Чавез - яке аз барҷастататин намунаҳои раҳбарони мардумгаро аст, ки нуфузи худро болои мардум бо ваъдаҳои фаровоне нигаҳ медорад, ки гӯши мардум шуниданаш мехоҳад. Ваъдаи тақсими захираҳои нафти кишвар бо бахши нодори ҷомеа барояш дар дарёфти пуштибонии аксарияти мардум мусоидат кардааст, ин ҳам дар шароити вуҷуди оппозитсиюни қавие, ки бештар аз қишри соҳибкори ҷомеа намояндагӣ мекунад.
Аммо раъйдиҳии рӯзи 2 декабр муносибати воқеии ҷомеаро ба ӯ чун як раҳбар рӯшан кард. Дар ислоҳоти пешниҳодии Чавез ба Қонуни Асосӣ вай даъват мекард, ки мӯҳлати кори раисҷумҳур то ҳафт сол, яъне як сол бештар аз мӯҳлати феълӣ тамдид шуда, ба як нафар иҷоза дода шавад, ки ҳар қадар хоҳад, дар интихобот иштирок кунад. Дар амал, ин пешниҳоди Чавез ба худи вай имкон медод, ки тамоми умр дар сари қудрат боқӣ бимонад. Бар ивази ин, барои ёфтани дили раъйдиҳандагонаш, вай пешниҳод намуд, ки соатҳои кории рӯзона аз 8 то ба 6 соат коҳиш дода шуда, инчунин, синну соли шаҳрвандони қобили раъй ду сол поин бурда шавад. Яъне, аз 18 соли феълӣ ба 16 сол бурда шавад.
Бо назардошти маъруфияти Чавез ва мардумгароии ӯ, аксар нозирони бетараф пешгӯӣ мекарданд, ки вай бечуну чаро пирӯз хоҳад шуд, бавижа, баъди ин ки вай соли гузашта дубора дар мақоми худ бо 63 фоизи раъйҳо интихоб шуд.
Баъди эълони натиҷаҳои раъйдиҳии рӯзи якшанбе, Чавез ба мағлубияти худ чунин вокуниш нишон дод:
"Ман рақибонамро бо пирӯзиашон табрик мекунам. Мо барои як муборизаи тӯлонӣ сари кор омадем. Ҳоло шояд нафаре пайдо шаваду он чиро бигӯяд, ки ба фикри ман 15 солу 10 моҳ пеш, яъне 4 феврали соли 1992 омада буд: "Дар ин марҳила мо ноком шудем".
Чавез бо ин ба як кудатои номуваффақи худ ишора мекард.
Тибқи изҳороти Шӯрои интихоботи миллии Венесеэла, 51 дар сади раъйдиҳандагон мухолиф ва 49 дар сад ба ҷонибдории пешниҳоди Чавез овоз додаанд. Шикасти мазкур маънои онро дорад, ки Чавез тибқи қонунҳои амалкунандаи Венесуэла то соли 2013 сари қудрат боқӣ хоҳад монд. Аммо бо вуҷуди нокомии ахираш, вай ба мардум ваъда дод, ки муборизаро барои бунёди сотсиализм идома хоҳад дод ва ислоҳоти вай ҳатман дар оянда пиёда хоҳад шуд.
Шахсияти Уго Чавез дар дохили Венесуэла ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мешавад. Як бахши ҷомеа вайро чун раҳбари хубе ёд мекунанд, ки барои пешбурди шароитҳои иҷтимоии мардум талош кардааст. Бахши дигар бар ин аст, ки аксари кулли бизнеси хусусӣ кишварро тарк кардааст ва акнун ислоҳоти Чавез оқибатҳои ногувор ба бор хоҳад овард. Аз сӯи дигар, мунаққидон мегӯянд, ки барномаи миллисозии ширкати нафтии Венесуэла барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мусоидати кам кардааст.