Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Усмон: Нақши Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ҳанӯз дақиқ арзёбӣ нашудааст...


Мусоҳиб Абдуқаюми Қаюмзод Понздаҳ сол муқаддам, дуруст, дар ҳамин рӯз Раҳмон Набиев - раиси мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи тавофуқ бо неруҳои мухолифин фармони таъсиси Ҳукумати муросои миллиро имзо кард. Таъсиси ҲММ , ки баъди ду моҳ майдоннишинии неруҳои мардумӣ - ҳаракати Растохез, созмони Лаъли Бадахшон, ҲДТ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом шуд, боис гардид, ки тазоҳургарони майдони Шаҳидон майдонро тахлия ва хона ба хона шаванд. Дар ҳайати ҲММ аз намояндагони неруҳои фавқуззикр шомил шуданд. Аз ҷумла Давлати Усмон - муовини раиси ҲНИТ - ноиби нахуствазири Тоҷикистон таъин шуд, ки бахши амният ва интизомии ҳукуматро назорат мекард. Чаро ҲММ натавонист пеши роҳи хунрезиро бигирад ва кадом авомил ва сабабҳо боис шуданд,ки ин ҳукумат ба зудӣ суқут кунад? Посухи ин суолҳоро дар мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Давлати Усмон - ноиби нахуствазири ҲММ ва вазири иқтисод ва равобити иқтисоди хориҷӣ дар солҳои 1998 - 2000 мулоҳиза фармоед:

Кадом сабабҳо боис шуданд,ки дар Тоҷикистон ҳукумате бо номи Муросои Миллӣ таъсис ёбад?


Посух: «Бо ба саҳнаи сиёсӣ омадани ҳаракатҳои озодихоҳу демократӣ ва якҷо шудани онҳо бо неруҳои мазҳабие,ки ҳадафашон ба даст овардани истиқлолият ва озодии кишвар буд, дар дар августи 1991 як эътилофе дар заминаи ин неруҳо таъсис ёфт. Ҳамаи ин нерӯҳо як ҳадаф доштанд - бо оҳистагӣ, бо роҳи сиёсӣ тағйир додани вазъияти ҳамон вақтаи кишвар, вазъияти сиёсӣ кишвар. Яъне хеле бо тариқи эволютсионӣ батадриҷ дигаргун кардани як ҳокимияти авторитарии ба меросмонда аз замони шӯравӣ. Ва ҳеҷ яке аз неруҳо ҳадафи барандохтани ҳукумати вақтро надоштанд. Ва ҳамаи тазоҳуротҳо ва ҳамаи намоишҳое,ки дар он вақтҳо сурат мегирифт бо талабҳо ва дархостҳои баргузории як интихоботи озоду шаффофу демократӣ буд. Бояд бигӯем интихоботи соли 1991 ки дар Раҳмон Набиев раиси ҷумҳурӣ интихоб шуд, то як андозае хеле демократӣ буд, бо вуҷуди ҷой доштани қонуншиканиҳо. Аммо мутаассифона иқдомоти ин ҳукумат, яъне гомҳои аввали оқои Набиев баъди ба сари қудрат омадан, ки бо таъқиб ва саркӯбии мухолифин оғоз шуд ,мувоҷеҳ ба эътирози ин неруҳо ва ба вуҷуд омадани гирдиҳамоии хеле дурудароз ва дар ниҳояти амр агар воқеиятро бигӯем, сабаби суқути ҳукумати ӯ гардид. Он замон аксарияти роҳбарияти мухолифин суқут додан ва гирифтани қудратро ҳадаф надоштанд. Лекин баъзе аз роҳбарони он вақта нуқтаи назарашон чунин буд,ки баъд аз ин гуна нотавонӣ Набиев дигар наметавонад ҳукумат биронад. Ва бояд ҳукумати Набиев барандохта шавад ва як Шӯрои давлатӣ ё ки Шӯрои инқилобӣ ташкил дода шавад. Аммо дар дохили оппозитсион аксарият бар он буданд,ки бояд ҳукумат барандохта нашавад ва оқои Набиев сари вазифа бимонад. Зеро дар ғайри сурат боиси ташвиши кишварҳои хориҷӣ, Русия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Чунки неруҳои тозабунёди сиёсӣ бо онҳо ноошно буданд. Яке аз сабабҳои аслии эҷоди Ҳукумати мусолаҳои миллӣ ҳамин буд».


Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар иҷросияи 15-ум зимни суханрониаш гуфт,ки рафтору амали неруҳои оппозитсион бештар хислати маҳаллӣ касб мекунад. Оё воқеан чунин буд?


Посух: «Ҳадафи ташкили иҷлосияи 15-уми Шӯрои олии Тоҷикистон барканории Раҳмон Набиев аз сари қудрат буд. Ин кӯшиши охирини неруҳои оппозитсион барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва ба танзим даровардани вазъияти кишвар, вале асли ҳадаф барканории оқои Набиев буд. Дар ин замина бо намояндагони шимол дар парлумони Тоҷикистон тақрибан бо ҳамаашон машварат шуда буд. Ва бояд,ки Раҳмон Набиев аз симаташ канор мерафт дар ин иҷлосия Абдулмалик Абдуллоҷонов ба ҳайси нахуствазир интихоб мешуд. Ва он салоҳиятҳое,ки раиси ҷумҳурӣ дошт байни раис парлумон ва нахуствазир то баргузории интихоботи навбатии риёсати ҷумҳурӣ тақсим мегардиданд. Чунки аллакай барои ҳама мушахас шуда буд,ки дигар Раҳмон Набиев тавоноии иҷрои вазифаи худашро надорад. Дигар умеди ҳама ба ин буд,ки бо тағйир ёфтан дар сатҳи олии сиёсии кишвар, бо омадани шахси ҷадид имкон дорад пеши роҳи хунрезӣ ва нооромӣ дар кишвар гирифта шавад. Азбаски ин кор бевосита бо барканории Раҳмон Набиев вобастагӣ дошт, фикр мекунам,ки гуфтаи собиқ раиси ҷумҳурӣ бештар аз ҳамин лиҳоз буд».



Ба ҳар навъ Ҳукумати муросои миллӣ натавонист,ки вазъияти сиёсӣ ва қудрати сиёсиро зери назорат дошта бошад ,вай хеле заъиф фаъолият мекард. Ба назари шумо кадом омилҳо боис шуданд,ки ин ҳукумат натавонад дар иҷрои вазифаҳои худ муваффақ бошад?



Посух: «Воқеан ҳам неруҳое,ки муттаҳид шуда буданд барои як ҳадафи мушахасу муайян гирди ҳам омада буданд. Аммо ботаасуф бояд гуфт,ки дар дохили ин нерӯҳо, дар дохилӣ демократҳо дар дохили Растохез дар дохилӣ дигар неруҳо масалан Наҳзати исломӣ Тоҷикистон, яъне муттаҳидиву ягонагӣ вуҷуд надошт. Ва набудани як лидер, як роҳбари ягонаи қавӣ ва бисёр ҳам бо ҷуръат яке дигар аз сабабҳои аслии шикасти Ҳукмати мусолаҳаи миллӣ шуда буд. Ва аз сабабҳои дигар надоштани барномаи мушаххас барои баровардани кишвар аз вазъияти ба вуҷудомада буд».



Баъзеҳо бар ин ақида астанд,ки яке аз сабабҳои суқути Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба яке аз вазифаҳо таъин шудани намояндаи ҲНИТ, яъне шумо будед, ки кишварҳои ҳамсоя ва умуман Русияро нигарон карда буд. Ин кишварҳо омода набуданд ба ин зудии зуд,ки аз пошхӯрии шӯравии комунистӣ фурсате нагузашта, намояндаи исломи сиёсӣ дар ҳукумат ояд. Худи шумо чӣ назар доред?



Посух: « Бешубҳа нигаронӣ вуҷуд дошт. Ин суханҳое,ки шумо гуфтед то як андоза воқеият дорад. Зеро кишварҳое мисли Ӯзбакистон ва мисли Русия, ки дар он вақт манфиатҳои бевосита дар Тоҷикистон доштанд аз ба саҳна омадани як неруи ҷадиди сиёсии ношинохта нигарон буданд. Аммо боз ҳам як мансаби муовини нахуствазир,ки ягон салоҳияте амалӣ надошт, салоҳиятҳояш маҳдуд буд, яъне назорат бар фаъолияти неруҳои қудратӣ буд, онҳоро нороҳат карда буд. Боз ҳам мегӯям,ки танҳо як нафар дар дохилӣ ҳукумат буд ва чи хеле, ки мегӯянд бо як гул баҳор намешавад. Аммо ба назари ман ин андеша воқеият надорад,ки гӯё,таъин шудани яке аз намояндагони Наҳзати исломӣ дар симати муовини нахуствазир иллати суқут ё ки иллати авҷгирии ҷанг шуда бошад. Ман фикр мекунам,ки тамоми неруҳои ҳамон вақтаи оппозитсион барои ин ду кишваре, ки манфиатҳои аслӣ дар Тоҷикистон доштанд, яъне Ӯзбакистону Русия нашинохта буданд. На танҳоҲНИТ, балки Ҳизби Демократ, ҳаракати Растохез, неруҳое буданд барои онҳо ношинохта. Ва онҳо аз ин неруҳои озодихоҳ, аз ин неруҳое,ки истиқлолияти воқеии кишварашон ва истиқлолияти воқеии давлаташонро талаб мекарданд нороҳат буданд. Барои мисол вақте собиқ вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Козирев ба Тоҷикистон ташриф оварда ва рафта буд бо Сангак Сафаров мулоқот кард, дар Душанбе бо мо на ҳамчун муовининахуствазир, балки ҳамчун яке аз роҳбарони оппозитсион мулоқот анҷом дод, ки дар ин мулоқот ҷаноби Тоҳири Абдуҷаббор ҳам ширкат доштанд. Козирев ба ман гуфт, ки Сангак Сафаров истеъфои шуморо талаб мекунад ва мегӯяд шумо, ки аз симмат канора равед, қазия ҳал мешавад. Дар он вақт ба оқои Козирев гуфтам, ки ба ман хеле шигифтовар аст,ки вазири корҳои хориҷии як кишвари хеле бузург бо як ҷинояткоре, ки 23 сол собиқаи зиндон дорад, рафта мулоқот мекунад ва талаби ӯро барои ҳукумати мо пешниҳод мекунад. Албатта ман хеле афсӯс мехурам. Лекин ба тариқи расмӣ изҳор медорам, агар санаде имзо шавад ,ки имрӯз хунрезӣ дар Тоҷикистон қатъ мешавад ва бо рафтани ман ҳама ором мешавад,ман аз ҳамин алъон ҳозирам, ки дар ҳузури шумо чунин як санадро имзо кунам ва Ҳукумати мусолиҳаи миллиро тарк кунам. Вале албатта ман бо оқои Козирев гуфтам ин нооромиҳо омилҳои хориҷӣ дорад ва ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон бо рафтани як нафару ду нафар мушкил ҳал намешавад, балки боз ҳам авзоъ муташаниҷтар мешавад»




Вақте Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ташкил шуд ду вилояти асосии Тоҷикистон Кӯлоб ва Ленинобод онро қабул накарданд. Ба назари шумо чаро ин вилоятҳо ҲММ-ро қабул накарданд?




Посух:«Ҳанӯз қабл аз ташкили Ҳукумати мусолаҳаи миллӣ он қудратҳое, ки неруҳои тоза нафаси сиёсиро қабул надоштанд - Русия ва Ӯзбакистон ҳанӯз ҳатто пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991 аллакай онҳо кишварро ба ду тақсим карда буданд. Шимоли кишваро бо як қисмати ҷануб ва бо мардуми ӯзбакзабон муттаҳид карда буданд. Ва нашинохтани Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ҳам барномаи қаблан тарҳрезӣ шуда буд.»



Мегӯянд, ки Ҳукмати муросои миллӣ аз юриши Сафаралӣ Кенҷаев дар октябри соли 1992 қаблан огаҳӣ дошт. Вале ҳеҷ гуна иқдоме барои ҷилавгирӣ аз ин ҳуҷум аз тарафи Ҳукмати муросои миллӣ сурат нагирифт. Сабаб чӣ буд?

Посух: «Метавонам ҳамчун шахсе,ки дар он вақт органҳои қудратиро зери назорат дошт бигӯям,ки воқеан ҳам ман чунин як маълумотро шахсан ду рӯз қабл аз ба вуҷуд омадани кудато гирифта будам. Аммо маълумот дақиқ набуд, маълумот тавассути як гурӯҳи ғайриҳирфаӣ расида буд. Бо вуҷуди ин ҳам вақте, ки мо ба вазорати дохила супориш додем ва тавсия кардем,ки онҳо то Регар неруҳошонро пеш баранд ва дар онҷо постҳо бигзоранд, аммо мутаассифона вазорати дохила фалаҷ шуда буд, аз ҳам гусехта буд. Аллакай ду дастагӣ, се дастаги дар дохили вазорати дохила сурат гирифта буд. Вазорати дохила пурра ба Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ итоат намекард. Барои ҳамин неруҳои зудамали вазорати дохила ин супориши моро иҷро карда натавонистанд».


Оқибат ин гуна шуд,ки дар моҳи сентябри соли 1992 дар фурудгоҳи Душанбе Раҳмон Набиев ба истеъфо фиристода шуд ба таври маҷбурӣ. Оё воқеан ба истеъфо фиристодани Раҳмон Набиев аз рӯи нақшаи қаблан тарҳрезишуда сурат гирифта буд ва ё амри тасодуф буд?


Посух: «Амри тасодуф набуд. Ман фикр мекунам, ки иҷрокунандагони амр ва ин кор шояд ҳам бигӯем, ки гӯркови Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ гаштанд. Яъне ин яке аз сабабҳои хеле тезу суқут кардани ҲММ шуд. Худи ман ҳам, ки ҳамроҳи раиси ҷумҳурӣ будам ба ҳайси гаравгон дар фурудгоҳ ҳузур доштам. Ҳарчанд кӯшиш кардам,ки вазъиятро аз ин ҳолат берун кунам, лекин натавонистам. Чунки онҳое,ки ин корро иҷро карданд, хеле қотеъ буданд. Албатта ман намегӯям,ки онҳо бе восита супориш гирифта буданд, аммо дар ин миён омилҳое буданд, ки ин нақшаро бо дастони онҳо амалӣ кард. Агар чанде,ки бисёриҳо дар ин кор наҷотро медиданд. Яъне бо рафтани Набиев ва ба қудрат расидани як шахси қотеъ, ки битавонад вазъиятро зери контрол гирад.Аммо мутаассифона ин тавр набуд. Зеро кайҳо дер шуда буд, барои бо зӯрӣ ба истеъфо бурдани Набиев ва иқдоме матлуб ҳам набуд».



Оё мешавад гуфт,ки Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ кадом корҳои некеро ба анҷом расонида аст?



Посух: "Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ин як ҷузъи таърихи кишвар аст, ки яке аз нақшаҳои асосиро дар таҳким ва тақвияти озодӣ ва истиқлолияти кишвар бозидааст. Хусусан табақаи зиёии кишварро бедор кард. Агар чанде, ки натавонист вазифаи аслии худ раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ ва низомиро анҷом диҳад, аммо фикр мекунам,ки дар таърихи кишвар як ҳукумате ки барои барқарории низоми демократӣ,барои барқарории озодӣ, барои истиқлолияти кишвар мисли ҳукумати замони Мусаддиқи Эрон ифои нақш кардааст. Нақши Ҳукумати мусолаҳаи миллӣ бо гузашти замонҳо хеле хуб шинохта мешавад ва ҳамон корҳое,ки анҷом додааст фикр мекунам аз ҷониби мардуми кишвари Тоҷикистон баҳои воқеӣ мегирад. Барои бедории фарҳангӣ, барои бедории миллӣ Ҳукумати мусолаҳаи миллӣ хеле корҳоро анҷом додааст".
XS
SM
MD
LG