Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносиботи давлат ва дин дар Озарбойҷон


Сиёсати ҳукумати Озарбойҷон метавонад баъзе гурӯҳҳои исломиро ба ифрот тарҷеҳ намояд. Ин аст хулосаи созмони International Crisis Group.

Дар як гузорише, ки рӯзи 25 март аз сӯи Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо ё International Crisis Group, қароргоҳаш дар шаҳри Брусел, нашр шуд, зикр гардидааст, ки ҳукумати Озарбойҷон бояд на танҳо ҷамоаҳои динии расмӣ, балки гурӯҳҳои мустақили исломиро низ ба арзёбии равобити давлат ва дин даъват намояд.

Моҳи октябри соли гузашта мақомоти Озарбойҷон гурӯҳеро боздошт намуданд, ки эҳтимолан ҳамла болои сафорати ИМА дар Боку ва намояндагии ширкатҳои ғарбӣ дар Озарбойҷонро тарҳрезӣ мекард. Баъд аз ин ҳодиса дар Озарбойҷон баҳси таҳдиди гурӯҳҳои исломӣ авҷ гирифт.

Ба қавли мақомот, баъзе аз гурӯҳҳои исломӣ бо созмони Ал-Қоида иртибот доштанд. Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо хотирнишон мекунад, ки соли 1998 як соат пеш аз бомбгузории сафоратҳои ИМА дар кишварҳои африқоии Кения ва Танзания яке аз раҳбарони созмонҳои ифротгароии исломӣ аз Боку ба Лондон факс фиристоду масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, сар аз соли 2001 муомилаи мақомоти озарӣ бо гурӯҳҳои динӣ ва ба хусус гурӯҳҳои мустақил тағйир ёфт. Мақомоти Озарбойҷон даҳҳо шахси муттаҳам бо даҳшатафканиро ба кишварҳояшон бозгардонда, ба истинои созмонҳои динии Туркия ҳамаро аз қаламрави ин кишвар берун карданд.

Аз се ду ҳиссаи мусулмонони озарӣ пайрави мазҳаби шиа ва аз се як ҳисса мусулмонони суннимазҳаб мебошанд, ки аксаран шимоли ин кишвар иқомат доранд. Гурӯҳҳои мусулмонони шиа асосан бо масҷиди ҷомеъ робита доранд ва раҳбари онҳо Ҳоҷӣ Илгар Иброҳимоғлӣ ба шумор меравад. Сунниҳои мустақил бошанд дар атрофи Ҳомид Сулаймонов ҷамъ шудаанд. Ӯ имом хатиби масҷиди Абубарки Боку асту тибқи гузориши Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо пайрави афкори салафия мебошад.

Солҳои ахир дар Озарбойҷон нуфузи гурӯҳи салафия афзоиш ёфтааст. Муаллифони гузориши гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо мегӯянд, солҳои ахир ба бисёре аз аъзои гурӯҳи салафияро тамғаи "ваҳҳобӣ" зада, мавриди таъқиб қарор додаанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари Озарбойҷон ҳам зиёд барои ҳифзи ҳуқуқи салафиҳо талош намеварзанд.

Билохира Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо эътироф мекунад, ки ҳукумати Озарбойҷон бо иқдомҳои сареъ ва муассир саъй дорад, мусулмонон ба вижа мусулмонони ҷавононро ба муколама ворид намояд. Аммо, ба гуфти муаллифони гузориш, бояд гурӯҳҳои мустақил ҳам ба ин раванд ҳамроҳ шаванд.

XS
SM
MD
LG