Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мухолифони Гурҷистон


Хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд, нисфирӯзӣ бо даъвати Гачечиладзе садҳо тарафдори мухолифин дар майдони Рикеи Тбилисӣ ҷамъ шуданд. Ӯ иддао дорад, ки нозирони мухолифи ҳукумат хилофкориҳои зиёдеро ба қайд гирифтаанд: «Саакашвилӣ таҷлили пирӯзиашро оғоз намудааст, то мардум фиреб кунад».Аммо мақомоти гурҷӣ ҷой доштани тақаллуб дар интихоботро рад мекунанд.

Саакашвилӣ шоми шанбе бо итминон гуфт, ки ӯ ғалаба ба даст оварда, барои як даври дигар ҳаққи раёсатҷумҳурии Гурҷистонро касб намудааст: Ман мехоҳам бо ҳама нерӯҳои ватандӯст – ҳам бо онҳое, ки бо мо мувофиқанд, ва ҳам бо онҳое, ки бо мо мувофиқ нестанд, ҳам бо онҳое, ки ба тарафдорӣ аз мо овоз додаанд ва ҳам бо онҳое, ки бар зидди мо овоз додаанд, – баҳри ваҳдати Гурҷистон ҳамкорӣ кунам. Зеро мо як ватан ва як ҳадаф дорем. Ин пирӯзӣ пирӯзии ҳамаи мо хоҳад буд». Тарафдорони Сааакашвилӣ пирӯзии ӯро бо барафроштани парчамҳои миллӣ изҳори хушнудӣ карданд.Дар интихоботи рӯзи 5-уми январ беш аз 60% раъйдиҳандагони Гурҷистон ширкат варзиданд.

Раиси КМИР-и Гурҷистон Леван Тархнишвилӣ изҳор намуд, ки барфи зиёд дар манотиқи кӯҳӣ имкон намедиҳад, ки ҳисоби варақаҳои раъйдиҳӣ босуръат гузарад. Ёвари муовини котиби давлатии ИМА Метю Бриза аз ҷонибҳо даъват кард, ки оромиро ҳифз намоянд. Овоздиҳии рӯзи шанберо бисёриҳо назархоҳӣ дар мавриди меъёрҳои демократии ҳукумати зери раҳбарии Саакашвилӣ меноманд. Саакашвилӣ соли 2004-ум дар пайи инқилоби садбаргӣ президенти Гурҷистон интихоб шуд. Вале дар моҳи ноябри соли 2007-ум баъди таъқиби гирдиҳамоии мухолифин ва эълони вазъи фавқулода ӯ амр дод, ки дар Гурҷистон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ доир гардад. Дар даври аввали президентии худ Саакашвилӣ саъй намуд, равобити Гурҷистон бо паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро таҳким бахшад. Аммо мухолифин ӯро бо нодидагирии мушкилиҳои иҷтимоии мардум муттаҳам мекарданд.
XS
SM
MD
LG