Созмони Милал ҳодисаи ахири қатл ва сӯзондани як зан дар шаҳри Кобул аз сӯи мардонро маҳкум кардааст. Ин зани 27-сола ба номи Фархунда рӯзи панҷшанбе ба иттиҳоми оташ задани нусхае аз "Қуръон" дар наздикии масҷиди "Шоҳи душамшера" кушта шуд.
Раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам гуфта, ки таҳқиқ дар мавриди ҳодисаи қатли Фархунда идома дорад. Вай афзудааст, ин мавзӯъро дар ҷаласаи Шӯрои амният низ мавриди баҳс қарор додаанд.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз фаъолони зан дар Афғонистон қатл ва сипас сӯзондани ҷасади як зан тавассути мардонро дар Коубл маҳкум карданд. Онҳо бо интиқод аз амалкарди пулис гуфтанд, ин кор дар муқобили маъмурони интзомӣ анҷом шуда, аммо онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи мардони хашмгин бар як зан ҳеч коре накардаанд.
Тӯдае аз мардум дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон, як занро, ки гуфта мешавад нусхае аз Қуръони маҷид - китоби муқаддаси мусалмононро сӯзондааст, кушта ва ҷасадашро дар соҳили дарё оташ задаанд. Пулиси Кобул ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе дар наздикии масҷиди "Шоҳи Душамшера" рух дода, то кунун 9 нафар ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд.
Яке аз шоҳидон дар мавриди ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман як ронанда ҳастам. Дар қисмати Шоҳи Душамшера (яке аз маҳаллаҳои Кобул) будем, доду фарёд бархост. Дидем, ки як хонуми 28-30-сола Қуръони покро оташ зад. Мардум ба ӯ ҳуҷум карданд ва пулис бисёр талош кард, аммо ҷилави онҳоро гирифта натавонист."
Генерал Фарид Афзалӣ, масъули умури ҷиноии фармондеҳии амнияти Кобул ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, вақте тӯдаи мардуми хашмгин ин занро латту кӯб карда куштанд, ҷасади ӯро ба дарё андохтаанд. Ӯ гуфт, пулис талош кард, то пеши роҳи ин мардумро бигирад, аммо натавонист.
Бино бар гузоришҳо, ин зани 27-сола Фархунда ном дошта, наздиконаш мегӯянд, аз чанд сол ба ин сӯ аз бемори равонӣ ранҷ мебурд. Баъд аз воқеа хонаводаи Фархунда ба маҳалли амн кӯчонда шудааст.
Аксҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, нишон медиҳад, мардуми хашмгин, ки аксарияти онҳо ҷавонон буданд, ин занро пайиҳам латту кӯб мекунанд. Дар ҳоле ки ин зан талош мекард аз зери пои мардум раҳо шуда ва фирор намояд, тӯдаи хашмгин бо санг ва чӯб ба вай ҳамла менамуданд, то ин ки ӯ аз по афтод.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, пулис ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва хабари қатли зан ба ҷаласаи Шӯрои амнияти Афғонистон расида, дар он ҷо низ баррасӣ шудааст.