Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти Хатлон, дар пайи сардиҳои бесобиқаи ҳавои зимистон ва сар задани бӯҳрони энержӣ дар кишвар, бештар аз ҳама иқтисоди ҷануби Тоҷикистон зиён дидааст. Садҳо ҳазор сокини устони Хатлон бидуни гармӣ монда, ниёз ба ғизои бештар доранд ва дар интизори расидани кӯмакҳои ваъдашудаи ҷомеаи байналмилал ба сар мебаранд.
Дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон мегӯяд, хабаре оид ба расидани кадом як кӯмаки созмони байналмилалӣ ё кишвари хориҷӣ ба сокинони ин минтақа рӯйи даст надоранд, ҷуз ин ки ахиран аз сӯйи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар барои кӯҳансолони бесарпаноҳи Хатлон ёрии фаврӣ расидааст. Солеҳҷон Комилов, корманди дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, гуфт, ёрии расида танҳо аз маводди хӯрока ва кӯрпаҳо иборат буда, ин кӯмак ба 600 нафар аз барҷомондаҳо ва пиронсолони дастнигар нигаронида шудааст.
Ба қавли ҷомеашиносон, сармо ва бебарқиҳои имсола бахусус риштаи беҳдоштии кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлонро бисёр заъфпазир кардааст. Дар шабу рӯзҳои сармои қаҳратун баъзе бемористонҳои ин минтақа то як ҳафта бебарқ монда, биноан шумори мизоҷон бамаротиб кам, аммо маризиҳои мусрӣ хеле хуруҷ кардаанд. Холназар Ғиёсов, муовини сардори идораи беҳдошти Хатлон, гуфт, иддае аз бемористонҳои ин минтақа кӯмакҳо дарёфт карданд, аммо ин кӯмакҳо бас ҷузъӣ ва ночиз буданд. Вай афзуд, аз ҷониби барномаи Бонки ҷаҳонӣ 35 адад генератор ва ҳамчунин 3 адад нақлиёти санитарӣ барои ноҳияи Қабодиён ба унвони кӯмак ва ҳамчунин як миқдор маводди дорувор ҳам расидаанд.
Коршиносон мегӯянд, сокинони Хатлон дар ин рӯзҳои сарду бебарқӣ, аз камбуди баъзе анвоъи ғизо, аз ҷумла орду равған ва сабзиҷот, азият мекашанд ва нигаронанд, ки бо расидани фасли баҳор қимати маводди хӯрока боло меравад. Осиёбҳои маҳаллӣ бинобар адами барқ аз кор бозмондаву фалаҷ гаштаанд ва зимнан, эҳтимоли гароншавии қимати орди маҳаллӣ низ дар миён ҳаст.
Таҳлилгари масоили иҷтимоӣ Ҷамолиддин Сайфуддинов маҳз ғайриқобили истифода шудани осиёбҳоро аз мушкилоти аслии сокинони Хатлон дар ин мавсим хонда, гуфт, «мардуми маҳаллӣ бисёр азоб доранд аз ин ки осиёбҳо аз кор бозмондаанд, барқ нест ва гандуми захирашударо ҷое нест дигар, ки орд бикунанд. Ин мушкили аслии хатлониён, бахусус сокинони навоҳии дурдаст аст. Аммо он кӯмакҳое, ки мегӯянд, барои таъмини хонаводаҳои нодору мӯҳтоҷ бо барқ генераторҳо медиҳанд, дуруст нест. Сокинони маҳаллӣ ҳатто маблағи кофӣ барои корандозии ин генератоҳо надоранд, сӯзишворӣ гарон аст…»
Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон, аз 25 шаҳру ноҳия иборат буда ва шумори аҳолияш низ беш аз 2 миллион нафар арзёбӣ мешавад. Ҳоло сокинони Хатлон ҳудудан танҳо аз 1 то 10 соат дар як шабонарӯз барқ мебинанд, корхонаҳои саноатӣ ба иқтидори комил кор намекунанд, тавлидот кам, содирот тақрибан нест, воридот ва ҳам захираи маводди хӯрока коҳиш ёфтааст.
Сокинони ин минтақа роҳи раҳоӣ аз бӯҳронро дар кӯмакҳои башардӯстонаи ҷомеаи байналмилал мебинанд, кӯмакҳое, ки то ҳанӯз ба хатлониёни чашминтизор нарасидаанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё танҳо бо кӯмакҳои хориҷӣ метавон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон ноил шуд?