Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров имсол нахуст дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Укроин пирӯз шуда, бо натиҷаи 77 метру 9 сантиметр меъёри олимпиро ба ҷо овард. Баъдан ӯ дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Узбакистон ғолиб гардид. Моҳи июн бошад, Дилшод Назаров ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар гурзандозӣ даст ёфт. Вай дар айни ҳол дар шаҳри Новая Каховкаи Укроин тамрин карда, ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки ахири моҳи август дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.
Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳри Томски Русия мақоми севвумро касб кард.
Гроссмейстери тоҷик чун ғолиби ин мусобиқот - Андрей Гутов, аз Русия ва чаҳор нафари дигар дар нӯҳ дидор ҳафт имтиёз ба даст овард, вале аз рӯи нишондоди иловагӣ севвум шуд.
Дастаҳои футболи лигаи олӣ барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар ду гурӯҳ талош доранд.
Дар даври навбатии мусобиқот CSКА «Помир»-и Душанбе, ки дар майдони худ бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 2 пирӯз шуд, бо 6 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «А» ба зинаи севвум баромад. Дар ин гурӯҳ «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 10 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст. Вале «Регар» ТадАЗ нисбат ба «Вахш» як бозӣ камтар анҷом додааст.
«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дастаи меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод ва бо 6 имтиёз дар зинаи дуввуми ҷадвали гурӯҳи «Б» ҷойгир шудааст. Дар ин гурӯҳ «ХИМА»-и Душанбе бо 9 имтиёз аз се бозӣ пешсаф мебошад.
Аҷмал Амиров, давандаи тоҷик дар яке аз давраҳои мусобиқоти осиёии Гран-при дар Ҳиндустон соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Вай дар давидан ба масофаи 3 ҳазор метр бо натиҷаи 8 дақиқаю 16, 06 сония ҷойи севвумро касб кард ва ҳамчунин рекорди шахсӣ гузошт.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Фирдавс Азизов низ дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Русия дар шаҳри Жуковский дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1 дақиқаю 54 сония севвум шуд ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.