Игор Ротар, муаллифи бахши аввали силсилаи «Вазъи дин дар Осиёи Марказӣ», менависад: «Дар Осиёи Марказӣ маҳдудсозии майдони фаъолияти ҷамоатҳои мусулмонону насрониҳо бо ишора ба мубориза бо экстремизми исломӣ амалӣ мешавад».
Дар суҳбат бо маҷаллаи «Transitions Online» Феликс Корлей, муҳаррири хадамоти иттилоъотии «Форум-18», гуфтааст, мақомоти Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар кӯшиш доранд, ки барои муҷозоти мардуми диндор чаҳорчӯби қонунӣ таҳия намоянд.
Ин роҳро Узбакистон дар соли 1998 бо қабули қонуни манъи фаъолияти ҷамоатҳои динии бидуни сабти ном ихтиёр намуд. Акнун дар Узбакистон ҳар касе, ки берун аз масҷидҳои расмӣ тоату ибодат мекунад, худро бо хатари ҳабси тӯлонӣ мувоҷеҳ менамояд. Амалан мақомоти Узбакистон метавонанд чойнӯшии одии мардуми мутадаййинро мавриди таъқиб қарор диҳанд. Тибқи гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи башар «Ҳуман Райтс Вотч», феълан камаш 7 ҳазор фарди диндор дар зиндонҳои Узбакистон маҳбусанд. Аксари онҳо аъзои созмони манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва ба истилоҳ «Ваҳҳобиён» мебошанд. Вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар таъкид мекунанд, ки дар Узбакистон мардуми зиёде танҳо бо ҷурми ибодат дар хонаҳои хусусӣ зидонӣ шудаанд, ки бо гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ҳеҷ иртиботе надоранд.
Қазоқистон, ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ, ба Узбакистон пайравӣ намуда, соли 2005-ум бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ ба қонун дар бораи дин тағйиру илова ворид кард. Акнун дар Қазоқистон ҳам ҷамоатҳои динӣ бояд сабти ном шаванд. Вале, ба фарқ аз Узбакистон, Қазоқистон фаъолиятҳои мубашширонро манъ накардааст.
Маҷаллаи «Transitions Online» навиштааст, ки Парламенти Тоҷикистон қонуни нав дар бораи динро баҳс дорад. Ба ақидаи Феликс Корлей, муҳаррири «Форум 18», агар қонун дар шакли феълӣ ба тасвиб расад, Тоҷикистон кишваре хоҳад буд, ки дар он таъқиби мардуми диндор беш аз ҳар кишвари дигари Осиёи Марказӣ имконпазир мешавад. Бар пояи ин санад, дар Тоҷикистон шумораи масҷидҳо маҳдуд ва сабти он ба қадри назаррас душвор хоҳад шуд; масҷидҳои панҷвақта фақат дар деҳоте сабти ном мешаванд, ки дар он аз 200 то 2000 нафар иқомат намояд; барои бунёди масҷиди ҷомеъ деҳа бояд аз 20 ҳазор то 30 ҳазор сокин дошта бошад.
Пажӯҳишгари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тахмин мекунад, ки, агар ин қонун тасвиб шавад, аз 28 масҷиди ҷомеъи пойтахти кишвар ҳамагӣ 16-тоаш ба гирифтани асноди сабти ном муваффақ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ гуфтааст, ки ахиран дар Душанбе мақомоти маҳаллӣ ду масҷидро тахриб намуданд. Дар ҳамин робита дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Дӯстмуҳаммади Дӯст, як шореҳи мустақили тоҷик, гуфт: «Коре то ҷое расидааст, ки мақомот дар моҳи Рамазон ҳам масҷид вайрон мекунанд. Ин амал боиси эътирози мусулмонон хоҳад шуд».
Як мансабдори баландпояи тоҷик дар суҳбат бо Игор Ротар, муаллифи мақола дар маҷаллаи интернетии «Transitions Online», гуфтааст, ки онҳо дар байни ду оташ қарор доранд. Ба гуфти ин мансабдор «дар Тоҷикистон фаъолияти ҷунбишҳои ифротгарои исломӣ аз қабили «Ҳизб-ут-Таҳрир» тавсиъа ёфтааст ва дар натиҷаи тарғиботи ин гурӯҳ имрӯз сеяки занони кишвар ҳиҷоб мепӯшанд».
Мансабдор ҳамчунин гуфтааст, ки: «аъмоли ифротгароҳои исломӣ моро водор мекунад, ки назорати шадиди ҷамоатҳои мусалмононро роҳандозӣ намоем ва, агар дар ин байн фаъолияти ҷамоатҳои насрониён тибқи қонуни дигар назорат шаваду масҷидҳо баста ва калисоҳо боз ифтитоҳ ёбанд, кишвар бо ошӯби хунин рӯбарӯ мешавад».