Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати бесуботи орд ва ғалла


Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар тақозо кардааст. ки барои харидани 100 000 тонна орд ва гандум аз Қазоқистон маблағ ҷудо кунад.

Хайрулло Раҳимов, сардори идораи хадамоти гумруки Суғд, мегӯяд, ки ин пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ба хотири таъмини бозорҳои дохилӣ бо орду ғалла ва нигаҳдории нархи орд аз болоравӣ дар заминаи дархостҳои зерниҳодҳои худ, аз ҷумла идораи гумруки Суғд, сурат гирифтааст.

Х. Раҳимов ҳамчунин гуфт, ки дар нуҳмоҳаи аввали имсол ба минтақаи шимолии Тоҷикистон беш аз 92 000 тонна орд ворид карда шудааст, ки назар ба миқдори ҳамин давраи соли гузашта 10 000 тонна кам мебошад. Аммо, дар навбати худ, гандум ба вилояти Суғд дар маҷмӯъ беш аз 140 000 тонна ворид карда шудааст, ки аз соли ҳамин давраи гузашта беш аз 20 ҳазор тонна зиёд аст.

Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд имсол вилояти Суғд дар маҷмуъ назар ба соли гузашта бо орду ғалла бисёртар таъмин шудааст, аммо ҳамоно дар бозорҳои устон ҳар сари чанд вақт норасоии орд мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, тиҷорати орду ғалла дар бозорҳои Суғд дар дасти теъдоди маҳдуди тоҷирон мебошад ва онҳо, ки бозори ғалларо назорат мекунанд, дар рӯзҳои ҷаҳиши нарх ба мақсади фоидаи бештар орду ғалларо аз фурӯш боз медоранд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, аз сӯи дигар, як қисми захираи орду гандуми вилоят бо роҳи қочоқ ба хориҷ аз Тоҷикистон, умдатан ба Узбакистон, бурда мешавад.

Қоҳир Расулзода, раиси ҳукумати Суғд, низ инро рад намекунад ва мегӯяд, ки ҳодисаҳои ба миқдори кам берун бурдани ғаллаву орд аз қаламрави Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои гумрукии Суғд ба қайд гирифта шудааст. Вай таъкид кард, ки барои роҳ надодан ба берун бурдани орд ва ғалла дар гузаргоҳҳои марзӣ назорат шадидтар шудааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳамин ҳол устондории Суғд барои хариди орду ғалла аз хориҷ ва захираи он барои муассисаи «Тоҷикматлубот» ба маблағи 3 миллион сомонӣ вомҳои имтиёзнок гирифтааст.

Масъулини устондорӣ мегӯянд, ки дар айни ҳол аз сӯи соҳибкорон орду ғалла ба Суғд ба миқдори зарурӣ вориду захира гардидааст, ки бояд дар ояндаи наздик нархи онро аз болоравӣ боз дорад.

Аммо ба назари коршиносон ва таҳлилгарони маҳаллӣ, дар сурати дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтани нархи ғаллаву орд эҳтимол дорад, ки тоҷирони маҳаллӣ низ дар бозори дохилӣ нархи онро боло баранд.

XS
SM
MD
LG