Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Абдусаломов соҳиби медали нуқра ва роҳхати олимпӣ гардид


Вай дар сабқати ниҳоӣ дар вазни зери 84 килограмм аз варзишгари Русия Георгий Кетоев мағлуб шуда, мақоми дуввумро касб кард.

Юсуф Абдусаломов пас аз гурзандоз Дилшод Назаров ва гуштигири дзюдо Расул Боқиев севвумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардид.


Пирӯзии «Регар» ТадАЗ бо натиҷаи рекордӣ

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Покистон бар тими «Транспорт Юнайтед»-и Бутан бо натиҷаи рекордии ин мусобиқот - 13 бар 0 пирӯз гардид.

Дар ин бозӣ Хуршед Маҳмудов, капитани «Регар» ТадАЗ панҷ гол, Аббос Абдуллоев ва Маъруф Рустамов дуголӣ, Раҳмоналӣ Баротов, Иброҳим Рабимов, Абдулло Умарбоев ва Фарҳодҷон Холбеков якголӣ ба самар расонданд.

Бозии дигари гурӯҳи «А» миёни тими мизбон - «Покистон Арми» ва СК «Ратнам»-и Шри-Ланка бо натиҷаи мусовии 3 бар 3 хотима ёфт.

Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ бо 3 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» ҷойгир шудааст.

Дар даври дуввум рӯзи шанбеи 22-уми сентябр «Регар» ТадАЗ бо «Покистон Арми» ва СК «Ратнам» бо «Транспорт Юнайтед» рақобат мекунанд.

Бозиҳои даври аввали гурӯҳи «В» шоми 21-уми сентябр миёни тимҳои «Кхемара»-и Камбоҷа ва «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Маҳендра Полис»-и Непал ва «Татунг»-и Тайван баргузор мешаванд.

Шатранҷбози тоҷик ба суперфинал баромад

Бузургустоди шатранҷи тоҷик Фаррух Амонатов, ки феълан дар Русия ба сар мебарад, дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Русия ҷойи чаҳорумро касб карда, ба суперфинал роҳ ёфт.

Гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов аз 11 бозӣ 7 имтиёз гирифт. Лозим ба тазаккур аст, ки 11 нафар шатранҷбозони раддаи аввали ин мусобиқот 7-имтиёзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои варзишии авруосиёии наврасон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин давраи Бозиҳои варзишии авруосиёӣ дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус ширкат дорад.

Мусобиқот аз рӯи барномаи ин бозиҳо бо иштироки беш аз ҳазор варзишгари аз 15 то 17-сола аз даҳ кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба 11 риштаи варзиш сурат гирифтааст.

Варзишгарони Тоҷикистон дар ҳафт ришта - гуштии озод, дзюдо, самбо, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук, тирандозӣ ва қаиқронӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG