Рӯзномаи "Вошингтон Пост", чопи Амрико, ба нақл аз коршиносон навиштааст, аз моҳи октябри соли 2007 то ҳол нархи маводи ғизоӣ 41 дарсад боло рафтааст. Чунин болоравии босуръати нарх табақаеро, ки зери хати фақр ба сар мебарад, ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ кардааст.
Созмони ғизо ва кишоварзии СММ дар робита бо болоравии нархи маводи ғизоӣ 36 кишвари ҷаҳонро дар вазъи буҳронӣ дарёфтааст, ки 21-тои он кишварҳои африқоӣ мебошанд. Барномаи СММ эълон намудааст, ки бар иловаи маблағҳои пешбинишудаи кумак ба кишварҳои ниёзманд 500 милён доллари дигар зарур аст.
Рӯзномаи "Вошингтон Пост" менависад, Амрико барои буҷаи соли 2008-и худ як миллиарду 200 миллион доллар маблағи изофӣ ба тасвиб расонд ва президент Ҷорҷ Буш ҳамчунин хостори тахсиси 350 миллион доллари дигар шуд, то ба кишварҳои гирифтори буҳрони ғизоӣ кумак ироъа шавад.
Сенатор Роберт Кейсӣ ва шаш сенатори дигар аз Ҳизби Демократ мегуянд, президент Буш бояд ин маблағҳои дархостиро барои кумаҳои ғизоӣ ба тасвиб расонад. Аммо рӯзномаи "Вошигтон Пост" менависад, тасвиби ин маблағҳои дархостӣ ҳали масъала барои кутоҳмуддат аст, зеро нархи маводи ғизоӣ муваққатан боло нарафтааст, балки имкони боқӣ мондани нархҳо дар ҳамин сатҳ вуҷуд дорад.
Коршиносон мегуянд, Амрико бо назардошти чунин вазъ бояд сиёсати молии худро танзим кунад. Конгресс низ бидуни таъхир бояд маблағҳои дархостии кунуниро ба тасвиб расонад. Дар як гузорише, ки моҳи апрели соли 2007 ба нашр расид, нишон дода шуда буд, ки 65 дарсади чунин маблағҳои имдодӣ барои ҳамлу нақл ва соири махориҷи марбут ба он ба масраф мерасад.
Суоле пеш меояд, ки чаро ин мушкил вуҷуд дорад? Сабаб ин аст, ки тибқи қонуни Амрико ин маводи имдодӣ бояд аз ширкатҳои Амрикоӣ ё аз тавлидкунандагони Амрикоӣ харидорӣ шаванд. Бо назардошти ин душворӣ, президент Буш аз Конгресс дархост кард, ки 25 дарсади маводи имдодӣ бо пули нақд аз ширкатҳои наздик ба кишварҳои ниёзманди кумак харидорӣ шавад. Ин корро Конодо ва баъзе кишварҳои аврупоӣ анҷом медиҳанд ва натиҷаи хуб ҳам додааст.
Вале аъзои Конгреси Амрико ин дархости Бушро рад кардаанд. Ба навиштаи рӯзномаи "Вошингтон Пост", баррасии ин масъалаҳо дар Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико ба поён нарасидааст.