Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом падидаҳо душмани сулҳанд?


Баҳси гузашта.

«Нури офтоби озодӣ ва истиқлолият чашмони моро кӯр кард ва мо раҳгум задему нафаҳмидем, ки ба партгоҳи ҷанги бародаркушона фурӯ афтодем». Э. Раҳмонов

Ман ба ин суханҳо чизе намеафзоям.
--------------------------------------

Танҳо як суол ба бародарони азиз дорам.
Ҳамон ҷанге, ки аз сулҳаш сухан мекунед, Эмомалӣ Раҳмон сар кард ё каси дигар?

Ва касе, ки ба фаъолияти пеш аз соли 1999-и Раҳмон хатти бутлон мекашад, душмани тоҷикон аст, дигар ҳамааш ҳеҷ.

Суғдӣ.
--------------------------------------

Салом, бародарони гиромӣ!

Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ҳукумати имрӯзаи мо ба ин корҳое, ки зидди ислом ва мусалмонҳо мекунад,далолат ба ин мекунад, ки худаш зидди Сулҳ мебошад. Чунки, вақте ки ҳукумат сулҳ кард ва озодиву ҳуқуқи инсонро эътироф кард, аммо имрӯз ҳеч яке аз ҳуқуқи мусалмонҳоро намедиҳад, албатта, сабаби дубора ҷангу ҷанҷол ва хароб шудани ҳукумати мо худаш зидди сулҳ аст. Зеро тинҷ намеистад.

Бо эҳтиром, бародаратон Абдуллоҳ.
--------------------------------------

Салом, радиои «Озодӣ»!

Намедонед чаро мардум хап-хомӯш? Вале ман медонам. Чароки, аввал, инки медонанд мардум ва ҳаводорони радиои «Озодӣ», ки дар дар ин хусус гап фоида надорад. Дуюм, дирӯз дар Интенет-кафе дар назди Фурӯшгоҳи марказӣ ду мард (ба фикрам, аз ким-кадом ниҳоди қудратӣ буданд) мепурсиданд, аз касе, ки дар назди Интернет-кафе нишастагӣ буд, мепурсиданд, ки ту аз куҷоӣ ва чи кор мекунӣ дар Интернет-кафе? Баъд соҳиби Интернет-кафе гуфт, ки, илтимос, «Озодӣ»-да надроен, «Ислам.ру»-да надроен, ки мора ғам метиян.

О, ана ҳамин ҳам сулҳ шуд? Ана режим, ана диктаторӣ! Мардуми бечораро аз ҳақҳои конститутсионии худашон маҳрум карда истодаанд. Воқуан, дар ҷони ширинамон зада истодаанд!

Охир, ҳамин гапҳоеро, ки дар сомонаи интернетии радиои «Озодӣ» ба табъ мерасанд, баъди чанд рӯз 90%-и рӯзномаҳо («Зиндагӣ», «Миллат» ва...) аз шумо копӣ карда чоп мекунанд. Дигар рӯзномахонит намефорад, вақте ки як хабарро 5 рӯз пеш дар «Озодӣ» мехониву баъд бисёре аз рӯзномаҳо онро нарезондаву нвчаконда чоп мекунанд.

ТВТ ва «Сафина» фақат «Ориёием, аз хуни Сиёвушем, сулҳофарин ҷаноби олӣ, расму анъанаҳо, дигар як филми босмачикушӣ ё як филмеро, ки ман 45 сол пеш онро дида будам, ба намоиш мегузоранд.

Ин аст, рӯзгори як марде, ки солҳо хизмати давлату миллат кардааст ва феълан ба нафақа баромадаааст. Намедонам чи кор кунам.

Бо эҳтироми самимӣ, Абдулло Маҳмуд.
--------------------------------------

Салом ба мардуми азизи Тоҷикистон!

Падидаи асосии сулҳ имрӯз дар Тоҷикистони азизамон ҳамин ҳукумати имрӯза мебошад. Ҳукумат имрӯз ба чизҳое даст зада истодааст, ки ҳеч фарди одилро хомӯш намегузорад ва рӯзе косаи сабр лабрез шуда, боз нооромӣ дар ҷумҳурӣ сар мезанад.

Ҳукуматдорон имрӯз чунон мағрур шуданд, ки даст ба муқаддасоти мардумимусалмон зада истодаанд ва ин корест бисёр ҳам хато ва сабаби нооромӣ дар Ватани азиз шуда метавонад.

Ҳукумат имрӯз мухолифини собиқро, аввалан, аз вазифа озод кард ва ҳоло бо ҳар баҳонаи дурӯғ айдор карда, ба зиндон кашида истодааст. Ин кор бисёр ноҷавонмардона ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ноҷавонмардии худро нисбат ба мухолифини собиқ ва хоссатан Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ кард.

Бо умеди пирӯзӣ бар золимон ва душманони сулҳи Майҳан,
Тоҷики доғдор.
--------------------------------------

Душмани сулҳи Тоҷикистон, ба ақидаи ман, худи ҳукумати Торикистон аст... Дигар ҳеч кас.

Бибинед, ин замонҳо рикобдорону лаҷомдорон ба чи кор машғуланд? Фақат сиёҳу олуда кардани собиқ мухолифин, ҳамчунин куштану аз сари қудрат дур кардани онҳо. Гӯиё, фақат модарони Данғараву Фархор вазиру кабир мезоянд, аз қисматҳои дигари кишвар танҳо муҳоҷиру меҳнаткаш? Хуллас, гӯиё, боз сулҳро фақат Э. Раҳмон кардааст: бехабар аз онки карсак аз ду даст аст - агар тарафи даргире оштиро намехост, Э. Раҳмонов бо кӣ сулҳ мекард?

Устод Нурӣ, ҷояш ҷаннат, бо онки ҳудуди 65 дарсади Тоҷикистонро таҳти контрол дошт (ҳатто то соли 1997 шабона Душанбе ҳам таҳти тасарруфи муҷоҳидин буд), бо ин афроди хиёнатпеша сулҳ карду худро ба дард печонд ва аламро ба хок бурд! Ва расидем ба ЗИҲӢ ИМОМАЛӢ! то куҷо меравем, суоли рӯз аст, ВАҚТ, иншоалоҳ, нишон медиҳад!

Бехонаи Оламгир.
--------------------------------------

Салом ба дастандаркорони радиои Озодӣ. Медонам шумо инро нашр намекунед,лекин боз менависам. Сулҳи Тоҷикистон дар дунё назир надорад. Ва дар ягон ҷойи олам чунин коре накардаанд ва низ инро бояд гуфт,ки ҳеҷ давлате чунин мухолифонашро фиреб надодааст,зеро мухолифини ҳар давлат медонанд,ки онҳоро чӣ сарнавиште интизор аст ва мухолифини давлати моро коре карданд,ки дигар нафас кашида натавонанд. Ва ё ҳизби исломии бардурӯғро иҷозат доданд,ки бечораҳо фақат дар таъқибанд. Ва роҳбаронашро ё куштанд, ё бемори мудомулумр карданд. Инаш ба ҳама маълум. Оқои Раҳмон дар ҳангоми марги устод Нурӣ худ дар Ҳинд буду телевизиони тоҷик бошад,ҳарфе аз дар гузашти Нурӣ назад. Ва ҳатто таслият гуфтанро раво надонист. Агар як занбур парвоз ё як раққоса бимирад,се рӯз эълон мекунад,ё ягон муздури давлатӣ. Оё ин сулҳ аст? Ҳамеша ТВТ ба ғайр аз номи Эмомалӣ дар сулҳофаринӣ каси дигарро дахил намедонад. Охир агар Нурӣ сулҳ намекард, чӣ мешуд? Дар 9 солагии сулҳи тоҷикон дар Рашт Нурии бечораро дар суханронӣ вақт надоданд. Вале боз бо он беморӣ бечора иштирок кард.Вале беҳурматии зиёд барояш карданд.

Бо эҳтиром Абдуллоҳи Маҳмуд.







Салом, кормандони радиои Озодӣ!

Ман ҳайрон мемонам, ки наход суоли беҳтаре наёфтед, ки чунин суолро матраҳ месозед, душмани сулҳ танҳо ҷангу хунрезӣ будаметавонад. Дар Тоҷикистони мо хушбахтона бо кӯшиши худи мардуми бофарҳанги тоҷик сулҳ омад. Аммо барои ҳар сулҳ таҳкиму густариш даркор ва ин пешравӣ танҳо дар сурате амалӣ мешавад, агар дар тамоми сохтори давлатӣ кадрҳои болаёқат ва ватандӯст кор кунанд. Аммо тасаввур кунед, ки дар курсӣ нишаста манфиати шахсӣ проблемаи рақами 1-и курсинишин бошад чӣ гуна давлат ва ҷамъият рушд мекунад ва ё ин курсинишин «Алифбо»-ро базӯр хонда метавонад... Барои ин тағйироти ҷиддии кадрӣ дар зиёда аз 50 фисади сохтори ҳукумати кишвар лозим аст, зеро ин ягона масъалаест, ки монеъи рушди он сулҳу истиқлолияти ба дастомада мебошад. Барои ин гуна кадрҳо муваффақият мехоҳам.

АКМАЛ, ноҳияи Шуғнон



Ман ҳайронам, дар сарзамине, ки режими тоталитарӣ ҳукумрон аст, озодии сухан валангору миқдори зиёди сокинони кишвар аз нодорӣ ғарибу сарсонанд, чӣ гуна мумкин аст даҳ солагии сулҳро таҷлил кард?
Оё мо чунин «сулҳ»-ро меҷустем ? Сарони кишвар аз сулҳ ҳарф мезананду бар гузашта салавот мегуянд.Пас барои чӣ сарбозони мухолифини пешин, то ҳол махбусанд?
Сулҳ ин баробарӣ ва баробарҳуқуқӣ барои ҳамагон аст!
Пас чаро беҳбудии иқтисодӣ танҳо дар Хатлону Суғд мушоҳида мешавад? Бале, мо сулҳ дорем, аммо на оригинал, балки карикатураашро!

Кова


Салом, бародарони азиз!

Падидаҳои душмани сулҳ зиёданд. Ман яке аз онҳоро мисол меорам ва шумо аз рӯи инсоф рӯи он қазоват кунед.

Баъди онки қисми зиёди мухолифин ва мардуми осоиштаи Вахшонзамин аз тарафи ҳомиёни "сохти конститутсионӣ" аз дарёи Панҷ он тараф шуданд, ҳукуматдорони нави Тоҷикистон, ки ҳоло ҳам рӯи кор ҳастанд ва умуман рафтанӣ нестанд, фикр карданд, ки қисмати инҳо ҳам ба мисли қисмати ҳамон тоҷикони солҳои 30-и асри гузашта мешавад. Барои ҳамин ҳам вақте ки дар солҳои аввал ҳар дафъа касе аз имкони сулҳ бастан сухан оғоз мекард, ин "ғолибон" бепарвоёна мегуфтанд, ки «бо он душманони халқи тоҷик, ки дасташон то оринҷ дар хуни миллат олуда аст, ҳаргиз сари мизи гуфтушунид намешинанд» ва ғайра ва ҳоказо. Баъдхо "илтифот" карда мегуфтагӣ шуданд, ки "хайр, майлаш, халқи одӣ метавонад бе ҳарос баргардад, вале онҳое, ки дар назди ҳукумат ва қонун гунаҳгоранд, агар биёянд, дар назди қонун ҷавоб мегӯянд" (яъне зиндон мешаванд ё ба қатл мерасанд).

Баъд сиёсатмадорони Русия ва Эрон ҳарду тарафро сулҳу оштӣ кардан водор карданд, ки ба ҳама маълум аст. Чи гуна "сулҳ" шуд - инро низ ҳама медонанд (охир, мардум ба он дарача беақл нест, ки ин чизҳоро нафаҳмад).

Хулоса, оппозитсияро фиреб дода, ба Тоҷикистон оварданд ва ба онҳо аз ҳамон шарти асосии сулҳ, ки ишғоли 30 фоизи ҳукумат дар ҳамаи сатҳҳои давлатдорӣ аз тарафи намояндагони мухолифин буд, қариб 5 дарсадашро доданду халос. Баъд ин 5-фоизаро ҳам ба фасоду коррупсия олуда карданду онҳоро муттаҳам намуданд ва даҳонашонро бастанд, ки дигар даъвои зиёдтаре накунанд. Кор шуд ҳал.

Ҳоло боз тарафдорони ҳукумат даъво доранд, ки сулҳ танҳо натиҷаи кӯшишҳои Э. Ш. Раҳмонов асту халос. Яъне, никакой оппозиции! Пеш дар мавриди сулҳ ва ба даст овардани он, камтарак ҳам бошад, номи оппозитсия ва Нуриро мегирифтанд, аммо ҳозир чи? Агар бовар накунед, марҳамат телевизорҳоятонро гирон кунед ва гӯш кунед: «Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон... Ман ориёиям, ман ориёиям.....»

Ҳар рӯз мешунавем ва дар газетаҳо мехонем, ки сулҳро ба ин миллат Э. Раҳмон ва тарафи ҳукумати қонунӣ овард, кори оппозитсия бошад фақат героин ва маводди мухаддир кашондан асту халос! Мисоли охираш боздошти Эшони Дарози тарафи мухолифин мебошад.

Гапҳои дигарамро нагӯям ҳам мешавад. Хайр, бароятон фақат як дуо мекунам, ки ақаллан сиҳҳатманду саломат бошед, он тарафаш - кори Худо.
Бародари шумо Сафдар, шаҳри Душанбе.
---------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG