Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳо аз саммити Душанбе


Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин нақшаи амалӣ гаштани ин консепсия тарҳрезӣ шудааст, вале масъалаи дигари муҳими дар саммити Душанбе баррасишавандаи сиёсати муҳоҷирати ин кишварҳо мебошад: «Барои таҳияи консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар муддати тӯлонӣ кори хеле бузурге анҷом шудааст. Ин пешниҳоди ҳама кишварҳои узви ин иттиҳод будааст ва ин тааҳҳудот бар сари масоиле мебошад, ки бар мавриди он андешаи яксон вуҷуд надошт ва ман умед дорам, ки дар ҷаласи шӯрои сарони кишваҳои узви ин созмон консепсияи мазкур ва нақшаи амали он пазируфта мешавад».

Ба гуфтаи оқои Рушайло, дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Итиҳоди давлатҳои мустақил маҷмуъан ҳудуди 20 масоил мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ин нишаст рӯзи 5 октябр дар қасри «Сомон»-и бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон бе ширкати Виктор Юшенко, раиси ҷумҳури Укроин, баргузор мегардад. Ба эътиқоди Котиби иҷроияи ИДМ, иллати таъхири сафари Юшенко ба Душанбе ва ширкат дар ин ҳамоиш интихоботи ғайринавбатии парлумонии Укроин будааст.

Ҳамчунин як рӯзи баъд, 6-уми октябр, дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон нишасти сарони кишварҳои узви созмони иқтисодии Авросиё ва созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки, бар тибқи барномаи масъалаи асливу муҳими баррасии сарони кишварҳои узви созмони иқтисодии Авросиё, тасъсиси Иттиҳоди гумрӯкӣ миёни ин кишварҳо будааст. Масъалае, ки, ба гуфтаи коршиносони тоҷик, дар шароити феълӣ ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. Дар ин робита онҳо далел меоранд, ки дар ҳоли ҳозир тақрибан 50 дарсади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби молиёт ва даромадҳои гумрукӣ аст ва дар сурати пайвастан ба ин иттиҳод Тоҷикистон аз қисмати бештари ин бахши даромади буҷаи худ маҳрум хоҳад шуд, зеро иҷборан арзиши пардохтҳои гумрукии худро бояд ба меъёри ин кишварҳо мутобиқ созад.

Коршиносони тоҷик тахмин мезананд, ки инчунин иттиҳоди гумрукӣ дар миёни се кишвари Русия, Беларус ва Қазоқистон таъсис дода хоҳад шуд. Аммо, тавре дар маркази матбуоти саммит гуфтанд, ҳанӯз санадҳои дар ин нишаст батасвибрасанда дақиқ нест ва имкон дорад то лаҳзаҳои ахири қабл аз шурӯъи нишаст номуайян боқӣ монад.

Аммо масоили аслии баррасишавандаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти давлатии кишварҳои узв дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дар ҳолатҳои фавқулода, таҳияи тарҳи протоколи усулҳои кумаки низомиву фаннӣ ба кишварҳои узв дар ҳолати зарурӣ ва таъмини нерӯҳои зудамали созмон ба силоҳҳои сохти замонавӣ мебошад.

Ва аммо таҳлилгарони масоили низомии тоҷик бар инанд, ки масъалаи дигари муҳимме, ки бояд сарони кишварҳои узви ин созмони низомӣ мавриди таваҷҷуҳи худ қарор диҳанд, таъсиси нерӯҳои сулҳовари ин созмон аст.
XS
SM
MD
LG