Мусамиршоҳ Ғафуров, раҳбари Гурӯҳи кор бо муҳоҷирон ва робита бо ҷамъиятҳои тоҷикони Русия дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бӯҳрони саросарии молӣ шумори бузурге аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия аз ҷойи кор маҳрум карда, ҳамроҳ бо афзоиши монеаҳои умдатан маъмурие, ки мақомоти ин кишвар дар ин авохир дар роҳи вуруд ва сабти номи муҳоҷирони хориҷӣ эҷод кардаанд, мунҷар ба он шуда, ки то оғози моҳи феврал 45%-и мардикорони тоҷик аз Русия ба ватан баргарданд.
Оқои Ғафуров мегӯяд, ки онҳо натиҷаи арзёбии худ аз вазъи кунунии муҳоҷирони тоҷикро дар як номаи расмӣ ба раисиҷумҳуриТоҷикистон ирсол кардаанд: “Агар аз як тараф, сабаби ба ватан баргаштани муҳоҷирони кории тоҷик аз ҷойи корашон босуръат ихтисор кардан ва ба ивази онҳо ба кор гирифтани шаҳрвандони худи Русия бошад, аз эҳтимол дур нест, ки дар ин бора кордеҳони хусусӣ ва муассисаҳои давлатӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ ба тариқи шифоҳӣ огоҳонида шудаанд ва ё дастури махфӣ гирифтаанд.”
Намояндаи сафорати Тоҷикистон аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Маскавро ба он айбдор кард, ки дар роҳи вуруд ва сабти номи муҳоҷирони тоҷик як силсила мавонеъи тоза ба вуҷуд оварда, шаҳрдории Маскав ҳам ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши теъдоди муҳоҷирон ба атбоъи ғайр иҷора додани манзил дар пойтахти Русияро хеле мушкил кардааст.
Мушкили дигари дар пайи бӯҳрони молӣ пешомада барои мардикорони тоҷик дар Русия пардохти маоши онҳост.
Мусамиршоҳ Ғафуров мегӯяд, бӯҳрони молӣ барои корфармоён ва миёнаравҳо як баҳонаи дигаре шуд ва онҳо акнун бӯҳронро далел оварда, аз пардохтани маоши мардикорони беҳуқуқи хориҷӣ бештар саркашӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Ғафуров, бархе ширкатҳои корфармо маоши мардикорони тоҷикро дар тӯли моҳҳо ҳадафмандона пардохт намекунанд ва бо ин роҳ, мехоҳанд, ин нирӯи арзони кориро ғуломвор пойбанди ширкати худ гардонанд.
Оқои Ғафуров мегӯяд, 60 дарсади муҳоҷирони тоҷик дар Русия бидуни сабти расмии ном кору иқомат мекунанд ва маҳз ҳамин тоифа дар муқобили ситами корфармоён ва мақомоти интизомии Русия бештар осебпазиранд: “Кордеҳон дар баъзе ҳолот нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳамчун ба ғулом муносибат мекунанд ва маоши онҳоро барои он намедиҳанд, ки муҳоҷирон ихтиёри рафтан ба ҷойи дигарро надошта бошанд. Танҳо дар 2 моҳи охир ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав 70 бригадаи корӣ, ки беш аз 10 000 шаҳрванди Тоҷикистонро фаро мегиранд, муроҷиат карданд, ки маоши онҳоро ба маблағи умумии 250 миллион рубл пардохт накардаанд.Баҳонаи асосии онҳо бӯҳрони иқтисодист ва ҳатто агар ҳеҷ айби бӯҳрон набошад ҳам, баҳонаи бӯҳрон карда, пули мардумро намедиҳанд.”
Оқои Ғафуров афзуд, бо дахолати сафорат муяссар шуд, то тақрибан 150 миллион рубл, ё худ беш аз 4 миллион доллар, аз ин маблағро аз корфармоён бирӯёнанд.
Оморҳои дарёфтӣ шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русияро аз 400 000 то ҳудуди 1 миллион нафар дар сол баровард мекунанд. Рӯзии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби пуле ба даст меояд, ки муҳоҷирин аз хориҷ ва умдатан аз Русия ба ватан мефиристанд. Бонки ҷаҳонӣ саҳми муҳоҷиронро дар иқтисоди Тоҷикистон баробари 36 дарсади маҷмӯъи даромади нохолиси миллии ин кишвар баршумурда, Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо дар охирин гузоришаш бо номи “Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи нокомӣ” навишт, ба иллати бӯҳрони молӣ коҳиш ёфтани ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷирин ва ба сурати оммавӣ ба ватан баргашта, ба лашкари бузурги бекорон дар Тоҷикистон пайвастани онҳо метавонад барои давлати кунунии Тоҷикистон дар оянда дарди сари бузурге эҷод кунад.
Дар мулоқоти руъасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав, ки қарор аст, рӯзи сешанбе доир шавад, як мавзӯъи асосие, ки ҷониби Душанбе дар ин гуфтугӯ хоҳад бардошт, ҳатман вазъи муҳоҷирини тоҷик дар Русия хоҳад буд.
Оқои Ғафуров мегӯяд, ки онҳо натиҷаи арзёбии худ аз вазъи кунунии муҳоҷирони тоҷикро дар як номаи расмӣ ба раисиҷумҳури
Кордеҳон дар баъзе маворид нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ҳамчун ба ғулом муносибат мекунанд...