Абдулмаҷид:
"Ҳар моҳ 600-500 доллар маош мегирам. Аз он 70 дар садашро ба хона мефиристам. Дар ин ҷо ман танҳо кор мекунам. Дар хонаам даҳ сар хуранда бекоранд. Онҳо аз ягон ҷой маош намегиранд. Боз ин нарху наворо бубинед, ки ин қадар қиммат аст".
Абдулмаҷид намедонад, ки агар пули фиристодаи ӯ ва ӯ барин муҳоҷирони кории Тоҷикистон ҳамчун сармоягузорӣ истифода шавад, ин ҷумҳурӣ дар назди касе сар хам накарда, бидуни кумаки хориҷӣ аз ӯҳдаи таъмини молии сохтмони азими нерӯгоҳи барқиву обии Роғун баромада метавонад.
Ин фикрро корманди Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Озар Саидов тасдиқ мекунад.
Озар Саидов:
" Ба назари Созмони байналмилалии муҳоҷират ҳоло зиёда аз 600 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд. Назар ба иттилоъе, ки мо аз Бонки миллӣ дастрас намудаем, муҳоҷирони меҳнатӣ солона ба воситаи бонкҳо беш аз 250 миллион долларро ба Тоҷикистон мефиристанд. Агар мо дар назар дошта бошем, ки қисми зиёди он аз даст ба даст мегузарад. Дар ин ҳол метавон тахмин кард, ки беш аз як миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристода мешавад.
Соли 2006 муҳоҷирони саросари олам ба хонаҳояшон беш аз 300 миллиард доллар ирсол намудаанд. Ин маблағ аз миқдори кумакҳои мустақими хориҷӣ ( 271 миллиард доллар) бештар буда, дар ҳоли истифодаи оқилона метавонад ба бузургтарин сармоягузорӣ дар иқтисоди кишварҳои камбизоат табдил ёбад.»
Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Бонки рушди байниамрикоӣ, ки таҳти парчами СММ фаъолият доранд, изҳор намудаанд, ҳамон чандсад долларе, ки моҳона 150 миллион муҳоҷири кории рӯи олам бо роҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ба аҳли оилаҳояшон дар 162 кишвари олам мефиристанд, аксаран барои хариди маводи ниёзи аввалия масраф мешавад.
Аз Абдулмаҷид мепурсам, оё намехоҳад, ки пулҳои мефиристодаашро дар ватанаш ҳамчун сармоягузорӣ истифода барад?
Абдулмаҷид:
"Пули ман ба зӯр барои хӯроку зисту зиндагии онҳо кифоят мекунад. Агар аз як оила панҷ-шаш кас кор кунад, мумкин аст, ки як-ду сол маоши як ва ё ду нафарро ҷамъ намуда, тиҷорате ташкил кунанд."
Муаллифони гузориши СММ таъкид мекунанд, маблағи бузурге, ки муҳоҷирон мефиристанд, метавонад муҳаррики муҳимтарини рушди иқтисоди ин кишварҳо бошад.
Ҳар сол муҳоҷирони ҳиндӣ ба ин кишвар 24,5 миллиард доллар ва мексикоиҳо 24,2 миллиард доллар ирсол менамоянд.
Доналд Террӣ, мутахассиси бахши сармоягузории бонки ёдшуда, мегӯяд, зарур аст, ки ин пул ҳамчун сармоягузории хусусӣ дар низомҳои молии ватани муҳоҷирон гардиш намояд.
Озар Саидов мегӯяд, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ноҳияҳои Қумсангир ва зодгоҳи Абдулмаҷид-ноҳияи Шаҳритус барномаҳои озмоишии истифодаи пули муҳоҷирон дар танзими соҳибкории хурди минтақаро бо муваффақият амалӣ намуд ва ҳоло сармояи муҳоҷирон ҳамроҳ бо кумаки донорҳо дар ташкили корхонаҳои бузуртаре саҳмгир аст:
Озар Саидов:
"Ин барномаҳо асосан ҷалби маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамроҳ бо маблағгузории донорҳо барои кушодани ягон бизнеси фардӣ, ин як. Дувум, барои кушодани ба истилоҳ бизнеси кооперативӣ, яъне соҳибкории шарикӣ, ки бино бар он чор ва панҷ нафар метавонанд ҳамроҳ шуда, ягон соҳаи даромаднокро интихоб намуда, дар он фаъолият пеш баранд. Сеюм, муҳоҷирон метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳое сармоягузорӣ, ки барои ҷамъият аҳамият дорад ва чорум, мо бо муҳоҷирон дар бораи тарзи ташкили соҳибкории хурду миёнаи фардӣ тамрин мегузаронем."
Яке аз муаллифони гузориши СММ Келвин Кливер ҳозир аст, гарав бандад, ки дар давоми даҳ соли оянда муассисаҳои молӣ миқдори рӯзафзуни сармояи интиқолии муҳоҷиронро ҳамчун сармоягузориҳои хурди хусусӣ ба муомила ворид мекунанд.