Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як минтақаи муҳим дар шимоли Афғонистон ба дасти Толибон афтод


Як минтақаи муҳим дар шимоли Афғонистон ба дасти ҷангиёни гурӯҳи Толибон афтодааст. Мақомоти вилояти Бағлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вулусволӣ ваё ноҳияи Толо ва Барфаки ин вилоят рӯзи чаҳоршанбеи 1 март ба тасарруфи Толибон даромадааст.

Ба гуфтаи Фирӯзиддин Аймой, узви Шӯрои вилоятии Бағлон, Толибон дар ин ҳамла ба маркази ин минтақа се сарбози афғонро куштанд ва сездаҳ тани дигарро ба асорат бурданд. Ин минтақа дар ҷануб-ғарби маркази Бағлон воқеъ буда ва бо вилоятҳои Самангон, Бомиён ва Парвон ҳамсоя аст ва бинобар ҳамин, аз аҳамияти стратегӣ бархӯрдор мебошанд. Мақомоти амниятии афғон то ба ҳол дар бораи суқути ин вулусволӣ сӯҳбат накардаанд.

Вилояти Бағлон тайи солҳои ахир шоҳиди даргириҳои зиёде миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон будааст.

Дар ҳамин ҳол бахши форсии радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ аз қавли Файзмуҳаммад Амирӣ, раиси ноҳияи Толо ва Барфак навишт, ки бинобар баста будани роҳҳо, нерӯҳои амниятӣ ба камбуди кӯмакҳо рӯбарӯ шуданд ва ин минтақа ба таври муваққатӣ ба дасти Толибон афтодааст. Вай гуфтааст, ки Толибон аз минтақҳои наздик кӯмакҳо дарёфт кардаанд.

Бағлон бо вилоятҳои Кундуз, Бомиён, Самангон Парвон, Балх ва Тахор марзи муштарак дорад ва дар солҳои ахир шоҳиди даргириҳои зиёде миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон будааст. Гурӯҳи Толибон аз ин қабл низ чандин вулусволӣ ва ё ноҳияҳоро дар ин вилоят тасарруф карда буданд.

Аз ҷумла соли гузашта дар ин вилоят вулусволии Даҳанаи Ғурӣ ба дасти Толибон афтода буд. Бар асари таркиш ва тахриби яке аз пояҳои барқи воридотӣ ба Афғонистон аз Узбакистон ва Тоҷикистон аз сӯи Толибон дар ин минтақа, шаҳри Кобул - пойтахти он кишвар барои чанд ҳафт бебарқ монд.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Бадахшон ва вилоятҳои наздики он Тахор ва Қундуз солҳои ахир ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст. Мақомоти амниятии тоҷик қаблан гуфта буданд, раванди бармалои таҷаммӯи гурӯҳҳои созмонҳои террористӣ дар вилоятҳои шимоли ҳаммарз бо ИДМ-и Афғонистон, мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG