Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои поин овардани нархҳо


Вазорати иқтисоди Тоҷикистон ба хотири коҳиши нархи ғизо дар бозорҳо ба ҳукумат пешниҳод кард, ки андоз аз арзиши изофа барои воридоти бархе мавод 10% коҳиш ёбад.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар сурати пазируфтани ин пешниҳод даромад ба буҷаи давлатӣ то 20 миллиён доллар камтар хоҳад шуд. Ва аммо ин тасмим метавонад садди роҳи афзоиши босуръати нархи анвоъи ғизо дар бозорҳои кишвар шавад. Сухангӯи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Ғафурҷон Расулӣ мегӯяд, қаблан дар вазорат як нишаст бо иштироки масъулини ширкатҳои бузурги воридкунандаи маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла маҳсулоти ғалла, баргузор шуд ва дар он масъалаи коҳиши молиёт аз арзиши изофӣ барои маҳсулоти воридшаванда садо дод. Ба гуфтаи вай, вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон дар афзоиши босуръати нарх дар бозорҳои кишвар тоҷирони маҳаллиро гунаҳкор медонад, ки чунин вазъи мушкили нархҳо дар бозорро ба таври сунъӣ эҷод кардаанд.

Аммо ҳамзамон назари тоҷирон хилофи инчунин ақидаи вазорати рушди иқтисоди ва тиҷорати кишвар аст. Онҳо мегӯянд, пардохтҳои зиёди молиёт ба суръати афзоиши нархҳои анвои ғизо дар бозорҳо ва болоравии сатҳи таваррум мусоидат кардааст. Чуноне ки маълум аст, тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон афзоиши бесобиқаи нархи маводи ниёзи аввалия дар бозорҳо ба назар мерасад, ки боиси нигаронии мардум ҳамчунин мақомоти давлат шудааст. Ва ин раванд ҳанӯз ҳам ҷараён дорад. Ва, ба гуфтаи коршиносон, ҳукумати кишвар дар робита ба ин мушкил аслан аз тасмими ҷиддие ҳанӯз кор нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG