ЁДИ ВАТАН
Пас аз ишғоли Душанбе аз тарафи Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон Имомназари Холназар дар зимистони соли 1992 ватанро тарк кард. Ӯро дӯстонаш пинҳонӣ ба фурудгоҳи Душанбе, ки он рӯзҳо дар муҳосира буд, расонданд ва дар як бахши махфии ҳавопаймое пинҳон карданд, то ба Маскав расид. Муддате дар ин ҷо ба сар бурд ва сипас ба Теҳрон муҳоҷир шуд, ним сол дар Теҳрон зист ва сипас дубора ба Маскав баргашта, аз он ҷо ба Алмаато кӯчид.
Аз тарки Эрон шод буд, зеро мегуфт, намояндагони Вазорати умури хориҷии Эрон ӯро безор карда буданд, чун ҳар рӯз мепурсиданд, кай ба ватанаш бармегардад. Барои ҳар яке аз маҳфилҳои гурезаҳои сиёсии тоҷик Имомназар сарвати бебаҳо буд. Ба ду сабаб. Яке барои он ки дар сахттарин лаҳза ҳам хандаву шӯхӣ ӯро тарк намекард ва дигар барои он ки ғами ҳамагонро мехӯрд. Фалонӣ ташна мондааст, беҳмадонӣ гушна, раиси ҳизб аз ӯҳдаи танзими рӯзгор дар ғурбат намебарояд, ман бояд ба ӯ кӯмак кунам ва ғайра. Дар сари тобути Имомназари Холназар, масъули демократҳои тоҷик Раҳматулло Валиев чунин гуфт:
" Бародари азиз Имомназари Холназар дар ҳақиқат некном зистанд. Ман фикр мекунам, ки бисёр нафарон дар зиндагӣ қадр намебинанд ва таърих гувоҳ аст ва таърих баҳо медиҳад, ки бародари азизи мо, Имомназар, яке аз бунёдгузорони истиқлолияти имрӯзаи Тоҷикистон буданд, яке аз муассисон, ташкилкунандагони Ҳизби демократи Тоҷикистон буданд. Бунёдгузори рӯзномаи "Адолат" буданд. Имомназар чунин шасхе буд, ки барвақт аз маҳал ҷудо шуда буд ва як фарди тоҷик буд, ки ин намуна барои ҳар яки имрӯзаи мост. Ва то охир бо мо буд, дар як фикр буд, дар фикри ободии ватан буд. Гоҳо мегирист. Талх мегирист. Касе ки агар як ба як бо Имомназар нишаста бошад, медонад. Ва яке аз сабабҳои касалии ӯ ҳам ҳамин буд, ки ӯ фақат мегирист, ки барои чӣ ватани ман дар баробари дигар ватанҳо ободу зебо нест. "
ХАНДАИ ҶОНБАХШ
Китобҳои танзи Имомназари Холназар ва рӯйдодҳои хандаоваре, ки ба ӯву дӯстонаш иттифоқ меафтоданд ва сипас аз маҳфил ба маҳфил қисса мешуданд, шояд ақидаеро ангехта бошад, ки ӯ ба ҳама чиз аз даричаи ҳаҷв менигарист. Вале ин ақида ҳам ҷой дорад, ки ҳаҷву танз аз як сӯ ҷавшани ӯ буданд дар як ҷомеаи золим ва аз сӯи дигар силоҳи ӯ бар зидди беадолатиҳо.
Худаш мегуфт дар бораи ҳаҷв: "Ҳавҷ худаш танқид мешавад. Ҳаҷве, ки танқидӣ нашуд, вай мадҳия мешавад. Ба худатон маълум ки то ин дам имкони чопи чунин китобҳо дар Тоҷикистон фароҳам набуд. Аз сари мардуми мо ва аз сари худи ман воқеъаҳои зиёде гузаштанд. Ва ин понздаҳ солро аз бурд дида бохташ зиёдтар буд, шикасту рехташ зиёдтар буд."
Дар бораи дӯст: " Дӯст кист? Посух ба ин суол ба андозаи посух ба пурсиши "ишқ чист?" душвор аст. Дар ин бора як мақоли халқӣ ҳаст: "Дӯст хуб аст ё бародар?" Посухи он ин аст: "Бародаре, ки дӯст бошад". Ҳоло ки банда каноранишин ҳастам ва камтар одамонро мебинам, аз дӯстон танҳо чанд тан мондаанд, ки ба суроғи кас меоянд. Мегӯянд, ки "дӯстро дар рӯзи бад мешиносӣ ё дар сафар". Дар рӯзи нек ҳама дӯст мешаванд. Барои ҳамин, ба ин пурсиш намешавад як посухи мушаххас дод".
Дар бораи демократия: "Агар хато накунам, Черчилл гуфта буд, ки демократия камбудиҳои зиёде дорад, лекин башарият сохторе беҳтар аз он наофаридааст. Барои ҳамин, ҳама дар мавориди мухталиф аз ин тавсифи мафҳуми "демократия" истифода мекунанд. Замоне ки Шӯравӣ Афғонистонро ғасб кард ва тайи даҳ соли ҷанг худи Шӯравӣ ҳамин ҷумҳуриро "демократӣ" номид: Ҷумҳурии Демократии Афғонистон. Дар Тоҷикистон ҳам чунин шуд. Ба назари ман, давлату давлатдориро на худи соҳибдавлатон, балки ниҳодҳое чун Созмони Милали Муттаҳид бояд номгузорӣ кунанд, ки оё ин давлат демократӣ ҳаст ё на."
Дар бораи мардум: "Дар Тоҷикистон мардум ҳам демократияро чандон қабул надорад. Чунки онро дар ин ҷо дар оғоз хеле сиёҳ карданд. Ҳатто агар касе худашро "демократ" муъаррифӣ мекард, одамҳо аз ӯ ҳазар мекарданд. Баъдан ин мафҳум то андозае тағйир ёфт. Ба назари ман, "демократ", яъне хушахлоқ, одами маданӣ ва таълимдида аст. Ҳарчанд ин сифатҳо аз мафҳуми аслии вожаи "демократ" дур аст, вале ҳамин сифотро "демократ" касб кардааст."
Суханони Имомназари Холназар буданд аз барномаҳои гузаштаи Ҳамнафас ва Фарҳангу андешаи радиои Озодӣ. Шукр мегузорем, ки ҳамнафаси мо буд ва дареғ мегӯем, ки хеле кам.
БЕМОРӢ
Дар як барномаи гузашта, ҳамнафасони мо бо намунаҳои рӯшан исбот карданд, ки захми сухан кушандатар аз захми табар аст. Ва як намуна ин буд, ки вақте паҳлавони тоҷик, ҳунарпешаи синамо Мӯсо Исо дар оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон ба зодгоҳаш сафар кард, касоне дар кӯча ӯро таъна заданд, ки фирор кардааст, то ҷуссаи азими худро пинҳон кунад. Вай ба рағми ин таънаҳо ба Душанбе баргашт, аз тарафи шибҳинизомиёни Ҷабҳаи халқӣ боздошт шуда ва ноҷавонмардона ба қатл расид. Имомназари Холназар боре гуфта буд, дар зодгоҳаш аз одамон ҳарфҳое шунидааст, ки мисли тири калашников ҷисмашро шилҳа-шилҳа кардаанд.
Чунин таънаҳо баҳона, аммо гардишӯи айём сабаб, бисёре аз оғозгарони равандҳои демократии Тоҷикистон солҳо баъд тағйири ақида карданд, то рӯзгори беҳтаре пайдо кунанд. Вале Имомназар на.
Аз дӯсти наздики ӯ, шореҳи варзиш Нарзуллоҳи Латиф мепурсам, шояд мо намедонем, шояд буданд, лаҳзаҳое ки Имомназар таҳти фишори сахтиҳои зиндагияш ақидаашро дигар кард?
"Рости гап, Салимҷон, ман ягон бор эҳсос накардаам, ки дӯсти азизам, Имомназари Холназар, ақидаи худро дигар карда бошад. Ӯ аз аввал то ба охир, аз рӯзе ки мешиносам, сию ҳафт сол инҷониб, аз давраҳои донишомӯзии ӯ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Вале агар бигирем, аз солҳои навад то ба охирин лаҳзаҳои умраш ӯ ҳамеша дар ақидааш устувор буд. Ақидаи ӯ чӣ буд? Ақидаи ӯ аслан озодии сухан, хушбахтиву пирӯзии мардуми Тоҷикистон, ҳақиқатгӯиву ҳақиқатҷӯӣ буд ва бисёр мехост, ки ҳар як инсон хуб зиндагӣ кунад, фаъолияти ҳар як кас озод бошад..."
Аммо, бубинед, ин бисёр сахт аст ҳамаи инро дар китфони лоғари худ бардоштанаш. Як одами аз лиҳози ҷисмонӣ чандон ҳам таҳамтан набуд шодравон. Аз як тараф, масалан, шикасти нирӯҳои демократӣ, ҷанге ки ин қадар хунро рехт, ғурбату муҳоҷират ва ғайраву ҳоказо... ва худаш ҳам як бор гуфта буд, ки вақте ба зодгоҳаш баргашт, аз ину он суханоне шунид, ки бисёр ҳам ба ҷигараш неш заданд. Аммо аз куҷо нирӯ мегирифт, нирӯяш аз куҷо меомад?
"Ҳарчанд ӯ дар солҳои охири умраш хеле лоғар гашта буд, аслан ва дар ибтидо варзишгар буд. Ман ӯро дар қадамҳои нахусти дӯстии мо ҳамчун варзишгар медонистам. Ӯ теннисбози хуб, футболбози хуб, даванди хуб ва шатранҷбози хуб буд. Ҳарчанд писари ӯ - Толеъ 340 - 345 кило вазн мебардорад, вазни сангинтарин дар дунё ва қаҳрамони ҷаҳон аст, вале Имомназари Холназар бо ҳамон ҷуссаи хурд бори бисёр гарони зиндагиро бар дӯш дошт ва бузургии ӯ дар он буд, ки ҳамеша бо ҳазлу шӯхӣ он чизеро ки дар дил ҷамъ мешуд, мебаровард. Ва ӯ ҳеч гоҳ ноумед намегашт ва ба оянда бо чашми умед менигарист. Имрӯз не, мегуфт, фардо мардум ҳама чизро дарк мекунанд ва бояд ки зиндагӣ хуб шавад."
Вақте ин барномаро шурӯъ мекардем, намедонистем, ки он ба таври комил ба Имомназари Холназар бахшида хоҳад шуд. Матбуоти Тоҷикистон одат кардааст, аз онҳое қаҳрамон офарад, ки мақомоти расмӣ барояшон мухолиф набошанд. Онҳо қиссапардози қаҳрамонони расмӣ хоҳанд буд. Вале Имомназари Холназар қаҳрамони оддӣ ва мардумии Тоҷикистон аст. Касест, ки бо ёронаш ба кори бузурге оғоз ниҳод ва идомаи онро ба ҷавонони Тоҷикистон вогузошт.
Касест, ки дар ақидаи худ устувор монд ва ба пасовандон устуворӣ омӯзонд.
Касест, ки аз маҳдудаҳои ирқу маҳалу ҳирфа берун омад ва пайравонашро ишқи ватану шеваи ватандорӣ ёд дод.
Умраш нозиставу нотамом монд, вале кораш на. Зеро бунёди кори ӯ умед буд, ки ҳаргиз хомӯш намешавад.