Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Зойиров: Мардикорон – муттакои иқтисоди Тоҷикистон


Раҳматулло Зойиров
Раҳматулло Зойиров

Раиси ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон Раҳматулло Зойиров зимни як нишасти хабарӣ дар робита ба вазъи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон гуфт, агар соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушд накунад, иқтисодиёти ин кишвар фалаҷ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз асосан пули муҳоҷирони корӣ, кумакпулиҳои кишварҳову созмонҳои хориҷӣ ва даромад аз қочоқи маводи мухаддир муттакои иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд. Ба қавли ӯ, рушди соҳибкорӣ метавонад иқтисодиёти Тоҷикистонро беҳтар гардонад.

Вале, ба гуфтаи Р.Зойиров, дар ҳоли ҳозир вазъи соҳибкорони тоҷик хеле бӯҳронист. Вай афзуд, имрӯз танҳо гурӯҳи кучаки соҳибкорон, ки ба ҳукумати феълӣ равобити зич доранд, аз имтиёзҳои фаррох бархурдор ҳастанд ва 65-70 дарсади манобеъи иқтисодии Тоҷикистонро соҳиб мебошанд. Ин дар ҳолест, ки ин гурӯҳ танҳо 3 дарсади шумори умумии соҳибкорони кишварро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Зойиров, 97 дарсади дигари соҳибкорон пайваста бо мушкилоти мухталиф, аз ҷумла аз роҳи зуроварӣ маҳрумшавӣ аз моликияти шахсӣ, мувоҷеҳ мешаванд.

XS
SM
MD
LG