Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Тошканд: Айб дар ош ё дар мош?


Марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон
Марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, додугирифти ин кишвар бо Узбакистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Неъматбой Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз муносибатҳои тиҷоратӣ бо Узбакистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гуфт: "Додугирифти мо бо Узбакистон 11,8 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, содирот ба Узбакистон ба маблағи 300 ҳазор доллар баробар аст. Агар ба маълумоти омории гумрук нигарем, дар ҳақиқат, тамоюли коҳишёбии тиҷорати хориҷӣ бо Узбакистон ба назар мерасад."

Ин дар ҳолест, ки гардиши мол дар семоҳаи ахири соли гузашта миёни
Дарёфти роҳҳои алтернативӣ ва шарикони қавӣ, Узбакистонро водор мекунад, ки дубора ба сӯи мо қадам ниҳад...
Тоҷикистону Узбакистон ҳудуди 15 миллион долларро ташкил дода буд.

Аммо ҳоло масъулони Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон низ ба тамоюли коҳиши додуситад бо Узбакистон таъкид мекунанд.

Як масъули ин вазорат сабаби аслии ин вазъро ба пайомадҳои равобити сиёсии ду кишвар дар чанд соли ахир бастагӣ дод.

АНГЕЗАҲОИ СИЁСӢ

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, ки ҳамеша равобити Тоҷикистону Узбакистонро пайгирӣ мекунад, мӯътақид аст, ки ангезаҳои сиёсӣ ба ҳамкориҳои иқтисодии ду ҳамсоякишвар таъсири зиёд доштааст.

Вай афзуд, "масалан, худ аз худ узбекҳо транзити колоро боло намебардоранд, балки аз "боло" ин дастур шудаааст. Дар ҳоле ки ҳеҷ замина ва зарурате аз назари иқтисодӣ барои баланд бардоштани транзит вуҷуд надошт. Ҳамин чизро дар бораи нархи газ, аз байн бурдани системаи ягонаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ низ гуфтан мумкин аст. Инҳо ҳама хусусияти сиёсӣ доранд."

Ба таъкиди ҷаноби Умаров, раҳбарияти сиёсии Узбакистон бо дасти худ чунин вазъеро дар равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст, ки пайомади он ба нафъи сокинони ду кишвар нест.

Профессор Умаров дар ин маврид аз боздошти беш аз 2000 қатори ҳомили бору колои Тоҷикистон тавассути Узбакистон ва эҷоди дигар маҳдудиятҳои транзитӣ низ ёдоварӣ кард, ки равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистонро на танҳо коҳиш дод, балки ба иқтисоди Тоҷикистон хисорот ворид кард.

ДАРЁФТИ РОҲҲО

Пас, дар шароити феълӣ, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба иродаи ҷониби Тошканд коҳиш меёбад, чӣ омиле метавонад, Узбакистонро водор бикунад, то ҳадди ақалл муносибоатҳои тиҷоратиашро бо Тоҷикистон беҳбуд бахшад?

Давлатмурод Ҷумъаев, таҳлилгари тоҷик, дар ин бора мегӯяд, "бо дарёфти роҳҳои алтернативӣ ва шарикони қавӣ, Узбакистон ҳатман худаш ба сӯи мо қадам мениҳад. Умуман, қатъи равобити иқтисодии Узбакистон ба Тоҷикистон барои ин кишвари ҳамсоя низ зарар дорад. Зеро барои транзити коло Узбакистон аз Тоҷикистон миллионҳо доллар фоида мегирад. Ба болои ин Тоҷикистон низ барои истифодаи роҳи Узбакистон ба ин кишвар пул пардохт мекунад."

ҲАМСОЯИ АЗ ҲАМ ҶУДО

Ин дар ҳолест, ки Узбакистон бо Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ даҳҳо созишномаҳои ҳамкориро дар бахшҳои мухталиф ба имзо расонидааст, ки аксари онҳо иҷро намешавад.

Аз сӯи дигар, дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ низ Узбакистон тааҳҳудотеро дар ӯҳда дорад, аммо таҷрибаи як соли ахир собит кард, ки Тошканд на танҳо созишномаҳои дуҷонибаву минтақаиро, ҳатто ӯҳдадориҳои байналмилалиашро дар назди Тоҷикистон сарфи назар мекунад.

Шояд чунин бархӯрди Узбакистон аст, ки ҳатто масъулони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон аз сатҳи муносибатҳо бо ин кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ доранд.
XS
SM
MD
LG