Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Ҷалилов: "Имсол барои мардикорон мушкил мешавад"


Маҳаммадалӣ Ҷалилов, масъули умури муҳоҷирати сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Маҳаммадалӣ Ҷалилов, масъули умури муҳоҷирати сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Бо вуҷуди каҷрафтории баъзе корфармоёни рус ҳангоми ба коргирии муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия, мақомоти расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав мегуянд, баъд аз муаррифии қонунҳои нави муҳоҷиратии Русия шумораи муҳоҷирини ғайриқонунии тоҷик дар ин кишвар камтар шудааст.

Маҳаммадалӣ Ҷалилов, масъули умури муҳоҷирати сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар мусоҳиба бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, қонуншиканиҳо комилан аз байн нарафтааст, вале беҳбудӣ ҳаст.

- Дар ин як соле, ки ин қонунҳо амал мекард, аз бисёр лиҳоз он падидаи мусбате буд. Агар мо қаблан мегуфтем, ки тақрибан 90 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ғайриқонунӣ кор мекунанд. Имрӯз мо гуфта метавонем, ки дар давоми як сол 50-60 дарсади ин муҳоҷирон тавонистанд, ки худро ба расмият дароранд. Дар баъзе вилоятҳои Русия ин нишондод ҳатто ба 70-80 дарсад ҳам мерасад. Вале ин маънои онро надорад, ки ин қонунҳо пурра иҷро мешаванд. Ҳамон падидаҳои бисёр манфие, ки қаблан дар ҳудуди Русия вуҷуд доштанд, хусусан дар шаҳри Маскав, ҳанӯз ҳам худсариҳои кормандони умури дохила, фишор овардан ба муҳоҷирон идома дорад. Бисёр мисолҳо ҳам ҳастанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик, ки худро ба расмият даровардаанд, кор дорад, ба таври расмӣ худро дар Маскав сабти ном кардааст, вале боз ҳам аз тарафи баъзе кормандони умури дохилии Русия, хусусан аз тарафи милитсия, таҳти таъқиб қарор дода мешаванд.

Суол: Ва оё дар ин самт корҳое аз тарафи сафорати Тоҷикистон анҷом мегирад, то ба ҳамин қонуншиканиҳо аз тарафи худи кормандони милитсия ё пулис хотима дода шавад?

Ҷавоб: Оре, худи сафорат дар ҳар қисмате, ки бошад, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худро бар уҳда дорад. Ин масъалаи кории ҳар як корманди сафорат аст. Аз худи сафир сар карда то корманди оддӣ танҳо таваҷҷуҳи асосиро ба он равона мекунанд, ки ягон талабот, ниёзи ҳатто камтарин фарди тоҷик бе таваҷҷуҳ намонад.

Суол: Оқои Ҷалилов, як суоли дигаре, ки мехостам бипурсам, ин аст, ки оё дар давоми ҳамин як соле, ки қонунҳо муаррифӣ шуд, муносиботи мақомоти маҳаллии вилоятҳо ва шаҳрҳои бузурги Русия нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ва ҷамъиятҳои тоҷикон тағйир ёфтааст, ё мисли пешин боқӣ мондааст?

Ҷавоб: Мо ҳоло дар 34 воҳиди маъмурии Русия ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷиконро дорем ва шумораи онҳо то 60 адад мерасанд. Таъсиру нуфузи онҳо дар хеле вилоятҳои Русия пеш рафтааст. Махсусан, дар вилояти Самара, дар ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистон, дар ҷумҳурии Ёқутистон, дар вилоятҳои Иркутск, Красноярск ва Ленинград, дар шаҳри Санкт Петербург, дар Маскав ва вилояти Маскав баъд аз қабули ин қонунҳо таваҷҷуҳ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ хеле зиёд шуда ва ин ташкилотҳо хеле фаъолияти худро тавсеъа бахшидаанд. Боварии муҳоҷирони кории тоҷик ба онҳо хеле зиёд шудааст.

Суол: Оё дар ҳамин маҳалҳо мақомоти расмӣ ҷамъиятҳои тоҷиконро эътироф мекунанд?

Ҷавоб: Чаро не. Ман аслан бояд бигуям, ки мақомоти расмӣ ё ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар вилоёт тавассути ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон кор мекунанд. Раисони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, ки афроди бисёр шинохта ҳастанд, онҳо узви Шӯрои координатсионӣ оид ба масъалаҳои миллии ҳамин минтақаҳо мебошанд. Раисони вилоятҳо ва вазоратхонаҳо ҳар масъалаи муҳоҷирони кории тоҷикро, шаҳрвандони Тоҷикистонро ё тоҷиктаборони ин вилоятро, танҳо тавассути ин ташкилотҳо ҳаллу фасл мекунанд.

Суол: Муҳоҷирони мавсимӣ шояд моҳҳои март ва апрел дубора ба Русия бармегарданд. Оё ҳамин раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар маҳалҳо метавонанд бо корхонаҳои маҳаллӣ ва бо мақомоти маҳаллӣ дар вилоятҳо барои ин гуна муҳоҷирони кории мавсимӣ ҷои кор бигиранд?

Ҷавоб: Бале, ҳоло болои мизи ман барои тақрибан 10-12 ҳазор нафар ҷойҳои корӣ пешниҳод кардаанд, ҳам аз вилоятҳо, ҳам аз Маскав. Ба ҳамин тартиб раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар вилоятҳо низ дархостҳои корӣ аз корфармоён хеле зиёд доранд. Онҳо ба таври худашон кушиш мекунанд, ки муҳоҷирони кории тоҷикро дар қорхонаҷот, дар сохтмонҳо ва дар нуқтаҳое, ки талабот ба кор зиёд аст, дар он ҷойҳо ба кор ҷалб кунанд. Дар Қазон як ташкилоте бузурге ҳаст, ки дар он Маъруф Ҳоҷиев раҳбарӣ мекунад. Вай шаҳрванди Русия аст ва нуфузи хеле зиёд дорад. Худи вай соле то чаҳор-панҷ ҳазор нафарро бо ҷои кор таъмин карда метавонад. Ба ҳамин тартиб ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон кори худро фаъол кардаанд ва бо корфармоёну кордеҳон ҳамеша дар иртиботи доимӣ ҳастанд. Бояд бигуям, ки аксарияти худи раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Русия худашон соҳибкорони хубе ҳам ҳастанд ва қисми зиёди онҳо коргоҳҳои худро доранд. Онҳо дар ин коргоҳҳояшон аслан тоҷиконро кор мефармоянд. Соли гузашта дар Русия ҳам барои кишварҳои бидуни визаи вуруд ва ҳам бо визаи вуруд барои шаш миллион нафар муҳоҷирони корӣ ҷойҳои корӣ ҷудо шуда буд. Имсол вазъи иқтисодии Русия беҳтар шудааст, бозгашти аҳолии муқимии ин кишвар зиёд шудааст, ба ҳамин хотир шумораи имтиёз барои муҳоҷирони кории хориҷиро то ду миллион поён оварданд. Ба ҳамин сабаб, имсол барои ҳамшаҳриҳои мо, ки мехоҳанд ба ин ҷо биёянд, каме мушкил мешавад.

XS
SM
MD
LG