Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъруфтарин суханрониҳои сиёсии қарни 20


Роналд Рейган, раисиҷумҳури вақти ИМА, соли 1987 дар назди девори Берлин хитобан ба раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта буд: "Оқои Горбачёв, ин деворро хароб кунед!»
Роналд Рейган, раисиҷумҳури вақти ИМА, соли 1987 дар назди девори Берлин хитобан ба раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта буд: "Оқои Горбачёв, ин деворро хароб кунед!»

Рӯзномаи бритониёии «Дейли Телеграф» феҳрасти 25 суханронии маъруфтарини сиёсии як садсолаи гузаштаро нашр кардааст.

Ин феҳраст аз як ваъзи Уинстон Черчилл, сарвазири Бритониё, дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон шурӯъ шуда, бо як суханронии 4 сол пеши Барак Обама, номзади Ҳизби демокарти Амрико ба курсии раёсати он ҷумҳурӣ, поён меёбад. Вале ин 25 суханронӣ дар худ таърихи мухтасари як садаро гунҷонидааст ва роҳи дар асри гузашта тайкардаи ҷаҳонро дигарбора ба мову шумо менамояд.

«Дейли Телеграф» суханронии сарвазири вақти Бритониё Уинстон Черчилл соли 1940 дар маҷлиси аъёни порлумонро мондагортарин суханронии сиёсӣ дар сад соли охир дарёфтааст. Черчилл дар ин суханронӣ аз нерӯҳои ҳавоии кишвараш ситоиш мекард, ки бо маҳорат ва ҷасорати худ дар синаи душман ( манзур Олмони фашистӣ) тухми тарс мекоранд ва умед ба пирӯзӣ ба Олмонро дар қалби мардуми Бритониё ва соири ҷаҳон зинда мекунанд.

Ду суханронии баъдӣ дар ин феҳраст ба девори Берлин рабт мегирад, ки ҳукумати коммунистии Олмони шарқӣ соли 1961 байни пойтахти худ ва Берлини Ғарбӣ бардошта буд. Ҷон Кеннеди, раисиҷумҳури вақти Амрико, ки соли 1963, ҳамагӣ 2 сол баъд аз эъмори ин девор, дар Берлин сухан меронд, гуфтааст, “озодӣ мушкилоти фаровоне дорад ва демократия ҳам чизе хеле олӣ нест. Вале мо ҳеҷ гоҳ мардуми худро дар чордевор банд намекунем”.

Ва Роналд Рейган, раисиҷумҳури Амрико, дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта, ки моҳи июни соли 1987 дар рӯбарӯи дарвозаи Бранденбурги Берлин истода, ба раҳбари вақти шӯравӣ Михаил Горбачёв муроҷиъат мекард: «Оқои Горбачёв! Агар дар пайи сулҳед, агар дар пайи шукуфоии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои шарқиед, агар озодӣ меҷӯед, пеши ин дарвоза биёед! Оқои Горбачёв, ин дарвозаро боз кунед! Оқои Горбачёв, ин деворро хароб кунед!»

Ҳамагӣ 2 сол пас аз ин даъвати Роналд Рейган, дар моҳи ноябри соли 1989 девори Берлин, ин рамзи ангуштнамои ҷаҳони коммунистӣ фурӯ рафт ва ҷаҳони коммунизмро низ аз паси худ ба нестӣ бурд. Дар феҳрасти суханрониҳои муҳими сиёсии сад соли ахир ҳатто як табрикоти солинавии Васлав Ҳавел низ истодааст.

Ин табрикоти мардум ба муносибати фарорасии соли 1990 буд. Нахустин соли наве, ки мардуми чеху словак ва ҳамин тавр, боқӣ кишварҳои Аврупои Шарқӣ баъд аз раҳоӣ аз юғи коммунизм истиқбол мекарданд. “Дейли Телеграф” дар ин пажӯҳиш танҳо аз 2 суханронии сиёсатмадорони шӯравии собиқ ёд овардааст.

Михаил Горбачев, раҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта буд: "Нерӯ дигар набояд валисаи пиёдасозии сиёсати хориҷӣ бошад"

Яке аз Михаил Горбачёв, раҳбари шӯравӣ дар солҳои бозсозист, ки дар поёни соли 1988 вақте барномаи хуруҷи тонкҳои шӯравӣ аз 3 кишвари коммунистии Аврупои шарқӣ ва то ним миллион нафар кам кардани шумори нирӯҳои Артиши Шӯравиро эълон мекард, гуфта буд, ки “нерӯ ва таҳдиди истифода аз нерӯ наметавонад ва набояд дигар аҳром ва василаи пиёда кардани сиёсати хориҷӣ бошад”.

Дигар раҳбари ёдшудаи шӯравӣ дар “Дейли Телеграф Никита Хрушёв аст, ки соли 1956, вақте дар анҷумани бистуми Ҳизби коммунист парда аз рӯи зулму истибдоди даврони Сталин мебардошт, пешгузаштааш дар чавкии раҳбарии Иттиҳоди Шӯравиро чунин тасвир мекард: “Нозу нуз, ҳассосият ва ваҳшонияти Сталин, ба хусус бадгумонии ӯ бештару бештар мешуд. Васвасаи таъқиб дар зеҳни ӯ вусъати боварнокардание пайдо карда буд”.

Ба эътиқоди “Дефли Телеграф” паёми озодӣ аз муҳимтарин паёмҳои сиёсии як қарни ахир будааст. Ҷавоҳирлаъл Нерӯ, нахустин сарвазири Ҳиндустон, рӯзи 14 августи соли 1947 аз зери бори истеъмори Бритониё раҳо шудани ватанашро чунин тавсиф кардааст: “Дар ин дили шаб, ки ҷаҳон ҳанӯз хоб аст, Ҳиндустон барои зиндагӣ ва барои озодӣ бедор мешавад”

Нелсон Мандела, нахустин раҳбари сиёҳпӯсти Африқои ҷанубӣ, ки то расидан ба пирӯзӣ бар режими нажодпарастии ҳоким дар кишвараш роҳи тӯлонӣ ва пурпечутоби муборизаро тай карда ва аз ҷумла 27 солро дар кунҷи зиндон ба сар бурдааст, соли 1964, вақте ба додгоҳ эҳзораш карданд, ҳадафи муборизаи худро чунин тавсиф мекард: “Ман алайҳи султаи сафедпӯстонам ва ҳамин тавр – зидди султаи сиёҳпӯстон. Ормони ман ҷомеъаи демокративу озод аст. Ин ормонест, ки ман ба хотири ба он расидан зиндагӣ мекунам. Аммо агар лозим шуд, ман омодаам ҷони худро дар роҳи расидан ба ин ормон фидо кунам”.

Нелсон Мандела соли 1994, вақте умри режими аппартеид дар Африқои ҷанубӣ поён омад ва ӯ акнун савганди раёсатҷумҳурӣ ёд мекард, гуфт ки “Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ гоҳ набояд табъизи касе аз сӯи каси дигарро дар ин сарзамини зебо дубора роҳ дод.” “Дейли Телеграф” ҳамин суханонро дар ҷумлаи паёмҳои мондагори сиёсии як садаи охир овардааст.

Нутқи Барак Обама низ ба феҳрасти маъруфтарин суханрониҳои сиёсии қарн ворид шудааст

Дигар пайёми мондагори сиёсиро “Дейли Телеграф” аз Мартин Лютер Кинг меорад: “Ман орзуе дорам… ки рӯзе 4 фарзанди хурди ман дар кишваре ба сар хоҳанд бурд, ки онҳоро танҳо ба далели ранги пӯсташон маҳкум намекунад. Ман имрӯз ҳамин орзуро дорам”. Мартин Лютер Кинг, ин шаҳиди роҳи мубориза алайҳи табъизи нажодӣ дар Амрико, ин ҳарфҳоро соли 1963 ба забон овард. Ва ҳамагӣ 45 сол баъди ин суханронӣ мебинем, ки Амрико раисиҷумҳури ояндаи худро аз байни ду нафаре интихоб мекунад, ки якеаш – Барак Обама – африқоитабор аст.

Зимнан, “Дейли Телеграф” дар феҳрасти маъвизаҳои мондагори сиёсии сад соли гузашта аз суханрониҳои асри 21 танҳо 2 нафарро иқтибос кардааст, ки яке суханронии Барак Обама дар 4 соли пеш аст ва дуввумӣ аз раисиҷумҳури кунунии Амрико Ҷорҷ Буш аз таърихи 20 сентбяри соли 2001.

Ҷорҷ Буш, ки ҳамагӣ 9 рӯз баъд аз ҳамлаҳои пурқурбонии террористӣ алайҳи шаҳрҳои Амрико сухан меронд, зимни эълони маъракаи ҷаҳонии мубориза зидди террор аз ҷумла гуфт, “Амрико кишварест, ки хатар бедораш карда ва барои дифоъ аз озодӣ даъваташ кардааст”.

XS
SM
MD
LG