Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2007 - соли пур аз марги рӯзноманигорон


Тайи соли 2007 дар ҷаҳон 86 журналист ва 20 корманди фаннии расонаҳои хабарӣ кушта гаштаанд ва 67 хабарнигори дигар рабуда шудаанд.

Тайи ин як сол дар дунё 528 мавриди сонсури матбуот ва 1511 мавриди латукӯб ва ё таҳдид ба хабарнигорон мушоҳида шуда, 887 журналист боздошт шудааст, яъне дасти кам ду хабарнигор дар рӯз. Чунин аст чанд хулосаи асосии созмони Хабарнигорони бидуни марз аз соле ки гузашт.

Дар гузориши ҷамъбастии ин гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, ҳамчунин омадааст, шумори хабарнигорони кушташуда назар ба 5 соли пеш 244 дарсад, яъне тақрибан дуввуним маротиба афзуда, Ироқ ҳамчунон хатарноктарин минтақа барои фаъолияти хабарнигорӣ боқӣ мемонад. Соли 2007 дар Ироқ 47 хабарнигор, аз ҷумла ду хабарнигори родиёи Ироқи Озод, бахши ироқии Родиёи Аврупои Озод – Родиёи Озодӣ кушта шуда ва дар маҷмӯъ аз соли 2003 ба ин сӯ дар ин кишвари ҷангзада, бино бар ҳисоби Хабарнигорони бидуни марз, дасти кам 207 журналист ҷон додаанд.

Ин созмон дар гузоришаш менависад, то кунун дар ҳеҷ нуқтаи дигари доғи ҷаҳон – на дар ҷанги Ветнам, на дар қатли оми Руанда ва на дар ҷанги Югославияи собиқ - ин қадар хабарнигор кушта нашудаанд, ки дар Ироқ. Қаблан кумитаи амрикоии дифоъ аз журналистон дар гузориши солонааш шумори хабарнигорони кушташуда тайи як соли гузашта дар саросари ҷаҳонро 64 нафар баровард карда, ва аммо Федеросиюни байналмилалии хабарнигорон дар гузориши ҷамъбасти солаш гуфта буд, тайи ин як сол дар дунё 171 корманди матбуот кушта шудаанд. Омори ахир мавридҳои ҳалокати кормандони фаннии расонаҳоро низ дар бар мегирад.

Дар идомаи гузориши Хабарнигорони бидуни марз мехонем, ки дар рӯзи 1 январи соли 2008 135 журналист ҳамчунон дар зиндон ба сар мебурд. Дар сабқати кишварҳои зиндоникунандаи матбуот Чин бо 33 хабарнигори пушти панҷарааш, Куба бо 24 ва Озарбойҷон бо 1 хабарнигори аз қабл зиндонӣ ва 7 хабарнигори дигаре, ки фақат дар соли гузашта ба маҳбас кашонидааст, пешсаф будаанд. Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, ин кишварҳо ба дунболи раҳоии ҳар хабарнигор билофосила нафари дигаре аз аҳли қаламро зиндонӣ мекунанд.

Ин созмон дар маҷмӯъ 30 давлати дунёро дар ҳабси хабарнигорон саҳим дарёфта ва раҳоии билофосилаи ҳамаи 135 хабарнигори феълан зиндониро талаб кардааст. Хабарнигорони бидуни марз ҳамчунин аз боздошти 67 ба истилоҳ кибер – диссидент хабар дода, мегӯяд, бахши аъзами онон, дақиқтараш 50 дигарандеши интернетӣ дар Чин дастгир шудаанд. Гузориш меафзояд, дар зарфи соли 2007 дар ҷаҳон наздики 2700 саҳифаи интернетӣ ва веблог баста шудааст. Аз ҷумла танҳо дар арафаи анҷумани навбатии ҳизби коммунисти Чин танҳо дар ин кишвар наздики 2500 сомонаву веблогро мунҷамид кардаанд.

Гузориш меафзояд, тайи соли 2007 ва дар 15 кишвари ҷаҳон дасти кам 67 корманди матбуот рабуда шудаанд. 10 хабарнигори гаравгон дар Ироқ ва ду дастёри як хабарнигори итолиёӣ, ки дар Афғонистон ба асорат уфтода буданд, ба дасти гаравгонгирон кушта шуданд. Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 14 хабарнигор ҳамчунон дар асорат боқӣ мемонанд. Ва ҳамагӣ - дар Ироқ.

XS
SM
MD
LG