Дар чанд кишварҳое, ки хабарнигорони «Ояндасоз» сафар доштанд аз ҷумла дар Маҷористон, ҷумҳурии Чех ва чанд кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҷавонон шабона низ зиндаги идома доштааст.
Ҷавонон имкони дар тафреҳгоҳҳои шабона истироҳат карданро дошта, боғҳои истироҳатии муҷаҳҳаз бо атраксионҳои муосир дар аксари ин кишварҳо то поси шаб фаъолият мекардаанд.
Аммо вазъ дар Душанбе чи гуна аст? Зеро чанд соли пеш бо баробари торик шудан кам нафароне ҷуръати аз хона баромаданро доштанд.
Хонанда ва шунавандаи азиз, зиёд вақти шуморо намегирем ва биёед бо мо шабона дар хиёбонҳои Душанбе сайр бикунем.
Бо мо бошед, якҷо ба дискоклубу тарабхона меравем, дари театр ва кинотеатрҳои пойтахтро мекубем ва дар хиёбонҳои орому чароғон ва торики Душанбе якҷо қадам зада, бо ҳамсолонамон ҳамроз мегардем.