Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи нишасти сарони НАТО дар Бухарест


Нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар пойтахти Руминия, 3 апрели 2008
Нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар пойтахти Руминия, 3 апрели 2008

Даъвати Хорватияву Албания ва пуштибонӣ аз барномаи сипарҳои зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Чех аз муҳимтарин натоиҷи нишасти НАТО мебошанд.

Аммо НАТО даъвати Мақдуния - як довталаби дигар ба узвияти ин паймонро то замони ҳал шудани баҳсаш бо Юнон бар сари номи расмии ин кишвар ба таъхир гузошт. Бо вуҷуди пуштибонии гарми раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, НАТО ин бор барномаи узвияташро ба Украинаву Гурҷистон, 2 кишвари шӯравии пешин, пешниҳод накард.


Яап де Ҳуп Схеффер, дабири кулли НАТО, гуфт, Киеву Тифлис барои касби номзадӣ ба узвияти паймон ҳанӯз омода нестанд. Вале ҳамзамон оқои Схеффер изҳори умед кард, ки ин ду кишвари собиқи шӯравӣ ягон рӯз ҳатман ба узвияти паймони Атлантики Шимолӣ хоҳанд пайваст. Дабири кулли НАТО аз ҷумла пешниҳод кард, ки паймон ба ин масъала дар нишасти моҳи декабраш баргардад. Яап де Ҳуп Схеффер ҳамчунин гуфт, НАТО ба Украина дар роҳи анҷоми ҳар навъ ислоҳоти лозим барои пайвастан ба ин паймон кӯмак хоҳад кард. Оқои Схеффер дар нишасти муштараки хабарие, ки рӯзи 4 апрел бо раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко дар пайи нишасти Украинаву НАТО доир кард, тасмими паймон дар мавриди Украинаву Гурҷистонро як қарори қавӣ номид.

Дар ҳоле ки Амрико ва кишварҳои шарқи Аврупо аз номзадии Киеву Тифлис пуштибонӣ мекарданд, бархе аз кишварҳои муҳими узви ин созмон, ба мисли Олмону Фаронса, ба ин мухолиф буданд. Таҳлилгарони олмонӣ далели мухолифати Берлин ба ин иқдомро ба нуфузи ҳизби сотсиал-демократ дар эътилофи ҳоким рабт медиҳанд. Ҳизби сотсиал-демократи садри аъзами пешини Олмон Герҳард Шрёдер ҳамеша ҷонибдори равобити маҳкам бо Русия буд.

Русия низ сарсахтона ба пешниҳоди барномаи узвияти НАТО ба кишварҳои собиқи шӯравӣ мухолифат меварзад. Дар вокуниш ба тасмими НАТО Маскав қабл аз рафтани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба нишасти Бухарест бо ирсоли як нома бори дигар пуштибониаш аз Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон - яке аз ду довталаби номзадӣ ба узвияти НАТО-ро баён доштааст. Аммо бо вуҷуди рад шудани дархости пазироии билофосилаи Украинаву Гурҷистон ба барномаи узвияти НАТО, Киеву Тифлис ва, ҳамин тавр Амрико, тасмими ахири ин паймони низомиро ҳамчун пешрафти бузург ба қалам медиҳанд.

Тасмими нишасти Бухарестро Давид Бакрадзе, вазири хориҷаи Гурҷистон, “пешрафти бузурги таърихӣ” номид. Ҳарчанд барои пешниҳоди барномаи узвият ба Украинаву Гурҷистон кадом як ҷадвали мушаххаси замонӣ эълон нашудааст, Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Украина, натоиҷи нишасти Бухарестро пирӯзӣ номид ва гуфт, мутмаъин ҳаст, ки кишвараш дар нишасти моҳи декабр ҳатман мақоми номзадӣ ба узвияти ин паймонро ба даст хоҳад овард.

Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Амрико низ дар ҳошияи нишасти Бухарест ба хабарнигорон гуфт, қарори НАТО барои ҳама боз будани дарҳои ин созмонро намоиш медиҳад. Вай афзуд, “тайи як муддати тӯлонӣ мавзӯъи баҳс ин буд, ки оё НАТО ба пазируфтани узвияти Украина ва ё кишваре дар Қафқоз, ба мисли Гурҷистон, омода ҳаст? Ва ин як баёнияи дақиқу рӯшан аст: Бале, ман дар воқеъ фикр намекунам, ки ин тасмим барои Маскав хеле хушоянд бошад.”

Паймони Атлантики Шимолӣ, ки феълан фармондеҳии ISAF, нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро бар ӯҳда дорад, дар нишасти Бухарест ҳамчунин “тааҳҳуди дарозмуддати устувор ва муштарак”-аш ба он кишварро баён дошт. Ин тааҳҳуд аз ҷумла такмили нирӯҳои 47 000-нафарии ISAF ва мусоидат ба барномаи то соли 2010 ба 80 000 сарбоз расондани шумори нирӯҳои артиши давлатии Афғонистонро дар бар мегирад. Фаронса дар Бухарест ҷиҳати ирсоли нирӯи бештар ба Афғонистон тааҳҳуд супурд ва Канада ба дунбол эълон кард, ки нирӯҳояшро дар он кишвар ҳифз хоҳад кард.

Дар нишасти Бухарест руасои ҷумҳуриҳои Узбакистону Туркманистон низ ширкат доштанд. Ислом Каримов гуфт, омода ҳаст, ки бо НАТО дар мавриди истифода аз роҳҳои оҳани Узбакистон ба манзури ирсоли кӯмакҳои ғайринизомӣ ба нирӯҳои ISAF қарордод имзо кунад. Раисиҷумҳури Узбакистон гуфт, сулҳу субот дар Афғонистон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Ин дар ҳолест, ки равобити Узбакистон бо Ғарб дар пайи ошӯбҳои хунини Андиҷон ба таниш печида, Тошканд ҳатто нирӯҳои Амрикоро аз пойгоҳи ҳавоии Хонобод, як пойгоҳи муҳими транзити нирӯву кӯмакҳо ба нирӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон, берун кашид.

XS
SM
MD
LG