Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убури бемамонияти қаторҳо оғози беҳбуди равобит аст?


Убури бемамониати қаторҳои борбари Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон имконпазир гардид.

Усмон Қаландаров, муовини раиси Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон зимни нишасти хабарии рӯзи чоршанбе гуфт, ҳамлу нақли вагонҳои борбари Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон ҳалли ниҳоии худро ёфта акнун вагонҳо бидуни мамониат вориди истгоҳҳои роҳи оҳани ин кишвар мешаванд.

МАҚОМОТ: "УБУРИ ВАГОНҲО ҲАЛЛИ ХУДРО ЁФТ"

Дар ин робита оқои Қаландаров гуфт, пас аз як гуфтушунид бо мақомоти Идораи Темир йулларии Узбакистон, масъалаи манъу боздошти вагонҳои Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти гумрук ва ниҳодҳои дигари кишвари ҳамсоя поён дода шуд: “Дар ҳудуди Узбакистон, ки қаблан барои ҳафтаҳову моҳҳои дароз вагонҳоро манъ мекарданд ҳозир дар натиҷаи гуфтушунид ин масъала аз байн бурда шуд. Ҳоло вагонҳо сари вақт ҳамлу нақл карда шуда дигар ҳеҷ мушкили байни Узбакистону Тоҷикистон дар ин бахш вуҷуд надорад”.

Ба қавли Усмон Қаландаров, агар бору колои вагонҳо аз ҷониби соҳибонашон ба таври дуруст ҳуҷҷатгузорӣ шуда бошанд, дар истгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон аз ҷониби хадамоти гумруки ин кишвар бозҷӯӣ намешаванд, Вай гуфт, ки худи соҳибкорон иқрор мешаванд, ки дар санадҳои гумрукӣ як чиз, вале дар дохили вагонҳо моли дигар ҷой медиҳанд. Ба истиснои чунин ҳолатҳо, дигар мушкилоти убури вагонҳо ба сурати умум аз байн рафтааст.

ГАРМӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ТАРАФАЙН?

Ба ин тартиб ба қавли таҳлилгарон, аз шумори гиреҳҳое, ки дар масъалаҳои мухталиф миёни Тошканду Душанбе тайи солҳои ахир ба вуҷуд омадааст, ҳалли убури вагонҳои борбар, боз шудани яке аз ин гиреҳҳо мебошад. Зеро ба масъалаи вагонҳо як навъ ҷомаи сиёсӣ пӯшонида шуда буд ва манъи вагонҳои борбарро як фишори дигари Тошканд бар Душанбе арзёбӣ мекарданд.

Давлат Усмон, коршиноси масоили иқтисодӣ
Давлат Усмон, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи ҳалли убури вагонҳои борбари Тоҷикистон пас аз ба эътибори гирифтани қавонини байналмиллалӣ аз ҷониби Узбакистон пеш омад, зеро созишномаҳои байналмиллалӣ боздошти интиқоли транзити молу колоро манъ мекунад.

Вале Давлат Усмон меафзояд, ки: «ҳалли масъалаи вагонҳои борбарро намешавад оғози об шудани яхҳо миёни Тошканду Душанбе унвон кард.
Бахши аъзами печидагиҳои миёни ин ду кишвар ҳалли маҷмуии худро хоҳанд ёфт агар дар заминаи сиёсӣ ва дипломатӣ кӯшишҳо ба харҷ дода шавад.»


МУШКИЛОТИ МАВҶУДА МИЁНИ ДУ КИШВАР

Ҳоло мушкилоти мавҷуд байни Душанбе Тошкандро ҳатто намешавад бо ангуштон баршумурд. Масъалаи обу обанборҳо, сохтмони нерӯгоҳи Роғун, вуҷуди минаҳо дар марзи Тоҷикистон, мушкилоти раводид аз намунаҳои ин гиреҳҳост, ки баъзе аз онҳо солҳои дароз миёни ду кишвар бидуни дарёфти роҳи ҳал бозмондаанд.

Ахиран вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ дар муносиботи Тошканд бо Душанбе таъкид кард, ки наздикиҳои хешутаборӣ ва фарҳангию таърихӣ водор хоҳад кард, ки дар интиҳо ин ду кишвар маҷбур ба ҳалли мушкилоташон шаванд.

Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умуои хориҷии Тоҷикистон гуфт: “Узбакистон ҳамсояи наздиктарини мо аст. Марзи тӯлонии муштарак ҳам дорем. Мо ҳар чӣ бештар дар талоши беҳбуди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамаҷониба бо Узбакистон ҳастем. Ва аз ҷониби мо кӯшишиҳои дипломатӣ барои беҳбуди ин вазъият ҳаст. Зеро мо хуб медонем, ки беҳбудии муносиботи миёни Узбакистон ва Тоҷикистон ба суди ҳам тоҷикҳо ва ҳам узбакҳост.”

Дар ҳамин ҳол вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикисон иттилоъ дод, ки қарор аст дар охирҳои моҳи апрел музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистон Узбакистон дар масъалаи тақсими об сурат бигирад.

Масъалаи тақсими захоири оби Тоҷикистон миёни кишварҳои поёноб аз мавзӯъҳои доғтарини ба шумор меравад, ки ҳар сол мавриди гуфтугӯҳои ҷонибайн қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG