Соли 13 аст, ки Билл Гейтс тоҷи шоҳи сарватмандҳои ҷаҳонро аз сар намегирад. Маҷаллаи Форбс мегӯяд, ширкати Майкрософти ҷаноби Гейтс ҳаҷми сарвати ӯро ба 56 миллиард доллар расонидааст. Аҷабо, назари ҷаноби Гейтс ба рақами 13 чӣ гуна бошад? Ба ҳар ҳол, ӯ дар феҳраси имсолаи миллиардерҳои Форбс ҷои аввалро мегирад.
Ин феҳрас ин навбат 946 (нӯҳсаду чиҳилу шаш) миллиардерро фаро гирифтааст. Сарвати ҳамаи ин сарватмандон 3,5 триллион долларро ташкил медодааст. Пас аз Билл Гейтс, ҳамкишвари ӯ Уоррен Баффети амрикоӣ (52 млрд $), ки тиҷорати аслияш сохтмон мебошад ва Карлос Слима аз Мексико (49 млрд $), ки бизнеси мухобиротӣ дорад, сарватмандтарин одамони ҷаҳон будаанд.
Серпултарин аврупоӣ дар Шведсия зиндагӣ мекардааст. Ингвар Кампрад (33 млрд доллар), ки дар феҳраси Форбс дар мақоми чаҳорум аст, силсилаи дӯконҳо бо номи Икеа дорад. Дар баробари шведҳо, русҳоу олмониҳо, швейтсариҳову испониҳо ва бритониёиҳову полякҳо низ миллиардҳо доллар доштаанд.
Мақоми панҷуми феҳрас насиби сарватмандтарин осиёӣ, Лакшми Миттал аз Ҳиндустон (32 млрд доллар) шудааст. Воқеан, имсол ҳиндуҳо сарватмандтарин мардуми осиёӣ шудаанд. Ин мақом тӯли бист сол аз ҷопониҳо буд, вале имсол дар кишвари Тоҷмаҳал 36 миллиардер ба сар мебурдааст ва дар кишвари Тулӯъи Офтоб танҳо 24 миллиардер. Чин 20 ва Ҳонконг 21 миллиардер доштаанд. Мардуми Малайзияву Сингапуру Тайвану Таиланд ҳам босуръат сарват ҷамъ карда истода будаанд.
Ва аммо аз ҳама бештар дар ҷаҳон миллиардерҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебурдаанд. Дар ин кишвар 415 миллиардер будааст, ки ин дар маҷмӯъ 44 дар сади феҳраси Форбсро ташкил медиҳад. Олмониҳо ((55 миллиардер) ва русҳо (53 миллиардер) дар ҷойҳои дуввуму саввум будаанд. Сарватмандтарини русҳо ба мисли солҳои пеш Роман Абрамович будааст. Форбс 18, 7 миллиард доллари ӯро ҳисоб карда ӯро дар ҷои 16 гузоштааст.
Абрамович сарватмандтарин нафар дар хоки собиқ Шӯравӣ низ мебошад. Аз кишварҳои дигари Шӯравӣ танҳо исми Қазоқистон ва Украина вориди Форбс шудааст. Дар Украина ҳафт ва дар Қазоқистон панҷ миллиардер зиндагӣ мекардаанд. Қазоқҳо аз кувайтиҳо ҳам сарватмандтар будаанд. Дар феҳраси Форбс исми танҳо чаҳор кувайтӣ ҷой гирифтааст. Аммо аз ҳама арабҳои сарватманд дар Арабистони Саудӣ ( 13 миллиардер) ва дар Иморот ( 5 миллиардер) зиндагӣ мекардаанд.
Дар рӯйхати Форбс 178 исми нав ворид шудааст, ки бештари миллиардерҳои нав рус будаанд. (19 рус, 14 ҳинду, 13 чиноӣ, 10 испонӣ.) Ҳамчунин, кишварҳое назири Кипр, Уммон, Руминиё ва Сербиё нахустин дороёни миллиарддоллараи худро доро шудаанд. Ҷумҳурии Чех низ, ки Радиои Озодӣ аз пойтахти он пахш мешавад, танҳо як миллиардер доштааст.
Бино бар варақаи даромади миллиардерҳои ҷаҳон, роҳи аслии ҷамъоварии сарват ихтироот ва идеяҳои нав будааст нисбат ба саноат. Чӣ дар самти медиа ва чӣ парвариши қаҳва пули бештарро идеяҳои нав меовардааст. Сеяки миллиардерҳои имсола дар қиёс бо соли гузашта сарвати худро афзун додаанд ва танҳо 17 дар сади феҳраси тиллоии Форбс нисбат ба соли гузашта камбағалтар шудаанд.
Ҷавонтарин миллиардерони Форбс Албер фон Тернии олмонӣ ( 23 сола), Фаҳд Ҳарирӣ аз Лубнон (26 сола) ва Айман Ҳарирӣ аз Саудӣ (28 сола) будаанд.