Тағйирот ба Қонуни маориф, ки тибқи он манъи бо рӯсарӣ ба мактаб рафтани духтарону бонувон лағв хоҳад шуд, ахиран аз сӯи вакилони порлумони кишвар пазируфта шуд ва акнун сарнавишти тарҳро раёсати порлумон ҳал мекунад. Дар ин тарҳи аз сӯи Ҳизби адолат ва рушд, ҳизби ҳукмрони Туркия, таҳияшуда омадааст, ки “духтарони толибилм дар интихоби либос мухторанд ва рӯймол ё рӯсарӣ набояд садди роҳи донишмӯзии онҳо гардад. Ҳамзамон гуфта шудааст, ки “рӯсарӣ бояд он гуна баста шавад, ки чеҳра комилан боз бошад”.
Амр дар бораи манъи рӯймол дар макотиби олии Туркия 80 сол пеш аз сӯи поягузори давлати Туркия Камол Отатурк содир шуда буд ва ҳадафи он ҷудо кардани маориф аз мазҳаб буд.
Бархе аз коршиносони маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки лағви қонун дар бораи манъи рӯсарӣ дар макотиби олӣ шояд боиси буҳрони сиёсӣ дар Туркия ва ҳатто бархурди миёни ҷонибдорони ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва ҳизби исломгарои Адолат ва рушд гардад.