Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиряхи Федченко об мешавад


Масъулини ҳизфи муҳити зист дар кишвар мегӯянд, дар тӯли 77 соли ахир ин пирях то 1000 метр ба поин лағжидааст ва тақрибан дар ҳар 15 сол барои як бор хатари канда шудан ва басташавии роҳи Рӯдхонаи Омӯ, бузургтарин дарё дар мавзеъи ҷануби кишвар рӯ мезанад. Ин дар ҳолест, ки пиряхҳои дар кӯҳҳои пасттар мавқеъдошта ҳамакнун пурра маҳв шудаанд ва ҷои ин пиряхҳо, ки умри саду ҳазорсола доранд, ҳамакнун чарогоҳҳо ба миён омадаанд. Коршиносон мегӯянд, агар вазъ тағйир наёбад, обшавии сартосарии пиряхҳои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ ба муҳити зисти қораи Осиё доранд.

Анвар Ҳомидов, корманди Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, бар тибқи пажӯҳишоти олимони тоҷик, тағйири саросарии иқлим дар кӯраи Замин ва болоравии ақрабаки ҳарорат бар сӯи гармӣ аз сабабҳои аслии обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон аст. Оқои Ҳомидов афзуд, ин дар ҳолест, ки обшавӣ ва лағзшии босуръаттари пиряхҳо маҳз дар қуллаҳои баландтарини қаторкӯҳҳо мушоҳида шудааст. Ӯ мегӯяд, пиряхҳо бештар дар баландии то 3000 метр аз сатҳи баҳр об шудаанд.

Обшавии пиряхҳо ҳамакнун Тоҷикистонро пешорӯи мушкили дигар – баландшавии дарёҳо ва селбурии маҳаллоти зисти мардум қарор додааст. Ҳамасола дарёҳо пуроб шудаву ба иқтисоди миллӣ даҳҳо миллион сомонӣ зарар мерасонанд. Ба гунаи мисол, танҳо дар чаҳор рӯзи моҳи май бар асари селхезӣ ва болоравии сатҳи оби дарёҳо ба иқтисоди миллӣ ҳудуди 8,5 миллион сомонӣ баробар ба 2 млн 400.ҳазор доллари амрикоӣ зиён расидааст. Вале пешгӯиҳои олимони соҳа хушбинкунанда нестанд.

Бино бар пешгӯии донишмандони НАСА, ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон то соли 2080 дар натиҷаи гармшавии ҷаҳонии иқлим тақрибан 5 дараҷа боло меравад. Ин дар ҳолест, ки коршиносони СММ қаблан эҳтимоли аз ду то севуним дарсад боло рафтани ҳарорати ҳаворо то соли 2100 пешгӯӣ мекард. Вале хатари дигар сари пиряхҳои кишвар ва маъохизи об дар Осиёи Марказӣ ҳамоно газ ва партобҳои кимиёии корхонаҳо боқӣ мемонанд.

Баҳром Маҳмадалиев, садри раёсати назорат бар муҳити зисти пойтахт мегӯяд, газҳое, ки аз дудкашҳои мошинҳо истихроҷ мешаванд, ҳам ба муҳити зист дар Душанбе ва ҳам ба фазои кишвар зиёноваранд, ки дар маҷмӯъ ин ҳама боз ҳам сари обшавии пиряхҳо мекашад. Хуршед Додобоев, дуктури улуми биоложӣ мегӯяд, истихроҷи газҳои гулхонаӣ, обшавии пиряхҳо ва гармшавии глобалӣ ба биёбоншавии заминҳои кишт дар кишвар меорад.

Пиряхи Федченко муҳимтарин ва бузургтарин кони об дар миёни 9139 пиряхи дигар дар кӯҳистони Помир маҳсуб меравад. Дар маҷмӯъ, ин пиряхҳо ҳудуди 560 километри мукаааб ях доранд. Беш аз 1000 пирях арзу тӯли беш аз 1, 500 метр доранд. Дарозии маъхази ях дар 16 тои дигар аз 16000 метр зиёд аст. Вале арзу тӯли пиряхи Федченко билоқиёс бо ин ҳама пиряхҳо будаву 71 километрро ташкил дода дар баландии 6000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, ғафсии ях дар он 150 метр аст. Вазни пиряхҳои Помир хеле зиёд аст. Олимон танҳо вазни пиряхи Хирсонро, ки дар солҳои 1963, 1973 ва 1989 яъне тақрибан дар даҳ сол як бор мелағжад, ҳисоб кардаанд, ки он 270 миллион тонна яхро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG