Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз нерӯгоҳи Роғун рӯ гардонд?


Мақомоти «Интер РАО ЕЭС»-и Русия эълом кардаанд, ки қасди ширкат дар консорсиюми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро надоранд.

Намояндаи ин ширкат Андрей Раппопорт гуфтааст, далел ин аст, ки дар консорсиюми байнулмилалии сохтмони Роғун ба ҷониби Русия эҳтимолан аз нисф ками саҳмияи нерӯгоҳ пешниҳод хоҳад шуд. Мақомоти «РАО ЕЭС» гуфтаанд, танҳо дар сурати дарёфти аз нисф зиёди саҳмия ва ё пакети контролии нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкати онҳо метавонад дар эҳдоси Роғун саҳим бошад. Дар акси ҳол сохтмони нерӯгоҳе, ки ҳудудан 3-4 миллиард доллар ҳазина мехоҳад, метавонад зараровар бошад.

Намояндаи расмии "Интер РАО ЕЭС" Борис Зверов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав таъйид кард, сиёсати ширкат маъмулан ҳамин аст, ки бо саҳмияи аз нисф кам бо ҳеҷ ҷонибе ҳамкорӣ нахоҳад кард. Вай афзуд, феълан аз фоизи мушаххаси саҳмия сӯҳбат кардан бармаҳал аст. Ин масъала дар ҷараёни гуфтушунидҳо бояд равшан шавад. Аслан ҳадаф аз талоши дарёфти саҳмияи беш аз нисф назорати боэътимоди тиҷорати барқ дар оянда аст.

Таҳлилгари сиёсӣ ва иқтисодӣ, раиси маркази амрикоии «Мерос» дар Маскав Евгений Волк дар тавзеҳ ба ин масъала мегуяд, ба даст гирифтани назорати муҳимтарин манобеъи сердаромад феълан самти асосии сиёсати раҳбурдии Русия аст ва дар масъалаи ширкат дар дар эҳдоси Роғун низ аз ҳамин мавзеъ кор гирифан мехоҳад. Коршинос тавзеҳ кард, ки дар шароити кунунӣ Русия барои манофеъи худ бехато манёвр мекунад ва он чи дар қиболи Тоҷикистон мекунад, фишорест дар ҳамин чаҳорчуб ва ҳам бо назардошти бӯҳрони амиқи иқтисодӣ дар Тоҷикистон.

Мақомоти Интер РАО ЕЭС таъкид кардаанд, дар сурати аз нисф кам будани саҳмия аз ширкат дар роҳандозии тарҳи Роғун худдорӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон онҳо таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон бе ширкати Русия нерӯгоҳи барқи обии Роғунро сохта наметавонад.

Ширкати хоси саҳҳомии «Интер РАО ЕЭС»-и Русия феълан дар 14 кишвари ҷаҳон 20 ширкати фаръӣ дорад. "Интер РАО ЕЭС" ҳамзамон бо дар даст доштани фурӯши барқ, дар сармоягузории сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва идораи сармояҳои энержӣ ширкати фаъол дорад

.
XS
SM
MD
LG