Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯза дар кайҳон?


Мақомоти мазҳабии Малайзӣ мегӯянд, умедворанд, ки аввалин кайҳоннаварди кишварашон нахустин мусулмоне хоҳад шуд, ки дар кайҳон рӯза гирифтааст.

Интизор меравад, ин шахс дар моҳи оянда ба кайҳон парвоз хоҳад кард. Малайзӣ барои ин ду номзад гузидааст, яке пизишк ва дигаре дандонпизишки ҳарбӣ. Ҳарду кайҳоннавардони оянда ҳоло дар Маркази парвозҳои кайҳонии Русия тамрин мекунанд.

Яке аз онҳо ширкаткунандаи парвози 11-рӯза дар кайҳон хоҳад шуд, ки рӯзи даҳуми октябр оғоз мегардад. Дар гузашта низ афроди мусулмон ба кайҳон парвоз кардаанд, вале парвози ҳеч кадоме аз онҳо ба моҳи рамазон рост наомадааст.

Кумитаи миллии Фатвои Малайзӣ гуфтааст, ки кайҳоннаварди мазкур метавонад аз рӯза озод бошад, зеро шахси дар ҳоли сафар шумурда мешавад ва метавонад, баъд аз бозгашт ба замин рӯзаашро идома диҳад. Вале ҳарду номзад ин пешниҳодро қабул накарданд.

Мушкили дигар ба он марбут буд, ки оё дар кайҳон, ки рӯз ва шаб надорад, рамазон аз рӯи кадом гоҳшуморӣ ҷараён хоҳад гирифт? Ва бо сабаби бевазнии кайҳонӣ чӣ гуна мешавад, намоз гузорид ва Маккаро чӣ гуна мешавад самтгирӣ кард? Ин масъалаҳоро низ Кумитаи миллии Фатвои Малайзӣ ҳал кард. Кайҳоннавард ба вақти маҳаллии Байконур рӯза хоҳад гирифт ва намозро бидуни суҷуд дар дил хоҳад хонд.
XS
SM
MD
LG