Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Русия кафили истиқлоли Тоҷикистон аст"


«Русия барои рушди Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мустақил ва дунявӣ алоқаманд аст, ки ба манофеъи миллии кишвари мо низ рост меояд. Русия ҳамеша кафили соҳибистиқлолии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад. Тасодуф ҳам нест, ки Русия яке аз пойгоҳи азими бурунмарзии низомии худро дар Тоҷикистон мустақар кардааст ва он аз муваффақтарин пойгоҳи низомии Русия ба ҳисоб меравад. Ин ҳам баёнгари афзоиши эътимод миёни Русия ва Тоҷикистон аст».

Ин ҳарфҳоро раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар саммити Душанбе баён кард. Ҳоло дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон ин ҳарфҳоро ба гунаи мухталиф шарҳ медиҳанд. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ бештар мутеъ ё таҳти шуъои Маскав қарор дорад. Баъзеи дигар ин ҳарфҳои оқои Путинро дуруст мешуморанд, зеро адами ҳузури Русия аз ҳар лиҳоз, ба назари эшон, Тоҷикистонро дучори таҳдиди кишварҳои абарқудрат хоҳад кард.

Ба ҳар ҳол, вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳарфи Владимир Путин хеле мулоим ва оддӣ аст.

Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири аршади раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, изҳороти президент Путин хислати сиёсӣ надорад ва мустақилияту амнияти Тоҷикистонро низ зери суол намебарад.

Аммо Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори муқими шаҳри Маскав ва яке аз мухолифони ҳукумати президент Раҳмон, мегӯяд, равшан мешавад, ки пуштибони аслии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати Русия аст ва ба таъкиди оқои Путин ҳеч қудрати дигаре наметавонад ба ҳукуматдории ӯ халале ворид кунад. Ба бовари вай, чунин ба назар мерасад, ки манзури Путин на Тоҷикистон, балки вуҷуд доштан ва мустақилияти шахси Э. Раҳмон дар курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар аст.

Ба қавли Д. Атовуллоҳ, хоҳиши ягонаи Маскав ин аст, ки барои ҳамеша Душанберо таҳти контроли худ қарор дода бошад.

Вале ба назари бархе аз таҳлилгарон, ин баёнияи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, замоне садо медиҳад, ки Тоҷикистон тайи чанд соли ахир ба саҳнаи муборизаи кишварҳое назири Чин, Ирон, Туркия, Амрико ва баъзе аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG