Николай Бордюжа, муншии Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфт, ки ин созмон ба мисли НАТО талош ба таҳкими нирӯҳои низомӣ надорад, балки мехоҳад низоми воҳиди таъмини амният, аз ҷумла аз ҳаводиси табииро созмон диҳад.
Зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе ӯ гуфт, барои Паймони амнияти дастаҷамъӣ таҳкими иқтидори низомӣ низ муҳим аст, аммо масъалаи аввалиндараҷа нест.
Бордюжа афзуд, Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳанӯз ҳафт соли пеш ба НАТО пешниҳоди ҳамкорӣ карда буд, аммо то ба ҳол посухи мушаххасе дар ин робита дарёфт накардааст.
Ба гуфтаи ӯ, НАТО дар иттиҳоди кишварҳои узви Паймон манфиатдор нест ва барои ҷудоиандозӣ кӯшиш мекунад, аммо ҳамбастагии кишварҳои узв ба иҷрои нақшаҳои НАТО садд хоҳад гузошт.
Ҷаноби Бордюжа изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои мамолики узви Паймон пурмаҳсул мешавад ва барои беҳбуд ёфтани вазъ дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.