Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармидиҳӣ баъди 10 соли бефаъолиятӣ


Ба манозили мардум гармӣ хоҳад омад
Ба манозили мардум гармӣ хоҳад омад

Марҳилаи аввали корҳои тармимиву барқарорсозии Маркази гармидиҳии Ёвон амалан анҷом ёфт.

Дар ин бора дар хадамоти иттилоъотии корхонаи воҳиди давлатии «Талко», ки уҳдадор шудааст онро барқарору ба кор андозад, хабар доданд.

Гуфта мешавад, ҷиҳати ҷирои марҳилаи аввали барқарорсозӣ то имрӯз 6 миллион доллар сарф шудааст ва қарор аст агрегати нахустини он дар рӯзҳоиназдик ба кор дароварда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Маркази гармидиҳии Ёвон беш аз 10 сол боз кор намекард. Ширкати алюминиюмӣ ба мақсадҳои васеъсозии базаи энергетикии истеҳсоли алюминиюм тасмим гирифтааст ҷиҳати воридсозии фанновариҳои навин дар Маркази гармидиҳии Ёвон зиёда аз 13 миллион доллар сармоя гузорад.

Сухангӯи ширкати алюминиюмӣ Саёҳат Қодирова гуфт: «Эҳёи қувваҳои бозистода зиёдшавии ММД-ро таъмин намуда, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард».

Мутахассисон мегӯянд, агрегати якуми маркази гармидиҳӣ дар васатҳои моҳи ҷорӣ ба кор дароварда мешавад ва то соли 2009 қудрати умумии ин марказ ба 300 МВт хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG