардагони мадрасаҳоро аз байн барад - бархе аз онҳо дар мактабҳои дунявӣ ба кор фаро гирифта хоҳанд шуд:

Дар қадами аввал таълими ҳуруфи ниёгон дар макотиб дар назар аст. Мақсади барнома низ аз ҳамин иборат аст хатмкунандагони ин мадрасаҳо, ки мутобиқи барномаи нав таълим мегиранд ба вазорати маориф пешниҳод шаванд ва аз тарафи вазорати маориф литсензия ва стандартизасия шавад то ин ки имконияти ба онҳо тахассуси муаллими хатти ниёгон дода шавад ва дар ин асос як ҳуҷҷате дошта бошад, ки вазорати маориф онро эътироф карда бошад. Дар барнома ба ғайр аз таълими динӣ ва фаннҳои дунявӣ инчунин методикаи таълим ва педагогика ба назар гирифта шудааст. Мутобиқи барнома ҳамчунин курсҳо ё давраҳои такмили ихтисос низ дар назар гирифта шудааст, ки мударассин аз он баҳравар хоҳанд шуд. Баъд аз он ки курси такмили ихтисосро як қисми мударрисон мегузаранд онҳо имконият меёбанд, ки дар мадрасаи интихоб шуда, ки ин барнома ҷорӣ мегардад фаннҳои аз рӯи ихтисосро дарс диҳанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода - коршиносони масоили ислом мегӯяд, маҳофили мазҳабии кишвар ба ин барнома мухолифате надоранд, зеро агар он аз як сӯ, барои соҳиби ҷойи кор шудани ҷавонони зиёде мусоидарт кунад, аз сӯи дигар, шояд теъдоди онҳоеро коҳиш диҳад, ки барои омӯхтани илми ислом ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ба Покистон мераванд ва ба созмонҳои ифтротгаро шомил мешаванд:

Баъзе аз ҷавонони кишвари мо ба чӣ хотир ба хориҷ мераванд? Ба он хотир, ки дар мадрасаҳои кишвари хеш таълими дурустро наметавонад дастрас кунанд, барномаи ба замони муосир дар ин мадорис мавҷуд нест ва аз ин рӯ онҳо ба хориҷи кишвар сафар мекунанд ва шомил мешаванд ба ҳар гуна гурӯҳҳо. Агар дар мадрасаҳо барномаи хуби таълим бошад ва шахсиятҳои дурусте сари кори таълим бошанд, мо гумон намекунем, ки ҳама хезанду ба хориҷ раванд, ба истиснои яку ду ва даҳу бист нафар.

Айни ҳол теъдоди онҳое, ки хостори таҳсил дар мадориси Покистонанд, зиёд аст. Охири соли гузашта мақомоти Афғонистон дар канори шаҳри Мазори шариф гурӯҳи ҷавонони тоҷикро боздошт карданд, ки бидуни раводид вориди кишвар шуданд ва зимни сӯҳбат иқрор карданд, ки ҳадафи сафарашон сабақомӯзӣ дар макотиби динии Покистон аст.
Дуглас Ҷонстон - раиси Маркази Байнулмилалии Мазҳаб ва Дипломатия мегӯяд, гурӯҳи ӯ барои баррасии вазъи мадрасаҳои Покистон онҳоеро ба Вошингтон даъват кард, ки пайравони ҷараёнҳои ваҳҳобизм ва дуобандиянд. Ҳофиз Халил Аҳмад мударрасии мактаби Дуобандии шаҳри Кветта аст ва Қозӣ Абдул Қодир Хомӯш - яке аз раҳбарони ваҳҳобиҳои кишвар. Ҳофиз Халил Аҳмад бо ақидаи олудаи сиёсат будани мадорис мухолиф аст ва ба гуфтаи ӯ, толибони мактабҳои динӣ аз сиёсати ҷаҳонӣ он қадар каноранд, ки ҳатто чӣ будани таҳаммулнопазирӣ дар баробари дигар фарҳангу адёнро намндонанд. Ягона ақидаи сиёсие, ки аз сӯи онҳо баён мешавад ин аст, ки агар дар маконе хушунат сурат бигард - он ҷо ҳукумати Покистон ҳатман нақши пой дорад. Қозӣ Абдул Қодир Хомӯш низ бо ин ақида мувофиқ аст. Ба гуфтаи ӯ, то вуруди неруҳои шуравӣ ба Афғонистон дар соли 1979 касе дар бораи ҷиҳод ҳарф намезад. Оғои Хомӯш меафзояд, он вақт бештари мардуми Покистон аз гурӯҳҳои муқовимат ба неруҳои шуравӣ пуштибонӣ мекарданд. Баъд аз хуруҷи артиши шӯравӣ бештари мардуми минтақа мутмаин буданд, ки ҷанг поён ёфтааст. Вале онҳое, ки дар ҷанг алайҳи шуравӣ ширкат доштанд, гурӯҳҳои нав ташкил карданд ва ҳадафи нави худро - ҳифзи дини мубини Ислом аз таҳдиди дигарон эълом карданд. Ҳамзамон Қозӣ Абдул Қодир Хомӯш ислоҳоти мадориси Покистон басо муҳим хонд ва изҳори умедворӣ кард, ки шояд воқеъан ҳам ба тағйири тасаввуроти оламиён дар бораи мадрасаҳо мусоидат кунад. Дуглас Ҷонстон бошад мутмаин аст, ибтикори гурӯҳи ӯ метавонад дар дигар кишварҳо низ татбиқ шавад:

Ин ислоҳот на танҳо барои он муҳим аст, ки фардои неки кӯдакони покистониро таъмин мекунад. Аз нигоҳи ман, ҳамаи кудакон ба фардои нек ҳақ доранд ва ба ин мо фақат дар ҳоле метавонем муваффақ шавем, ки ҳама аҳдофи муборизаи умумибашарӣ алайҳи терроризмро дуруст бифаҳманд ва онро бо қалби худ эҳсос кунанд.

Ва аммо ин барнома то куҷо муваффақ хоҳад буд ва то куҷо ба тағйири ақида дар бораи мадрасаҳо мусоидат хоҳад кард, вақт нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG