Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсати кадрии ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ


Салом хонандагони азиз, шуморо ба шунидани нашри навбатии маҷаллаи таҳлиливу сиёсии «Чашмандоз» даъват мекунем. Дар маҷаллаи навбатӣ ин мавзӯъҳоро пайгирӣ мекунем:

Сиёсати кадрии ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна

Пас аз фурӯпошии шӯравии пешин дар қаламрави он давлатҳои мустақил арзи ҳастӣ карданд. Ҳар кадом аз ин давлатҳо дар таъсиси сохтор ва ташкили ҳукумат аз усул ва шеваҳои мухталиф кор гирифтаанд. Аммо бархе аз ин кишварҳо ва махсусан ҷамоҳири Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, дар амри ташкили ҳукумат ва ҷалби афрод ба мақомоти давлатӣ ҳамоно аз усули анъанавии замони шӯравӣ истифода мекунанд. Албатта, бо ин фарқ, ки агар дар замони шӯравӣ интисоби афрод ба мақомҳо тавассути ҳизби ҳокими вақти коммунист ва сохторҳои он сурат мегирифт, акнун дар ин ҷамоҳир интисоби афрод ба мақомоти давлатӣ аз роҳи таъинот ва фармони раисҷумҳур сурат мегирад. Вале дар бештари чунин маворид садоқат ба шахси аввал, яъне сардори давлат, меъёр ва ё асли таъйин ва интисоби нафар ба ин ва ё он ниҳоди давлатӣ қарор гирифтааст.

Меъёри таъин ё интихоб ба мақоми давлатӣ

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон, давлат дар қабзаи раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев - собиқ котиби аввали ҳизби коммунисти ин кишвар қарор дорад. Оқои Назарбоев ҳудуди бист сол мешавад, ки раҳбарии ин кишвари нафтхезро бар ӯҳда дорад. Тайи ин муддат ӯ низ ба мисли дигар аз ҳамтоёни худ афродеро дар ҳукуматаш ҷалб кардааст, ки бо ӯ пайванди таборӣ доранд. Вале бо ин вуҷуд, мегӯянд бархе аз коршиносон, сиёсати кадрии оқои Назарбоев то андозае аз ҳамтоёнаш дар минтақа тафовут доштааст.

Аммо биёем ва бубинем, ки дар Тоҷикистон чи вижагиҳое дар шеваи ташкили ҳукумат ва таъйини афрод ба мақомҳои муҳими давлатӣ ба мушоҳида мерасад? Тоҷикистон дар масъалаи интихоб ва таъйини кадрҳо зоҳиран шабеҳи Лубнон шудааст, ки дар он кишвар мақоми раисҷумҳурро ҳатман масеҳиҳо, сарвазириро ба сунниҳо ва раёсати парлумонро ҳатман ба намояндагони лубнониҳои шиъа мегузоранд. Аммо дар Тоҷикистон бо ин фарқ ки раисҷумҳур акнун намояндаи ҷануб, сарвазир аз шимол ва раҳбари парлумонаш намояндаи манотиқи шарқи кишвар аст.

Назари коршиносон ба сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таъсири омили маҳалл дар сиёсати кадрии ҳукуматро таъйид кард. Аммо вай гуфт, ки дар мавриди интихоб ва таъйини кадрҳо садоқати шахсӣ ва адами истиқлолияти фикрӣ дар нафари ба ин ё он мақом таъиншаванда бештар нақш мебозидааст. Ҳамзамон Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, гуфт, сиёсати кадрии Тоҷикистон бо гузашти даҳ сол аз имзои созишномаи умумии сулҳ ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ гароиш ва такяи бештар ба як минтақаи хос кардааст. Оқои Мамадазимов афзуд, ҳатто баъд аз интихоби саввумбораи раисҷумҳур низ афроде, ки собиқаи тӯлонии фаъолият дар ҳукуматро доштаанд, иваз нашуданд.

Барои шунидани барнома ишораи аудиоро пахш кунед

XS
SM
MD
LG