Ва ин ҳолат сабаби нигаронии сокинон ва машаққати соҳибкорони водӣ шудааст. 30 дарсад болоравии қимати роҳкирои мошинҳои боркаш низ гардидиааст. Як тан аз сокинон аз болоравии нархҳо ба маводди ниёзи аввалияи мардум изҳори нигаронӣ мекунад: «Ман намедонам, ки болоравии нарх дар бозорҳоро касе назорат мекунад ё не. Бубинед, нархи сабзавот аз 1 ба 2 сомонӣ, ангишт аз 30 дирам ба 80-90 дирам боло рафтааст. Роҳҳо – баста, мардум ба як навъ муҳосира афтидаанд, гӯем ҳам, мешавад...»
Як нозири бозори шаҳри Панҷакент дар суҳбат бо хабарнигори родиюи «Озодӣ» гуфт, ки тоҷирони минтақа молу колоро асосан аз бозорҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Истаравшан ба инҷо ворид месозанд, ва аз сабаби онки феълан ба сабаби комилан баста будани ағбаи Анзоб ва қисман масдуд будани ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон ҳама навъи колову маҳсулот дар бозорҳои водӣ кам шуд, ки дар натиҷа нархи онҳо хеле боло рафт. Ҳамин тариқ, ба таъйиди ӯ, нархи сабзавот то 2 баробар, як халта орд – аз 100 сомонӣ то 120 сомонӣ, 1 литр равған аз 7 сомонӣ то 9 сомонӣ баланд шудааст.