Натиҷаҳои шумориши аҳолии Русия, ки дар моҳи октябри соли 2010 анҷом гирифт, коршиносони шумориши аҳолиро ба ҳарос андохт. Ин натиҷаҳо нишон дод, ки аз саршумории гузашта дар соли 2002 то ин саршуморӣ, яъне дар 8 соли гузашта аҳолии ин кишвар, 2 миллиону 200 ҳазор нафар камтар шудааст. Ҳоло коршиносон пешниҳод мекунанд, ки ин холигоҳ аз ҳисоби муҳоҷирони кории хориҷӣ пур шавад. Вале ҳар сол мақомоти расмии Русия эълон мекунанд, ки ҳадди нисоб ё квотаи муҳоҷирони кории хориҷиро коҳиш медиҳанд.
Гузашта аз ин, онҳо барои ҳалли душвориҳои муҳоҷирони ғайриқонунии хориҷӣ иқдом намекунанд ва гӯё аз он чашм мепӯшанд. Чунин бархӯрди мақомот аз як тараф муҳоҷиронро дар вазъи ғайриқонунӣ қарор медиҳад, аз тарафи дигар онҳоро ба қонуншиканӣ ва ҷурму ҷиноёт водор месозад.
Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва кору иқомати тақрибан нисфи онҳо дар ин кишвар ба сабаби надоштани қарордоди расмии корӣ ғайриқонунӣ дониста мешавад. Сабабҳои чунин тазод дар сиёсати муҳоҷиратии Русияро Боғшоҳи Лашкарбек, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав чунин шарҳ дод:
Лашкарбек: Аз он чизе, ки ман ба чашми худ мебинам, мардум меоянд ва дар ҳама ҷо барои худ кор пайдо мекунанд. Аз ин бармеояд, ки имконоти муҳоҷират вуҷуд дорад, чунки кор ҳаст. Агар кор набуд, мардум ба ин ҷо намеомаданд. Ва ин, ки шумораи аҳолии худи Русия кам мешавад, ин як чизи воқеист. Дар ҳақиқат шумораи аҳолӣ дар деҳот кам мешавад. Зоиш аз маргу мир камтар аст. Агар дар омори расмӣ бигӯянд, ки ду миллион камтар шудааст, бо назардошти ин, ки дар ин 7-8 сол ҳудуди 2 миллион муҳоҷир зиёд шуд, пас бояд ҳисоб кард, ки аҳолии Русия 4 миллион кам шудааст.
Суол: Яъне, агар мантиқан бигирем, ки дар маҷмӯъ бо назардошти шумораи муҳоҷирон ҳам саршуморӣ анҷом гирифта бошад, пас шумораи умумии аҳолие, ки дар Русия коҳиш ёфтааст, ба 4 миллион нафар мерасад?
Лашкарбек: Бале,бале. Аҳолии таҳҷоӣ. 2 миллиони дигаре, ки кам шудааст, аз ҳисоби муҳоҷирон кам шудааст. Ҳоло бо муҳоҷирон мушкилоти зиёд вуҷуд дорад, барои он, ки Русия сиёсати хуби муҳоҷират надорад. Аксари муҳоҷирон муҳоҷироне ҳастанд, ки аз тарафи давлат пазируфта намешаванд, яъне расман сабти ном намешаванд ва бо ихтиёри худашон кор мекунанд. Ин вазъ ҳам барои давлат ва ҳам барои муҳоҷир мушкил ба вуҷуд меорад.
Суол: Агар Русияро кишвари муҳоҷирпазир мегӯянд, чаро Русия онҳоро ба таври расмӣ қабул намекунад? Шумо ҳам мегӯед, ки ҷойҳои корӣ зиёд аст ва муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, кор пайдо мекунанд. Чаро ба таври расмӣ асноди онҳоро дуруст намекунанд?
Лашкарбек: Дар Русия сохтори давлатӣ ба он дараҷае, ки корро бояд анҷом бидиҳад, наметавонад, яъне, ки қонуншиканӣ аз ҳад зиёд аст ва ҳарчанд раҳбарони давлат кӯшиш мекунанд, ки пеши роҳи онро бигиранд, гирифта наметавонанд. Ин оморе, ки давраи ахир мо мегирему мебинем, қонуншиканӣ дар сатҳи худи ҳукумат вуҷуд дорад. Корфармоёне ҳастанд, ки аз ғайриқонунӣ будани муҳоҷир фоида мебинад, фоидаи хеле зиёд.
Суол: Масалан, аз чӣ лиҳоз?
Лашкарбек: Масалан корфармо ба давлат молиёт намесупоранд. Ғайр аз ин коргарро истисмор мекунанд. 60-70 дарсад бештар аз вақти корӣ вайро кор мефармоянд ва дастмузди ночиз медиҳанд ва дар баъзе мавридҳо метавонанд дастмузд ҳам надиҳанд, яъне коргарро фиреб мекунанд. Чунин корфармоён дар сатҳи давлатӣ барои худ дастгире доранд, ки бо вай робита доранд ва вай аз ин корфармоён тарафдорӣ мекунад. Худи давлати Русия кӯшиш мекунад, ки пеши роҳи онро бигирад ва муҳоҷирон расмӣ шаванд, вале ҳар коре, ки кунад, то ҳол натиҷаи назаррас надодааст.
Дар “Президент Ҳотел”, федератсия муҳоҷирон як конфронс баргузор кард. Дар он ҷо ҳамаи камбудиҳое, ки дар муҳоҷират вуҷуд доштанд, баррасӣ шуданд. Барои ҳукумат пешниҳодҳо ҳам фиристода шуд ва пурсиданд, чӣ кор кунем, ки ин кор шакли дигаре гирад. Чунки агар ҳамаи чиз ба расмият дарояд, аз ин чиз давлат фоидаи калон мегирад ва худи муҳоҷирон ҳам корашон осон мешавад. Кор то ҳадде расидааст, ки ниҳодҳои бехатарӣ дар бораи муҳоҷирон омори нодуруст медиҳанд, онҳоро ба ҳар гуна гуноҳ муттаҳам мекунанд. Масалан, ҷурмҳое, ки содир шудааст, 3 дарсади он ба муҳоҷирон тааллуқ дорад. Вале онро дар омори расмӣ 20 дарсад нишон медиҳанд.
Ё масалан мегӯянд, ки дар Маскав 70 дарсади ҷиноятҳоро муҳоҷирон содир мекунанд, дар сурате, ки он нодуруст аст. Натиҷаи он чист? Мардум дар бораи муҳоҷир ақидаи бад пайдо мекунад, ксенафобия ривоҷ меёбад.Ду сабаб вуҷуд дорад: Давлат бисёр ниёзманд аст ба дасти кории муҳоҷирон. Вале дар ҷомеаи Русия омори расмӣ нишон медиҳад, ки 20 дарсади мардум нисбат ба муҳоҷирон назари бадбинӣ доранд. Ин хатари хеле бузург дорад. Вале ин таблиғоти баде, ки бар зидди муҳоҷирон идома дорад, аҳолиро бар зидди муҳоҷирон бармехезонад.