Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои афзояндаи мардуми гурусна


Дар давоми ду соли оянда таҳдиди эътирозҳо ҷиҳати баландшавӣ ва камбуди ғизо дар ҷаҳон афзоиш хоҳад ёфт.

Ин аст хулосаи "International Food Policy Research Institute" (Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии сиёсати ғизо), пажӯҳишгоҳҳои маъруфи олам дар соҳаи кишоварзӣ. Донишкадаи тадқиқотӣ ҷиҳати исботи ин хулосаи худ коҳишёбии ҳосили ғалладона дар ҷаҳон ва захираи саросарии он то ба мизони 50 соли пешро далел меоварад.

Пажӯҳишгоҳ бо ишора ба эътирози макаронӣ дар Италия, раҳпаймоӣ бар зидди болоравии нархи нон дар Мексика маъруф бо номи эътирози тортилла ( аз номи фатири мексикӣ) ва эътирози пиёзӣ дар Ҳиндустон ҳушдор медиҳад, ки ин фақат оғози кор аст.

Иштиҳои рӯзафзуни Чину Ҳиндустон ва дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳамроҳ бо сиёсати истифодаи маводи сӯхти биологӣ дар ИМА ва кишварҳои аврупоӣ вазъи таъмини саросарии ғизоро ноором намудаву агар тағйире ба вуқӯъ напайвандад, имкон дорад, беамнии иҷтимоӣ манотиқи бештареро фаро гирад.

Даҳҳо сол инҷониб нархи маводи озуқа поин мешуд, вале соли гузашта аҳли олам шоҳиди болоравии возеҳи нархи ғалла, биринҷ, ҷуворимакка, соя (навъе аз лубиё) ва дигар маводи ниёзи аввалия шуд.

Йоаҳим фон Браун - мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сиёсати ғизо мегӯяд, захираи маводи озуқа коҳиш меёбад. Фон Браун меафзояд, панҷ сол инҷониб аҳли олам маводи ғизоии бештар истеъмол намуда, камтар истеҳсол мекунад. Ӯ мегӯяд, то кунун кишварҳо ба захираҳояшон даст зада, аз сар задани бӯҳронҳо ҷилавгирӣ менамоянд. Вале ин вазъ то абад идома дошта наметавонад. Масалан, дар Чин захира ҳам зиёд намондааст.

Ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Пекин фон Браун гуфт, ки таҳдиди бадтар шудани вазъ дар тӯли як-ду соли наздик аз эҳтимол дур нест, зеро кишварҳои истеъмолкунанда ба монанди Чин кӯшиш хоҳанд кард, камбуди ғизоро аз ҳисоби воридот ҷуброн кунанд. Мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сиёсати ғизо илова кард, ки пайдоиши тақозои бузург ба маводи ғизо дар арсаи байналмилалӣ нархи онро ба миқёси ғайримунтазира афзоиш хоҳад дод.

Дар кишварҳои сарватманд ин болоравии нархҳо маънои онро хоҳад дошт, ки ҳангоми субҳона ва ё хӯроки шом онҳо чанд сенти иловагӣ пардохт хоҳанд кард. Вале дар кишварҳои камбизоат ва рӯ ба тараққӣ, ки мисли Чин захираи пул надоранд, вазъ чӣ хоҳад шуд?

Моҳи гузашта дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ тоҷири тоҷик Абдураҳмон Қурбонов гуфт, ки дар як соли ахир нархи орд ҳамроҳ бо хароҷоти роҳ ду баробар афзоиш ёфт ва ҳоло онҳо барои интиқоли як халтаи 50 килограммаи орд аз истеҳсолкунанда то муштарӣ наздик ба 35 доллари амрикоӣ масраф мекунанд.

XS
SM
MD
LG