Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони мо дар бунбасти иқтисодӣ қарор дорад. Ва аз ҳар ҷониб ба найрангҳои иқтисодиву сиёсии "бародарони калонӣ" амсоли Русияву Узбакистон қарор дорад. Мисоли равшани ин лағв гаштани шартномаи ба имзорасидаи байни Тоиҷикистону Русия дар бобати сохтмони НОБ-Роғун мебошад ва инчунин чандин шартномаҳои дигаре, ки байни Тоҷикистону Узбакистон ба тасвиб расидаанд вале то ба ҳол дар амал татбиқ нагаштаанд.
Баъд аз оне, ки қушунҳои рус аз сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ронда шуданд, муносибатҳои байни ин ду кишвар рўз ба рўз сард гардида истодааст. Аз ин фурсат истифода бурда, Тошкент бо ба вуқўъ пайвастани воқеаҳои Андиҷон домони Маскавро ба даст гирифт. Маскав барои он, ки дили нозуки "дилбар"-и наваш наранҷад, аз манфиатҳое, ки аз Тоҷикистон ба даст меовард, бояд даст бикашад. Ин аст, ки Русия дар нимароҳ қарор гирифт ва "додар"-и хурдиро дар симои Эмомалии Раҳмон ба кўи сарсонӣ ҳавола кард.
Ва имрўз президенти кишвар рўй ба ҷониби давлатҳои арабӣ ва Эрон овард, то сармоягузорони ҷадид пайдо намояд ва ҳам тавонад таҳаввулоте дар сиёсати хориҷии хеш ворид созад. Ба ақидаи шахсии ман аз ин сафарҳо, ба ғайр аз Эрон, дастовардеро интизор шудан ғайриимкон аст. Чунки аксари давлатҳои араб то дараҷае худ пойбанди давлатҳои ғарбанд, то имрўз дар ҷое мустақилона баромад накардаанд ва то андозае метавон ба Мисру Сурия умед баст, вале дар ҳоле, ки ҳардуи ин кишвар аз Русия қарздоранд ва аз риштаи кашидаи Русия берун нахоҳанд рафт, барои интизор шудан моро ба шубҳа мебарад.
Ногуфта намонад, ки дар ҳоли ёфтани сармоягузор ба пружаҳои иқтисодӣ монеаи бузурге моро дунболгир аст, ки ин дар атрофи сарвари давлат гирд омадани коррупсионерҳо мебошад. То он замоне, ки шахсони ҳақиқатан миллатдўст ба сари қудрат наоянд, грантҳои хориҷӣ наметавонанд, моро ба ҷое расонанд.
Баҳман
-------------------------
Ман метарсам, ки мақсад аз сафарҳои Э.Раҳмон ба Эрон ва кишварҳои арабӣ ин боз ҳамон қарзу қарз бошад, ки баргардонидани он ба гардани мардуми Тоҷикистон аст - мардуме, ки аслан буе аз ин маблағҳо ба эшон нарасидааст, хосса, фарзандону наберагони мо.
Ба ақидаи ман, беҳтар мебуд, агар масоили дар ин кишварҳо бо ҷои кор таъмин гардидани мардикорони тоҷик ҳалли мусбат меёфт.
Ман фикр намекунам, ки дар кишварҳои бойи арабӣ ба мардикорони ҳалолкори мо он муностбатҳои ғайриинсониро раво бинанд, ки феълан дар Русия мекунанд. Ба болои ин мардикорони мо метавонанд дар сохтмонҳои ин кишварҳо маблагхои ба маротиб зиёдтару арзандае дарёфт кунанд.
Вокиъан, шодравон Саййид Абдуллоҳи Нурӣ ҳанӯз чанд сол пеш ҳангоми яке аз боздидҳояш аз ин кишварҳо ин масъаларо бо арабҳо баррасӣ ва усулан мусбат ҳал карда буд, вале ҳукумати Тоҷикистон ин кори хубро дастгирӣ накард (шояд ба андешаи онки ин мардикорон дар онҷо террорист мешаванд ва ё Худо медонад, ки барои чи).
Ман фикр мекунам, ки бояд маҳз ин масъала ҳал гардад. Аз қарз гирифтан фоидае нест: ин маблағҳои чандмиллиониро дастандаркорони ҳукуматӣ байни худ "ҳал" мекунанду... баргардонидани он масъулияти насли оянда хохад буд.
Ҷамшед, шаҳри Хуҷанд
-----------------------------------
Яке аз нишонаҳои истиқлолияти давлат ин вуҷуди сафорати (намояндагии дипломатии) ин давлат дар бештари кишварҳои дигараст, локин Тоҷикистон бо сабабҳойи сиёсӣ ва иқтисодӣ имконияти кушодани инро надорад, бинобар ин банда бар ин ақида аст, ки ҳадафи ин сафарҳоро раҳо ёфтан аз бандҳои сиёсӣ дар навбати аввал ва иктисодӣ дар навбати дуввум аст. Вале барои комёб гаштани сиёсати хориҷии кишвар- кишварҳои хурд ба мисли Тоҷикистон- бояд сиёсати дохилии кишвар бо сиёсати хориҷиаш мутаноқиз (мухолиф) набошад.
Ба ҳар ҳол умедворам, ки ин сафарҳо комёб мегарданд ва асари мусбии онро халқи тоҷик эҳсос хоҳад кард ва тоҷикон аз ин сафарҳо мутақоид мегарданд, ки либоси миллӣ дар бари на танҳо хонумҳо балки дар тани мардон ва ҷавонон ҳам монеаи пешравии кишвар нахоҳад шуд, балки ин яке аз нишонаҳои шараф ва истиқлолияти кишвараст.
Исломи Ҳафиз
-----------------------------------
Ба назари ман, равобит бо кишварҳои арабӣ судманд аст, вале на бад-он андоза, ки мақомоти тоҷик таваққӯъ доранд. Ин кишварҳо шояд пули зиёд доранд, зеро нафт доранд, вале дар риштаҳои дигар камтар кор мекунад, ба ин далел ақабмондаанд. Сарвати иқтисодӣ, ки дар дасти чанд шайх ғунд шудааст, ҳануз маънии пешрафтро надорад.
Вуруди сармояи қобили таваҷҷӯҳ аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон мавриди тардид аст. Тоҷикистон набояд назди кишварҳои ба истилоҳ "пулдор ва сарватманд" сар хам кунад, беҳтар аст равобити худро бо кишварҳои дарвокеъ пешрафта, назири Жопун, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо рушд бидиҳад ва аз таҷрубаи онҳо биёмузад. Жопун нафт надорад, маводи хом надорад, вале маводи хомро аз кишварҳои дигар мегирад ва техника месозад ва ба онҳо бозпас бо нархи гарон мефурӯшад. Зеро Жопун сармояи ақлӣ ва ҳунарӣ дорад. Агар Тоҷикистон мехоҳад пешрафт кунад, бояд аз ин кишвар сабақ бигирад ва сохтан ва пардохтан ва офариданро биёмӯзад. Пуле ки аз ақл ба даст меояд, аз ҳар сармояи дигар бештар аст. Мо вақте пул дошта бошем, нафт ва газ ва бензинро ба ҳар қимате, ки ҳамсоягонамон арза кунанд, хоҳем харид ва ниёз ба кишварҳои дуртар нахоҳад монд. Масалан, агар мо пули кофӣ доштем, барқро зимистон осонтар аз Ӯзбакистон мехаридем ва бо бӯҳрон рӯбарӯ намешудем. Вале агар аз ақл кор нагирем, садҳо милён пуле, ки сармоягузор ворид мекунад, коғазе беш нахоҳад буд.
Фаромарз
-----------------------------------
Худоро шукр мегӯям, ки сардори давлати мо рӯ ба мамолики исломӣ ва рабаӣ овардааст. Иншоаллоҳ, ин ояндаи нек аст барои миллати тоҷик ва ҳаминро бояд донист, ки мо тоҷиконро аз таърихи гузаштаамон бо уламои мусулмонамон мешиносанд.
Сардори давлат диданд, ки фақат дар дунё Русия нест, ки охир бе он ҳам зиндагӣ кардан мумкин, аз ин хотир иртибот бо давлатҳои арабиро ба роҳ монда истодаанд ва имони комил дорам, ки мусулмонони араб наберагони имом Бухорӣ ва имом Тирмизиро ҳеҷ гоҳ ваъдаи пучу зхолӣ намедиҳанд, балки саҳми босазои хешро барои бунёди давлати мо хоҳанд гузошт.
Шараф аз Ҳисори Шодмон
-----------------------------------
Салом ба ҳама,
Тоҷикистони азизамон, хоссатан, мақомоти олии кишварамон аз раисиҷумҳур сар карда шояд фаҳмиданд, ки аз Русия ягон фоида нарасид ва нахоҳад расид. Аз ҳамин сабаб аст, ки раисиҷумҳур рӯ ба давлатҳои арабиву исломӣ овард ва мо умедвории комил дорем, ки баъд аз фармони раисиҷумҳур дар бораи боз кардани сафорати Тоҷикистон дар Саудӣ равобити Тоҷикистону кишварҳои арабӣ мустаҳкам мегардад.
Бо эҳтиром, Саид_тҷ
-----------------------------------
Ҳоли ҳозир ҷомеаи Тоҷикистон ба се бахш тақсим аст. Бахши аввал "оилаи президент", бахши дуввум "тоҷикистониёни бурунмарзӣ" ва бахши саввум халқи дохили кишвар. Рӯ овардани ин "ҳайъати расмӣ" ба кишварҳои арабӣ барои бахши аввал ин бешубҳа дарёфти сармоягузорон ё бо забони содаи халқӣ ин соилист. Барои бахши дуввум, асосан тоҷикони дохили Русия ин "рӯовариш", "катострофист". Аммо барои бахши саввум ин "қадам" ягон дигаргуниеро нахоҳад овард, зеро ин ҳама на ба хотири беҳбудии тоҷикистониён равона аст.
КОВА
----------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.