Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни Засядкоро ба хок супурданд


Президент Юшенко бо ангиштканони Засядко. 19 ноябр
Президент Юшенко бо ангиштканони Засядко. 19 ноябр

Хадамоти наҷоти Украина иттилоъ дод, ки аз макони таркиш дар кони ангишт 88 ҷасад ёфт шудааст ва сарнавишти 12 нафари боқимонда то ҳанӯз рӯшан нест.

Ҳангоми инфиҷор дар кони ба номи Засядко, воқеъ дар шарқи Украина 100 ангишткан дар дохили он буданд. Ин бузургтарин фоҷеа дар конҳои ангишти Украина мебошад.

Имрӯз, дар ҳоле ки Украина ба ёди ангиштканон се рӯз мотами миллӣ эълон кардааст, аввалин қурбониҳои он ба хок супурда шуданд. Аслан, дар конҳои Украина таркиши гази метан ҳодисаи нодир нест. Чин ва баъд аз он Украина ду кишваре мебошанд, ки дар онҳо беш аз ҳар гӯшаи дигари олам фавти ангиштканон ба қайд гирифта мешавад.

Ангиштканон ҳукуматро масъули фоҷеа меноманд, зеро ба гуфти онҳо, мақомот дар паи афзоиши истихроҷ шуда, чораҳои амниятиро нодида мегиранд. Михайло Волинетс, раиси Иттиҳодияи мустақили ангиштканон мегӯяд, агар ҳукумат масъулиятҳои худро иҷро намуда, вазъи соҳаро зери назорат мегирифт, чунин фоҷеа рӯй намедод.

Кони ба номи Засядко яке аз муҷаҳҳазтарин конҳои Украина ба шумор меравад. Вале дар байни солҳои 1999 - 2002 бар асари ҳар гуна фоҷеаҳо дар ин кон 125 ангишткан ҳалок шудаанд.

Яке аз сабабҳои фоҷеаҳо ин аст, ки ангиштканон дар умқи бештар аз як километр кор мекунанд. Аз сӯе ҳам аксари конҳои ангишти Украина ҳоло хусусӣ шудаву маоши ангиштканон бар пояи маҳсули корашон дода мешавад. Баъзан ангиштканон барои идомаи кор ҷиҳози ташхиси газҳои хатарнокро вайрон мекунанд.

Микола Сурҳай дар давраи шӯравӣ вазири соҳаи ангишти Украина буд. Ӯ мегӯяд, солҳои ахир назорати бехатарии кор заиф шудааст:

"Ин ҷо чанд масъала вуҷуд дорад. Бунёди конҳои нав, дарёфти таҷҳизоти навсохт ва тахсиси сармоя барои ҳифзу амният зарур аст. Қаблан назорати сектори ангишт ва дигар соҳаҳои саноат бар пояи қонун буд. Ҳамаи ниҳодҳои нозир бар асоси ҳамон қонун амал мекарданд ва иҷрои он барои ҳама ҳатмӣ буд."

Бо ишора ба фоҷеаи рӯзи 18 ноябр, баъзе украиниҳо даъват кардаанд, ки кор дар соҳаи ангиштканӣ аслан мутаваққиф гардад. Вале зоҳиран, ин амал дур аз воқеият ба назар мерасад, зеро феълан 95 дар сади маводи сӯхти ин кишварро маҳз ангишканҳо таъмин менамоянд.

Рӯзи душанбеи 19 ноябр аснои боздид аз Донетск президенти Украина Виктор Юшенко сиёсати ҳукумати ин кишвар дар соҳаи ангиштканиро мавриди танқид қарор дод, вале илова кард, ки сарфи назар аз фоҷеа соҳаи ангишт яке аз соҳаҳои муҳимтарини саноати Украина боқӣ мемонад:

"Захираҳои ангишти Украина ба 175 миллиард тонна баробар аст. Он барои кафолати амнияти энергетикии якчанд насли украиниҳо кифоят мекунад. Соҳаи саноати ангишт соҳаи авлавиятдор дар қарни гузашта буд ва ман бовар дорам, ки чандин соли дигар соҳаи авлавиятнок хоҳад буд."

XS
SM
MD
LG