Орзу мекунем, ки соли нав барои шумо азизони Ояндасоз соли хушиву хушбахтӣ ва комёбиҳои беназир бошад.
Дар баробари ин таманно дорем, ки барои шумо дарду ранҷ ва нодориву ноумеди бегона бошад.
Соли Наватон Муборак!!!!!
Дустони азиз, бо ҳамин орзуву таманниёти нек Ояндасоз барномаи Соли навии худро тақдими шумо менамояд.
Аммо имрӯз мо қолабшиканӣ карда мавзуъҳоямонро эълон намекунем, бигзор онҳо барои шумо сюрприз бошанд.
Аммо ҳаминро мегӯем, ки аз шунидани барномаи мо пушаймон нахоҳед шуд, зеро дар ин барнома як фолбини маъруфи шаҳр, ҳунармандони саршинос, ҳаҷвнигорони кишвар, ҷавонони пойтахт ва оилаҳои муҳоҷири тоҷик дар Русия ширкат мекунанд.
Дар баробари ин агар нафаре дар соли куҳан боиси озурдагии хотири шумо гашта бошад, пас бахши «Маро бубахш» танҳо барои шумост ва шояд нафаре дар ин бахш аз шумо узр хоҳад пурсид.
Пас бо мо бошед, сӯҳбатҳои ҷолиб ва мусиқиҳои ҷадиди тоҷикӣ шуморо дар барномаи солинавии «Ояндасоз», интизоранд.