Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Афғонистони Райҳона бо чи меанҷомад?


Муҳайё Нозимова, хабарнигор ва яке аз муаллифони мақолаи «Райҳона пи-пи-пи. Афғонистон», ки боиси шикояти додгоҳии овозхон Райҳона Раҳимова шудааст, гуфт: «То ин замон ба прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шикоятӣ навишта будем, ки ин парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шавад, чун ғайриқонунӣ аст. Аммо то ҳол ҷавобе нагирифтем ва ба хулосае омадем, ки бевосита ба президенти кишвар муроҷиат кунем. Аслан, умед мекунем, вақте нома ба ҷаноби олӣ расид, ҳатман чора дида мешавад ва боварӣ дорем, ки ин қазия тибқи қонун баррасӣ шавад».

Дар матлабе хабарнигорони ҳафтаномаи «Овоза» бо тамошои навори барномаи консертии овозхон Райҳона Раҳимова дар Афғонистон, ки дар сомонаи интернетии «clips.mynet.tj» ҷойгузин шуда буд, бо ҷамъоварии вокунишҳои зиёди хонандагони сомонаи мазкур, ки аксаран аз суханҳои қабеҳ иборатанд, мақолаеро пешкаши хонандагони ҳафтанома намудаанд. Вале дар матлаби хабарнигорон вожаҳои қабеҳи корбарони Интернет нисбати Райҳона ба ибораи «пи-пи-пи» табдил шудааст.

«Ана ҳамун кулоҳе, ки дар сари ҳамун ҷавонмард ҳастай, ҳамуна манба туҳфа кунеееед (механдад) . Ана ҳамун ҷилойӣ. Э шумо чӣ қафо нигоҳ мекунед, ҳамун шумо ...оооо.. туҳфа... хоҳед-нахоҳед, мегирам. Дилатон нашудост додан? Худатон дасти худатон катӣ тиед, илтимоооос. Хай, то ҳамин хелӣ накунӣ, туҳфа намекунанд худашон, чӣ кор кунам».

Дар матлаби «Райҳона пи-пи-пи. Афғонистон» бештар ана ҳамин саҳнаи рафтору суханронии овозхон Райҳона, ки дар он ӯ аз тамошогари афғон хоҳиши гирифтани кӯлоҳи афғониро мекунад, танқид шудааст.

Рӯзноманигорон пофишорӣ доранд, ки дар навиштаи онҳо туҳмату таҳқири шахсият ҷой надошт ва онҳо танҳо тарзи рафтори ҳунармандро дар саҳна танқид кардаанд. Саида Қурбонова, собиқ сардабири нашрияи «Овоза»,
«Дар мақола ягон таҳқир набуд, танҳо иқтибос аз сайт оварда шудааст, ки, бубинед, ин суруд дар сомонаи интернетӣ ҳаст ва онро тамоми ҷаҳон тамошо мекунад, ҳатман дар онҷо як ҳақорат ҳаст. Мақоларо навиштем, то бигзор чунин сарояндагоне, ки сафарҳои ҳунарӣ гуфта, аз номи миллату фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар баромад мекунанд зери назорат гирифта шаванд».

Ва аммо ҷавононе, ки ин наворро аз тариқи Инетрнет дидаву малаби нашрияи «Овоза»-ро мутолиа кардааанд, дар робита ба ин қазия назарҳои мухталиф доранд. Бисёриҳо аз ҳунарнамоӣ ва рафтору суханронии ин овозхони тоҷик дар назди сокинони Афғонистон норозианд, аммо гурӯҳи дигар бар ин боваранд, ки дар матлаби «Овоза» рӯзноманигорон аз ҳадди ахлоқи рӯзноманигорӣ як андоза берун омадаанд. Аксарият мегӯянд, аз мантиқ берун аст, ки рӯзноманигорон ҷорисозии назоратро бар фаъолияти ҳунармандон тақозо кунанд.

«Клипаша тамошо кардум, - мегӯяд як ҷавон. - Наход, ки овозхон аз тамошобини худ чизе талбад. Ин дар ягон ҷо рост намеояд. Дигар ин, ки таронаҳояш аслан бемантиқанд... Аз Тоҷикистон рафта, дар Афғонистон як суруди - туркӣ буд ё, намедонам, узбакӣ - мехонад».

Рафиқи ӯ бошад чунин мегӯяд: «Вақте кас ин мақоларо мехонад, ҳис мекунад, ки журналистон ҳангоми наиштаани мақола ба эҳсосот дода шудаанд. Журналист бояд ҳангоми навиштан ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот дода нашавад, ӯ бояд ба чор тарафи худ назар кунад ва пекш аз навиштан хуб фикр кунад. Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳам, фикр мекунам, ин то андозае нақзи ҳуқуқи як шаҳрванд аст».

Гулмурод Малиев, як масъули вазорати фарҳанг: «Агар мо сафари ҳунарии овозхонон ва ё барномаҳои онҳоро маҳдуд кунем, ин аллакай қонуни ҷумҳуриро гӯё поймол мекунем, чунки ҳоло дар кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба ташкили чунин чорабиниҳо дорад. Аммо, ба ҳар ҳол, мо қарор қабул карда истодаем барои ба танзим даровардани сафарҳои ҳунарӣ. Пешниҳод мекунем ва баъд маълум хоҳад шуд, ки оё қабул мешавад ё на».

Ва аммо ин ҳам дар ҳолест, ки то замони аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонун таҳқиқ шудани қазияашон хабарнигорони нашрияи «Овоза» Саида Қурбонова, Фарангиси Музаффар ва Муҳайё Нозимова наметавонанд маҳалли зисти худро тарк кунанд.

Oyandasoz.rferl.org
XS
SM
MD
LG