Намояндагони ширкати “Криинҳолм” бузургтарини ширкати бофандагии Эстония рӯзи сешанбе гуфтанд, то ки замоне дар Ӯзбакистон ба пахтачинии кӯдакон хотима дода нашавад, аз ин кишвар нахи пунба нахоҳанд харид. Як рӯз пеш аз ин тасмими “Кринҳолм” ширкати тавлиди либосҳои пахтагини Финлонд, мавсум ба “Маримеко” гуфт, ки дигар аз муассисаи бофандагии “Кринҳолм” матоъҳои пахтагин нахоҳад харид. “Кринҳолм” тобеъи ширкати шветсиягии фурушандаи матоъҳо “Борас Ваферӣ” мебошад. Мақомоти “Маримеко” аз ширкати “Кринҳолм” хостаанд, дар молҳои худ бинависанд, ки нахи пахтаи он аз куҷо ворид карда шудааст ва танҳо дар ин сурат “Маримеко” дигарбора харидани пахта аз “Кринҳолм”-ро аз сар мегирад.
Узбакистон дуввумин содиркунандаи бузурги нахи пахта дар ҷаҳон аст ва, бино ба гузоришҳо, корхонаи “Кринҳолм” аз як ширкати узбакистоние нахи пунба мехарад, ки он ширкат дар ҷамъоварии пахта кудаконро низ истифода мебарад. Бино ба гузоришҳо, ширкати дигари азими Шветсия бо номи “Эйч Эм” низ аз харидорони нахи пахтаи Узбакистон будааст. Аммо сухангӯи ширкат Анна Карина Бйорна гуфт, ин ширкат чорае надорад, зеро муайян кардани асли нахи пахтаи матоъҳо мушкил аст.
Вай афзуд, ширкати “Эйч Эм” имрӯз тахминан ба 700 муассисаи таъминкунанда дар ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад ва мо бо тамоми ин таъминкунандагон қарордод дорем, ки ширкати “Эйч Эм” мухолифи кори кудакон аст. Аммо мо ба ғайр аз ширкатҳои таъминкунандаҳои худ, ки дар воқеъ либосҳои ширкат тавлид мекунанд, ба дигарон таъсир расонда наметавонем. Чун мо бо кишоварзони пунбарпарвар ҳамкорӣ надорем, мо наметавонем дар тиҷорат ба онҳо талаб пеш гузорем, афзуд ӯ.
Аз ду моҳ пеш сар карда ширкати либосфурушии бритониёии “Континентал Клосинг” дар тамоми молҳои пахтагини худ, кишвари тавлидкунандаи нахи пунбаро менависад, то харидорон бовар ҳосил кунанд, ки нах аз Узбакистон харида нашудааст. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ дар дохил ва хориҷи Узбакистон аз ҷомеъаи байнулмилал хостанд, то дигар аз Узбакистон пахта нахаранд ва ба ин восита давлати ин кишварро маҷбур кунанд, ки ба кори сахти кудакон дар саҳро хотима диҳанд.
Дар як номаи боз дар рӯзи 16 ноябр 65 фаъоли ҳуқуқи башар гуфтанд, ки дар Узбакистон барои ҷамъоварии ҳосили пунба 450 ҳазор кӯдак ширкат мекунанд, ки ин натиҷаи сиёсати зургӯёна ва таҳдидомези ҳукумати марказии Узбакистон аст. Аз миёни ҳар чаҳор либоси пахтагӣ дар Аврупо яке аз онҳо аз нахи пунбаи Узбакистон ҳосил шудааст ва фоидаи азими пахтаро асосан ҳалқаҳои ҳукмрони Узбакистон мебинанд. Дар моҳи октябр телевизиони “Би-би-си” дар як филми мустанади телевизиоёнӣ нишон дод, ки чӣ гуна даҳҳо ҳазор атфоли Узбакистон ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғуланд ва чӣ гуна натиҷаи заҳмати онҳо дар мағозаҳои Бритониё фурӯхта мешавад. Аммо сафорати Узбакистон дар шаҳри Лондон мегуяд, дар саҳроҳои он кишвар кудаконро кор намефармоянд.
Дар Тоҷикистон низ пахта чидани кудакон касеро ба ҳайрат намеорад, зеро ба қавли волидони кишоварзашон бачаҳо ба падару модари худ кӯмак карда ва таҷриба меомӯзанд. Ҳарчанд қонунҳои кишвар кор фармудани кудаконро мамнӯъ кардааст, аммо аз тарси сарзаниши ҳукумат, мақомоти маҳаллӣ дастур медиҳанд, то толибилмони хурдсол барои ҷамъоварии пахта ба саҳро фиристода шаванд, то хоҷагӣ нақшаи пахтасупориро иҷро кунад.