Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯ ва пахта


Navishtajoti ba'zehoro mutole'a karda ba khulosa omadam ki yo man beaqlum, yo muallifoni satrhoi zer suporishi hukumatro ijro mekunand. O barodaron, zamoni shuroho guzasht, va ammo ba'zeho holo ham bar onand ki guyo bo shiorho meshavad kasero qanoatmand kard.

Holo zamoni munosiboti bozargoni va baroi in ham donishju puli khudro ba donishgoh mepardozad va ammo dehqon pakhta furukhta daromad mekunad. Agar khojagiho ba nerui korii ilovagi niyoz dorand pas az kissai khud korgar kiro kunand. Zamoni "khalyava" guzasht...

Kallai donishjuro bo donish pur kunen na bo shiorhoi bardurugh.
Afandi
--------------------------------



Салом ба ҳамаи баҳскунандагони майдони баҳс!

Магар хаёл мекунӣ, ки ҳама аз кадом ҳизби мухолифи давлат бархостаанд ва Тоҷикистонро тотолитарин давлати ҷаҳон хондаанд. Ин тавр нест, бародарон. Тоҷикистонро мову Шумо обод мекунем. Каси дигаре барои сарнавишти мо МАСЪУЛ нест. Эъломияи хуқуқи башарро пеш аз ҳама пешгомони демокросӣ дағалона нақз мекунанд. Куштани ин қадар шаҳрванди бегуноҳ дар Ироқ аз ҷониби АМРИКО ва давлатҳои дигари ҳаммаслакаш магар нақзи ҳуқуқи инсон нест?! Ё фақат пахтачинӣ хуқуқвайронкунӣ аст. Аммо, бародарон, мо бояд дар ҷамъоварии ашёи истротежии мамлакат, ки рушди Точикистон ба он низ бастагӣ дорад, саҳм бигирем.

И. С.
--------------------------------------

Ман ҳайронам, ки чаро, агар пахта барои ҷумҳуриямон муҳим бошад, донишҷӯёни танҳо вилоятҳои Суғд ва Хатлон пахтачинӣ мераванду студентони дигар донишгоҳу донишкадаҳо не? Махсусан, донишҷӯёни шаҳри Душанбе.

Лекин, агар ҳаққи гапро гӯем, ягон донишҷӯ набояд пахтачинӣ кунад, зеро вазифаи асосии донишҷӯён хондан аст, яъне дониш ҷустан. Охир, онҳоро беҳуда донишҷӯй наменоманд! Онҳо бояд ба хондану таҳсил машғул шуда, дар оянда кадрҳ ва мутахассисони варзида шаванд, ки барои чумҳурӣ фоидаашон расад.
Пахтаро бошад бояд пахтакор чинад ва, агар лозим шавад, худи раиси колхозҳо ба онҳо ёрдам кунанд.

Бо эҳтиром, Исматуллоҳ,
ноҳияи Ҳисор.
--------------------------------------

Пахтаро чинад, донишҷӯй чинад-дия, ҷанобон! О, пахтаро агар донишҷӯ начинад, боз кӣ чиданаш мумкин? Фикр мекунам, ЯГОН кас. Деҳқон намечинад, савдогари бозор намечинад, ҳатто тракторчӣ ҳам аз пахтачинӣ безор шудааст. Кӣ чиданаш лозим? ДОНИШҶӮЙ!

Барои он, ки беминнату бе ягон мамониат мурда-мурда зери халтаи лойолуд пахтаро бо фиребу найранг як бало карда мечинад... Бечора, деҳқон ҳам аз ҳамин чидани донишҷӯён, ба ростӣ, безор шудааст... Барои деҳқони имрӯзаи тоҷик муҳим пахтачиниву пахтакорӣ нест, барои ӯ муҳим аз хама заминро пур кардану аз фючеристҳо ҳазор-ҳазор доллар қарздоршавӣ асту халос. Медонад, ки ягон рӯз давлат қарзи онҳо гирифтаву хурдаро мебахшад, ба қарзгириву қарзкорӣ одат кардааст деҳқони тоҷик.

Беҳтарин роҳ ва пешниҳод ин аст, ки кишти пахта дар марҳилаи имрӯза дар Тоҷикистон маъние надорад. На давлат аз ин суде мебинаду на ҷамъият. Беҳтар он аст, ки барои худфиребдиҳии якдигар ба дигар кор машғул бишавем. Деҳқони тоҷик бояд дар ин заминҳои пахтазор дарахтони меваҳои тропикӣ кишт карда, АНАНАСУ БАНАН ВА МАНДАРИН рӯёнад. Дар ин сурат, Тоҷикистон Амрико мешаваду АМРИКО низ бо Тоҷикистон наздиктар мешавад.

Бо эҳтиром ва хаёли пурдарпеч, СОМОН.
--------------------------------------

Салом ба ҳама!

Бисёр мавзӯъи хуб ва саривақтӣ. Аввал мехостам, ки як сухани бародари азиз Самакро дар инҷо биёрам. Ӯ менависад: «Вазифаи мо, донишҷӯён, дониш омӯхтан аст, на пахтачинӣ, ҷаноби вазир!»

Ҳаққи гапро гуфтааст! Воқиъан ҳам, магар ҷаноби вазири маориф намедонад, ки вазифаи донишҷӯй таҳсил карда, дар оянда кадри дурусту ҳаматарафа босавод шудан аст, на инки мурда-мурда пахта чидан! Хайр, ана фарз кардем, ки вазир инро намедонад. Лекин президенти кишвар ба куҷо нигоҳ мекунад ва магар вай ин қонунвайронкунӣ ва рӯирост поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандонашро намебинад?! Агар мебинад, пас чаро онҳоро ҳимоят намекунад??

Дар бораи «беспределӣ»-ҳои ин вазир чанде пеш газетаи «Нигоҳ» ду саҳифа мақолаи танқидӣ чоп карда буд, вале Абдуҷаббор Раҳмонов ҳанӯз ҳам вазири маориф аст, ҳол он ки бо ин қилиқҳояш ӯро ҳатто муаллими мактаби миёна мондан хатарнок аст! Охир, кӣ ба вай ҳуқуқ додааст, ки студентонро маҷбурӣ ба пахтачинӣ фиристад???

Бародари дигарамон Фаромарз ҳам бисёр номаи хуб навиштаанд, ки ман ҳам 100 фоиз тарафдори ҳамаи суханҳои ӯ мебошам.

Дар ин кор ман айби донишҷӯёнро ҳам мебинам. Барои онки онҳо ғулом барин ба ин фармони ғайриҳуқуқъ розъ шуда, ба пахтачинӣ рафтанд. Бояд намерафтанд. Ҳамаашон намерафтанд ва он вақт медидем, ки чи хел онҳоро аз мактабҳои олӣ хориҷ мекунанд. Намекунанд ва карда ҳам наметавонанд! Лекин ин вазир медонад, ки онҳо ғуломтабиат ҳастанд, барои ҳамин ҳам ба онҳо фармон медиҳад, ки ба пахтачинӣ раванд ва онҳо ғуломвор мераванд.

Ба фикри ман, ғуломии тоҷикон ҳам аз ҳамин сар мешавад. Ин студентони пахтачин фардо ҳатман ғулом мешаванд, ҳар фармони бемаъние, ки ба онҳо «калон»-ҳо диҳанд, бе гапи зиёдатӣ иҷро мекунанд.

Аз ҳамин сабаб Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёди демократии... не, балки, дурустараш, ДАВЛАТИ ҒУЛОМДОРИИ ТОТАЛИТАРИИ ТОҶИКИСТОН бояд номид.

Комилҷон аз Душанбе.
--------------------------------------

Салому алайкум, халқи азиз. Ман бори аввал аст, ки дар ин хел майдони баҳс иштирок мекунам. Ман як чизро инҷо гуфтанӣ ҳастам.

Дар қонуни ҶТ омадааст, ки ҳама дар назди қонун ҷавоб медиҳанд, агар зидди қонун амал кунад, агарчи сарватманд аст ё инки қашшоқ. Ин қонун хеле ба ман писанд омад ва боварам наомад, ки ин сухан ягон ҳақиқат дошта бошад. Ва дар охир дидам, ки ҳақиқате надорад.

Вазири маориф зидди моддаи чаҳоруми Эъломияи Ҳуқуқи Башар рафтор кардааст, вале ҳеч кас чорае намебинад.

Саломат монӣ, Тоҷикистон бо халқи азизат.

Бо эҳтиром, банда аз ш.Кӯлоб.
--------------------------------------

Дар моддаи чаҳоруми Эъломияи Ҳуқуқи Башар омадааст: «Ҳеч кас набояд ба ғуломӣ ё хидмат водошта шавад, ғуломӣ ва ғуломфурушӣ ба ҳар шакле мамнуъ аст!»

Ба хидмат водоштан ва ё ғуломӣ ба маънии истисмор аст ва ҳар кори иҷборӣ ва бидуни иродаи шахс истисмор маҳсуб мешавад. Маълум аст, ки пахтачинии донишҷӯён кори ичборӣ, яъне ғуломӣ ва ба ғуломӣ водоштан аст! Аз ин ҷо рӯшан аст, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳаққи донишҷӯёнро нақз мекунад.

Модаи дувуми «Эъломияи ҷаҳонии омӯзишу парвариш барои ҳама» бар ин ду нукта таъкид мекунад: «а. Омӯзиш бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ карор дода шавад; б. Барои омӯзиш фазои муносиб эчод карда шавад!»

Ба пахтачинӣ иҷборӣ фиристодани донишҷӯён ба ин маънист, ки омӯзиш (learning) дар меҳвар қарор надорад ва иҷрои плони панба муҳиммтар аст! Аз сӯи дигар, панбачинӣ ҳеч гуна фазои муносибе барои омӯзиш нест! Аз инҷо маълум аст, ки Вазорати маъорифи Тоҷикистон ин ду аслро низ нақз мекунад.

Банди «б»-и моддаи 2-и «Эъломияи усули бунёди ва ҳуқуқ дар кор» мегӯяд: «Кишварҳои узв ва ҳатто кишварҳое, ки ин эъломияро имзо накардаанд, муваззафанд ҳамагуна анвоъи кори иҷбориро аз миён бубаранд!»

Ҳоло дар симои ин вазорат давлати Тоҷикистон бар хилофи ин эъломия амал мекунад ва ба ҷои аз миён бурдани кори ичборӣ, бо маҷбур кардани донишҷӯён ба кори ичборӣ дар саҳрои пахта дар корфармоии иҷборӣ ҳамдаст аст.

Шояд Абдуҷаббор Раҷмонов монанди соли гузашта иддаъо кунад, ки донишҷӯён худашон ба таври довталабона ба пахтачинӣ рафтаанд ва касе онҳоро ба ин кор маҷбур накардааст. Вале ин иддаъо содалавҳона аст. Зеро, аввалан, ҳеч донишҷӯе ба пахтачинӣ алока надорад. Дигар ин, ки донишҷӯ ҳаққи довталабона дарсро партофтан ва ба пахтачинӣ ва ё ҷар кори дигаре рафтан надорад! Дар чунин сурат донишҷӯе, ки дарсро барои як ё ду моҳ тарк карда ва ба пахтачинӣ ё ҳар кори дигаре рафтааст, бояд ҷазо бубинад! Масалан, чаро ба донишҷӯ иҷоза намедиҳанд, то як моҳ ба таври довталабона дарсро тарк кунад ва ба кори хонаводааш ёрӣ кунад? Ин мумкин нест-ку, донишҷӯеро, ки дарсро тарк мекунад, «исклучит» (хориҷ) мекунанд-ку! Пас чаро онҳое, ки, ба истилоҳ, «довталабона» дарсро тарк карда ва ба пахтачинӣ мераванд, муҷозот намешаванд? Зеро ин «довталабона»-гӣ афсона ё миф аст ва вазири маъорифи Тоҷикистон мехоҳад худро аз бори масъулият озод кунад, аммо ба шеваи хеле содалавҳона!

Вазорати маъориф дар фиристодани донишҷӯён ба пахтачинӣ ва ҳамин тавр дар корфармоии иҷбории донишҷӯён, ки навъе нақзи қавонин ва мавозини байнулмилалъ аст, ҳамдастӣ дорад ва аз ин рӯ масъул аст!

Фаромарз.
--------------------------------------

Салом мардуми азизи кишвар ва ҳамсолони азиз!

Донишҷӯӣ беҳтарин давраи ҳаёт аст, ки онро давраи тилоии ҳаёт меноманд. Ба пахта фарзандони мардуми камбағали кишвар меравад, ки онҳо қудрати пардохти пули ВКК ва "гапзанон"-ро надоранд. Барои ин боз ҳамон масали пеш ба ёд меояд, ки писари камбағал ҳамон пештара барин ба меҳнати ҷисмонӣ бояд машғул шавад ва писари бой ба меҳнати ақлӣ.

Ҳамсолони азиз, чи кор кунем сенарияи дунявии тақдир чунин аст. Барои ин дар пахтазор барои камбағалон саломатиро хоҳонам ва дар донишгоҳҳои хориҷа барои бойфарзандон фароғати хушро хоҳонам. Моҳи рамазон ба тамоми ҳамсолон муборак !

Комили Кӯҳистонӣ, н. Шуғнон
---------------------------------------
Салом родиои азиз "Озодӣ".
Майдони баҳс, ки аксаран ба масоили баҳсталаби ҷомиа даст мезанад, маро ҳамчун як тан аз мутолиагари ҳамешаги бетараф гузошта наметавонад. Тавре бародар Набиюллоҳ аз устони Суғд ва бародари дигар Фирдавс аз ИМА ҷавоби пурсавобе доданд, ақидаи камина низ бобати он ки донишҷӯёнро иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд, тавре дигаргун аст. Яъне чӣ гуна?

Ланг будани қонунҳои ҷории кишвар. Қариб ҳар банди ин қонун бо қонуни дигар муқобилат мекунад. Агар дар сурати ҳамовозӣ кардани қонунҳо бо ҳамдигар, ҳатман бо консепсияи байналмилли мутаносиб нест. Агар порлумони касбии Тоҷикистон ин гуфтаро рад мекунад, пас ба кодекси меҳнат ки "Меҳнати маҷбурӣ манъ аст",-ро боз бо як пурсиши умумихалқӣ (ҳарчанд, ки аз чунин тағйиротдарорӣ қимоб шудаем) тағйирот ба он дарорад. Пас дар сурати қабул шудани қонун дар бораи " меҳнати маҷбурӣ мумкин аст" мо низ ду даст дар боло ба пахтачинии меравем. Чунки он вақт қонун амал мекунад. Аммо имруз ин кор ғайриқонунист.

Ҷамшеди Каёни. Спитамен.
-------------------------------------


Мо пойафзолдӯзи бе пойафзолем!!!

Як сол пеш мо донишҷӯ будем, ба майдони пахта медаромадем, аз либосҳои худ шарм медоштам. Ба он хотир ки волидони мо пахта мекоранду либоси синтетикӣ мепӯшем. Мо худ пахтакорем, вале соҳиби либоси пахтаӣ нестем.

Вазифаи мо донишҷӯён дониш омӯхтан аст, на пахтачинӣ, ҷаноби вазир!

Самак
--------------------------------------
Ҳазорҳо талабагон пахтаро мечинанд, лекин аз ин якчанд одамҳои башумор фоидаи шахсӣ мебинанд. Он талабагони донишкадаҳо ва мактабҳои миёна чанд пул мегирифта бошанд барои ин меҳнаташон?

-------------------------------------

Салом ба ҳамаи ҳамватанон!
Пеш аз оне ки вазорати маориф ё худ хукумати Точикистон кароре мебароранд, бояд хуб андеша кунанд.
Масалан вакте моро айёми донишчуи ба пахтачини сафарбар карданд, 90 фоизи хамсабакон шахри буданд. Нихоли пахтаро бори аввал дидем.
Хар руз ман 10-12 кг пахта мечидам. Хамсабаконам низ хамин хел, аз ман як кило кам ё як кило зиёд мечиданд. Факат ду-се нафар дар байни мо аз Восею Дангара буданд, хамонхо аз 80 то 120 кг пахта мечиданду халос. Дар охир хисоб кардем, ки пахтаи чидаи мо (гайри он ду-се нафар пахтачин) харочоти он хурокае, ки барои мо дар ин муддат доданд, автобусхое, ки моро бурда оварданд намепушонад.
Худ акнун хулоса бароред.

Як шаҳрванди ҳайрон
-----------------------------------


Бечора донишҷӯи сабзак надошта ҳамон справкаи ВКК харида наметавонад, маҷбур ба пахтачини меравад. Худи донишҷӯёни аз табақаи боло ВКК-ро мехаранду мегараданд сабзак лаби ҷӯй шуда.
Аз як тараф пахтачинӣ ин ягона вақтест, ки дар ёди донишҷӯ боқӣ хоҳад монд - Давраи ҷавонӣ. Ман аз худи давраи мактабӣ то курси 4уми донишгоҳ ба пахтачинӣ рафтаам. Барои духтарон дар замони ҳозира ба пахта рафтан на он қадар хуб.
РоБеРТо
------------------------------------


Ман худ ки як сол дар ин маърака иштирок карда будам ки хеле ахвли санитари гиген донишчуён бад буд. Мисоли одди дар баъзе бошишгохои сахрои хамом набуд. Бадии дигараш дар он аст ки хамон маблаги чиниш пхтаро базе устодон бо раисони хочагихо дасти бародари дода ба ягмо мебаранд
Амонулло аз Хучанд
----------------------------


Bo arzi salom ba tamomi kormandoni Radio Ozodi va muxlisoni barnomai bahsii in somona.

Voqian, qarorhoi pay dar pay vaziri maorifi kishvar, mo javononro dar hayrat darovardaast. Chande qabl elon karda budand,ki hej yk donishjuy ba jamovari Tiloi safed naxohad raft. Mutaasifona imruz mebinem,ki majburan hamagi rohsipor meshavand.
To onjoe, ki imsol banda shohidi holi imtihonsupori dar donishgohoi Tojikiston budam,va didamu shunidam donishjuyonro ki az makotibi hamagoni bo dasti xoli va savodi pasti onho xohoni doxil shudanro dar donishgoho doshtand. Saranjom bo chantai onho hamsuhbat shudam,ki bo 1 hazoru 2 hazor dolar tavonistand joygohi xudro paydo kunand.
To on joe, ki ma'lum ast, sathi donish dar maktabhoi hamagoni va ba'd az on dar donishgohoi mo xele past ast, donishjuyon mo ba'di yk mudat sohibi diplom meshavandu dere naguzashta bo vositai mablaghoi garon va tagoidoron sohibi mansab megardand,sipas on bo kadom fahmu donish vazifai xudro pesh mebarad yo in,ki chi tavr dar fikri taraqii vatanash meshavad,yo on jebe,ki baroi giriftani in maqom xoli shudaast,ba pur kardani on mepardozad?
Bovar kuned,bo yake az donishjuyone,ki bo guftai xudash Nalogro xalos kardaast,hamsuhbat shudam hatto nametavonad dar borai yk mazmuni xodagiash chand kalima zanad,in hama yk taraf agar ba on guyed,ki dar kadom mavzue metavoned tanho 10 jumla navised az uhdai navistan va hatto xondan namebaroyad va on kas zinda va dar taloshi joy kor meboshad.

Digar mo chi peshbeni kunem ba oyandai nasli javonu va kishvari javoni mo !!?
Banda,inro nameguyam,ki hamai donishjuyoni mo hamin tavar meboshand,na in tavr ne.Balki mo niz ba'ze donishjuyoni bo layoqat ham dorem,lokin onho agushtshumor meboshandю Agar chunin shikoyathoro ba volo maqomon mekuned, posuxashon kishavari mo dar holi guzarish qaror dorad meguyand. Mudatu muhlati guzarish chand sol ast kas ham namtavon taxmin zad.

Na in,ki tanho donishjuyon balki savdogaronu dukondoronro niz az kor boz doshta ba suy jam'ovari paxta da'vat dorand.Inro man xudam dar nohiyai Kalxozobodi viloyati Xatlon bo chashmi sar didam,ki dar darvozahoi bozor va devolhoi maghozaho dar kogazho chunin navishta "Hama ba paxtachini",dari bozor va maghozaho az berun band budand.

Voqian dar vatanamon xususan sohibmansabonш hukumatamon Modiyotro az Ma'naviyot beshtar tarjih medihand.
Bo eрtirom : B. Musofir
------------------------------


Салом мардуми азизи кишвар ва хамсолони азиз!
Донишчуӣ бехтарин давраи хаёт аст, ки онро давраи тиллои хаёт меноманд. Ба пахта фарзандони мардуми камбагали кишвар меравад, ки онхо кудрати пардохти пули ВКК ва "гапзанон"-ро надоранд. Барои ин боз хамон масали пеш ба ёд меояд, ки писари камбагал хамон пештара барин ба мехнати чисмони бояд машгул шавад ва писари бой ба мехнати акли. Хамсолони азиз, чи кор кунем сенарияи дунявии такдир чунин аст. Барои ин дар пахтазор барои камбагалон саломатиро хохонам ва дар донишгоххои хорича барои бойфарзандон фарогати хушро хохонам. Мохи рамазон ба тамоми хамсолон муборак !
Комили Кухистони, н. Шугнон
--------------------------


Салом "Озоди". "Майдони бахс" бароямон хеле писанд аст...
Вокеан, ба пахтачини рафтани донишчуёни мерос аз даврони шурохост. Имруз низ бидуни кумаки беминнати эшон наметавон дастранчи дехкони бечораро чамъ биоваранд. Агар касодии иктисоди ва ниёзмандии моли дар Точикистон хал бишавад, худи сахмдорон метавонанд, пахтаро чамъ биоваранд ва хич хочат барои ёрмандии донишандузон намемонад.
Набиюллох, устони Сугд
-------------------------


Салом аҳли башар.
Ман ҳайрон мешавам аз ин қарорбарориҳои Тоҷикистони азизам.! Дар ин навишта ягон мақсади бадбини нест,инро дар назар бигиред .Қонун ё худ қарор бояд ки устувор бошад,аммо ин чи қарор аст ки Вазорати маориф мебарорад?

Соли гузашта қарор баромада буд ки ҳеч донишчу ба пахта намеравад,аммо ин сол,,,,....?
Аммо бояд маҷбуру иҷбори ба саҳрои "тилои сафед" рафт, дигар чора нест. Чаро ки агар донишҷӯи бечора наравад ё хориҷ мешавад ё "сабзак" медиҳад. Ман худ донишҷӯ ҳастам ва ду маротиба дар маъракаи пахтачинӣ ширкат варзидаам, ҳеч камбуди набуд,барьакс як заррае хиссиёти мухаббат ба ватанро бедор кардем ва дар ин маърака саҳми худро гузоштем , аммо мо пул дода ба Донишгоҳ барои таҳсилу донишандӯзӣ омадем на пахтачини-ку! Ба андешаи ман, ин барои он донишҷӯёне ки дар гурӯҳҳои шартномавӣ мехонанд, каме вазнинӣ меорад. Барои буҷавиҳо ҳам. Аммо табақаи болоӣ ҳамеша дар хонааст (манзурам он нафароне ки бо "сабзак"-ҳо мегарданд)
Худо ба ин қарорбарорхо тавфиқ ато кунад!!
ФИРДАВС. ИМА


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG